МУЖДА АЗ НОҲИЯИ ДӮСТӢ
Пахтакорони ноҳияи Дӯстӣ аз ҳар соати рӯзҳои офтобӣ пурмаҳсул истифода бурда, дар иҷрои нақшаи солонаи ҷамъоварии «тиллои сафед» муваффақ шуданд. Онҳо аз оғози сол уҳдадорӣ гирифта буданд, ки аз 7790 гектар майдон 17300 тонна ашёи хоми гаронбаҳои саноатӣ ҷамъоварӣ намоянд. То 6-уми октябр 18 ҳазор тонна ҳосил ғундошта шуд, ки ин баробари 104 дарсади нақшаи ноҳия аст. Дар ин бора сардори раёсати кишоварзӣ Шамсиддин Эшбеков ба “Ҷумҳурият” иттилоъ дода, ҳамчунин, илова намуд:
– Деҳқонони ноҳия аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта мужда расонданд. Хоса деҳоти Нури Вахш, Деҳқонобод ва Ҷиликӯл дурнамои солонаашонро аз 106 то 120 дарсад сомон дода, айни ҳол кӯшиш доранд, ки баҳри иҷрои нақшаи пахтаи вилояти Хатлон ва ҳам ҷумҳурӣ саҳми бештар гузоранд.
Воқеан, дар ноҳияи Дӯстӣ нақшаи нуҳмоҳаи истеҳсол ва фурӯши меваю сабзавот, ангур, тарбузу харбуза ва дигар анвои меваҷот, ширу гӯшт, тухм низ иҷро шудааст. Дурнамои кишти такрорӣ ҳам, ки заминагузорӣ барои ҳосили фаровони оянда аст, 101,6 дарсад ба анҷом расид.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 06.10.2025 №: 194-195