ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Президенти Маҷористон ба нақши муҳими Федератсияи Россия дар равандҳои ҷаҳонӣ ишора кард

Президенти Маҷористон ба нақши муҳими Федератсияи Россия дар равандҳои ҷаҳонӣ ишора кард

01 феврал 2023, Чоршанбе
29
0


Известия. Президенти Маҷористон Каталин Новак зимни суҳбат бо рӯзномаи “Corriere della Sera” изҳор дошт, ки Россия дар бисёре аз равандҳои ҷаҳонӣ нақши муҳим дорад ва Будапешт то ҳол ҷонибдори поёни низоъ ва истиқрори сулҳ дар Украина аст. 
«Россия як кишвари азимест, ки аз мо ҳазор километр дур ҷойгир буда, нақши таърихан муайяншуда, фарҳанги ғанӣ дорад, ки аз бисёр ҷиҳатҳо аз кишвари мо фарқ мекунад. Иқтисодиёти Россия яке аз пурқувваттаринҳо дар ҷаҳон аст. Мо, маҷориҳо, халқи русро эҳтиром мекунем. Россия буд, ҳаст ва хоҳад буд. Муносибатҳои байни ду кишвар, мисли миёни Аврупову Россия ё Украинаву Россия вуҷуд дошт, ҳаст ва хоҳад монд”, – гуфт ӯ.
Новак иқрор шуд, ки интиқоли маводи сӯзишворӣ аз Россия дар  айни ҳол 80 дарсади эҳтиёҷоти ин кишвар ба газ ва 55 дарсади ниёзи онро ба нафт таъмин менамояд.


Суҳбати телефонии Путин бо Абдулмаҷид Теббун
ТАСС.  Дафтари матбуоти Кремл хабар медиҳад, ки Президенти Россия Владимир Путин бо ҳамтои алҷазоириаш Абдулмаҷид Теббун гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. 
Сарварони ду кишвар баён доштанд, ки ҳамкориҳои Россия ва Алҷазоир бар пояи анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила бемайлон инкишоф меёбанд.
«Ҳамчунин, омодагӣ ба кори муштараки минбаъда дар бозорҳои энергетикии ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар чорчӯбаи ОПЕК+ ва дар доираи Форуми кишварҳои содиркунандаи газ, тасдиқ карда шуд», – омадааст дар изҳороти муштараки ҷонибҳо.  
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки  дар сатҳҳои гуногун алоқаҳои фаъолона барқарор намоянд ва тайёр кардани ҳуҷҷатҳои муҳимро тезонанд.


The Independent: “Хушксолӣ дар Аврупо фалокати ҷиддиеро ба вуҷуд оварда метавонад”
Радио Sputnik. Нашрияи бритониёии "The Independent" менависад, ки Аврупо бар асари хушксолии солҳои ахир, ки боиси коҳишёбии обҳои зеризаминӣ мешавад, дар остонаи як фалокати ҷиддӣ қарор дорад.
Тадқиқоти наве, ки дар маҷаллаи илмии “Geophysical Research Letters” нашр шудааст, нишон медиҳад, ки хушксолии шадид ба муҳити зисти ҳайвонот ва соҳаи кишоварзӣ зарар расонда, боиси норасоии шадиди неруи барқ мегардад.
"Хушк шудани маҷрои дарёҳо ва тадриҷан аз байн рафтани обҳои ғайриравон (оби ҳавзу кӯл) ҳам ба табиат ва ҳам ба одамон таъсири манфии зиёде расондааст. Бисёре аз намудҳои ҳайвоноти обӣ макони зисти худро аз даст додаанд ва хушк шудани хок мушкилоти зиёдеро барои кишоварзон ба вуҷуд овардааст. Ғайр аз ин, ба далели хушксолӣ  дар Аврупо камбуди неруи барқ ба вуҷуд омадааст", – гуфта мешавад дар матлаб.

Санаи нашр: 2023-02-01 №: 27
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив