“ҲАҚИҚАТИ СУҒД”. АЗ САДОҚАТИ УСТОД АЙНӢ БА РӮЗНОМА
Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, яке аз чеҳраҳои мондагори адабиёти тоҷик, аз оғози фаъолияти хеш ба рӯзнома ва рӯзноманигорӣ эҳтиром ва эътиқоди вижа дошт. Алалхусус, дар солҳои аввали шаклгирии матбуоти тоҷик зикр менамояд: “Вазифае бузурге, ки ба гардани ходимони матбуот ва нашриёти тоҷик аз тарафи меҳнаткашони тоҷик бор шудааст, аз ҷиҳати забон наздик кардани матбуот аст ба оммаи мардуми тоҷик”.
Ҳамкории Садриддин Айнӣ бо рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” аз ибтидои солҳои 30-юми асри ХХ оғоз гашта, дар солҳои гуногун идома ёфтааст.
Омӯзиши мо мушаххас сохт, ки аввалин хабару мақолот роҷеъ ба Айнӣ ва навиштаҳое, ки ба қалами ӯ тааллуқ доранд, дар шумораҳои солҳои 1934-1935 ба чашм мерасанд. Ҷолиб аст, ки рӯзнома бахшида ба 30-солагии фаъолияти Садриддин Айнӣ саҳифаи махсус омода сохтааст. Дар шумораи №152 (652) аз 26-уми ноябри соли 1935 рӯзномаи «Болшевики Хуҷанд» (айни ҳол “Ҳақиқати Суғд”) бахшида ба ҷашни 30-солагии фаъолияти эҷодии Садриддин Айнӣ акси Садриддин Айниро бо шеъри «Тарона»-и устод чоп намуда, инчунин, аз баргузории тантана хабар нашр кардааст. Порчае аз боби 13-уми романи «Дохунда» бо номи «Аҷина асар кардааст» низ дар ҳамин саҳифа дарҷ гашта. Дар хабари маҳфил омада, ки Раҳим Ҷалил дар он маърузаи пурмуҳтаво хондааст.
Соли 1936 бахши адабии рӯзномаи «Бо роҳи ленинӣ» хеле фаъол буда, дар шумори адибону нависандагони ҷумҳурӣ, шеъру ҳикояҳо ва мақолаҳои ҷолиби Садриддин Айниро низ мунтазам нашр мекард. Чунончи саҳифаи аввали шумораи 192 (864) рӯзномаи «Бо роҳи ленинӣ», ки санаи 22-юми сентябри соли 1936 нашр шудааст, ба зиндагӣ ва осори Садриддин Айнӣ бахшида мешавад. Ин шумора бо шиори «Шараф ва ҳурмат ба нависандаи бузург С. Айнӣ» нашр гардида, ташрифи Садриддин Айнӣ ба Хуҷандро инъикос мекунад.
Дар шумораи 195 (867)-уми “Бо роҳи ленинӣ” (айни ҳол “Ҳақиқати Суғд”) аз 27-уми сентябри соли 1936 бошад, маводи «Рафиқ Айнӣ дар колхози Айнӣ»-ро мутолаа кардан мумкин аст.
Очерки Садриддин Айнӣ «Тирози ҷаҳон» дар шумораҳои 252 (924) аз 22-юми декабри соли 1936, 253 (925) аз 23-юми декабри соли 1936, 257 (929) аз 29-уми декабр нашр шуда, онро устод Айнӣ баъд аз сафари Хуҷанд иншо намудааст ва бисёр очерки хонданӣ ва дорои аҳамияти таърихӣ мебошад.
Дар соли 1940 низ робитаи Садриддин Айнӣ бо рӯзнома бештар гашта, мақолаи муфассалеро роҷеъ ба ҳаёт ва эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ таҳти унвони «Камоли Хуҷандӣ” навиштааст, ки он соли 1940 дар шумораҳои 30, аз 5-уми июл ва 31 аз 8-уми июли рӯзномаи “Стахановчӣ ” (айни ҳол “Ҳақиқати Суғд”) нашр шуд. Мақолаи “Канали Марғедар”, ки дар шумораҳои 124, 125, 126, 127-уми рӯзномаи “Стахановчӣ” соли 1940 нашр шуд, аз мақолаи бисёр хуби устод Садриддин Айнӣ буда, дар ташвиқу тарғиби ҳаёти иҷтимоии давр хидмати мондагор намуда, ба сифати манбаи хуби таърихӣ низ муаррифӣ мешавад.
Мақолаи Садриддин Айнӣ «Чингизи асри ХХ» ҳам, ки яке аз муҳимтарин мақолаи ватанхоҳонаи устод дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шумор меравад, дар рӯзномаи «Стахановчӣ», шумораи №195(343) аз 15-уми августи соли 1941 нашр шудааст.
Бахшида ба 70-солагии зодрӯзи нависандаи маҳбуб Садриддин Айнӣ рӯзнома маводи Никита Аликсев “Садриддин Айнӣ”-ро нашр карда, ӯро ба муносибати сарфароз гаштанаш ба мукофоти олӣ - Ордени Ленин муборакбод намудааст.
То ба имрӯз идома ёфтани нашри мунтазами мақолаҳо роҷеъ ба зиндагиву эҷодиёт ва саҳми Садриддин Айнӣ дар рушди адабиёти муосири тоҷик дар саҳифаҳои рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” низ аз ин муҳаббат ва садоқати ворисон сарчашма гирифта, рӯзнома тарғибу ташвиқ ва муаррифии ҳарчи бештари ранҷҳои Садриддин Айниро ба насли ҷавон аз вазифаҳои муқаддаси хеш меҳисобад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 08.10.2025 №: 196