БОЗИҲОИ МАҶМУӢ
III Бозиҳои ИДМ дар Озарбойҷон ҷамъбаст гардид
Шоми 8-уми октябр дар варзишгоҳи Ганҷаи Озарбойҷон маросими пӯшидашавии III Бозиҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд.
Муовини Сарвазири Озарбойҷон, раиси Кумитаи тадорукоти Бозиҳо Самир Шарифов зимни суханронӣ зикр намуд, ки варзишгарони 8 кишвари узви ИДМ ва 5 давлати меҳмон дар 23 намуди варзиш маҳорат ва устуворӣ нишон доданд.
“Онҳо барои 235 маҷмуи медалҳо дар мусобиқаҳои инфиродӣ ва даставӣ талош карданд ва ба миллионҳо дӯстдори варзиш эҳсосоти фаромӯшнашуданӣ ва ҳисси ифтихор бахшиданд. Мо ба ҳамаи варзишгарон барои ин ва барои иштирокашон дар Бозиҳо изҳори сипос мекунем. Худфидоӣ ва хастагинопазирии варзишгарон моро ҳавасманд месозад, ки барои ояндаи дурахшони онҳо шароит фароҳам оварем”, – гуфт С. Шарифов.
Сипас, парчами ИДМ фуроварда шуд, ки ба кумитаи иҷроияи ИДМ, барои муаррифии шаҳри минбаъдаи мизбон, супурда мешавад.
Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо 145 варзишгар аз рӯйи 18 намуди варзиш намояндагӣ карда, дар 6 намуди варзиш 22 медал, аз ҷумла 1 тилло, ба даст оварданд. Ин беҳтарин натиҷаи варзишгарони мо дар се даври Бозиҳои ИДМ аст. Ду сол пеш дар Минск (Беларус) варзишгарони мо 13 медал (1 тилло, 3 нуқра, 9 биринҷӣ) ва соли 2021 дар Қазон (Тотористони Россия) 14 медал (7 нуқра, 7 биринҷӣ) гирифта буданд.
МУҲОРИБАҲОИ ОМЕХТА
Тими Тоҷикистон дар ҷаҳон пешсаф аст
Тими муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон (TAJMMAF) дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон ва калонсолон бо 14 медал, аз ҷумла 5 медали тилло, дар ҳисоби медалҳо дуюм шуд.
Чемпионат дар пойтахти Гурҷистон – шаҳри Тбилиси доир гашт.
Дар ҳайати Тоҷикистон медалҳои тиллоро Фарҳоди Давлаталӣ (52,2 кг), Сайалӣ Камолов (56,7 кг), Иброҳим Раҳимзода (70,3 кг), Нозимҷон Узоқов (+97 кг) миёни ҷавонон, Исрофил Комилзода (56,7 кг) миёни калонсолон ба даст оварданд.
3 медали нуқраро Анушервон Маҳмудов (61,2 кг) миёни ҷавонон, Аминҷон Сайвалиев (52,2 кг), Парвизшоҳ Қурбоналиев (70,3 кг) миёни калонсолон ва 6 медали биринҷиро Ислом Саидов (56,7 кг), Одилҷон Сатторов (61,2 кг), Шаҳзод Одилзода (65,8 кг), Назар Леонтев (83,9 кг) миёни ҷавонон, Сафармахсум Сафаров (74,8) ва Абдулло Абдуллоев (88,4 кг) миёни калонсолон сазовор гаштанд.
Дар ҳисоби медалҳо миёни ҷавонон Тоҷикистон ҷойи аввал ва дар ҳисоби умумӣ (ҷавонон ва калонсолон) пас аз Украина дар зинаи дуюм мавқеъ гирифт.
ҶУДО
Паҳлавонон ба Қазоқистон мераванд
11-12-уми октябр шаҳри Актауи Қазоқистон Ҷоми ҷудои Осиёро мизбонӣ мекунад.
Дар мусобиқа 251 варзишгар (159 мард, 92 зан) аз 10 давлат ширкат хоҳанд кард. Аз ҷумла, 10 паҳлавони тоҷик ба Қазоқистон сафарбар мегардад: Акбаралӣ Кенҷаев, Рамзиддин Азизов (-60 кг), Умар Шеров (-66 кг), Фазлиддин Садриддинзода, Сунатулло Саидзода (-73 кг), Бахтиёр Бозоров, Ҷаҳонгир Юсуфов (-81 кг), Абдулаҳад Маҷидов (-90 кг), Акмал Муродов, Муҳсин Малаев (-100 кг).
Ба варзишгарон барои иштирок дар мусобиқа холҳои рейтингӣ дода мешавад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
