МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН ҚОСИМ-ЖОМАРТ ТОКАЕВ
9-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Русия» ва ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: “Қазоқистон аз шарикони муҳими Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва мо алоқаманди рушди шарикии стратегию ҳампаймонии давлатҳоямон мебошем”.
Аҳамияти Шартномаи ҳампаймонӣ, ки имкониятҳои нави рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориро миёни ду давлат фароҳам меорад, таъкид гардид.
Гуфта шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2025 ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ба 670 миллион сомонӣ расид, ки ин нишондиҳанда пешсафии Қазоқистонро дар миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон собит менамояд.
Барои боз ҳам беҳтар гардондани нишондиҳандаҳои тиҷорати дуҷониба, зиёд намудани номгӯи маҳсулоти содиротию воридотӣ ва фаъолгардонии бештари кори Комиссияи байниҳукуматӣ зарур шумурда шуд.
Ба масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, сармоягузорӣ, технологияҳои нав, аз ҷумла дар самтҳои “сабз” таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Масоили рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои башарӣ, аз ҷумла маориф ва фарҳанг, ҳам аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, доир ба масоили ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор карданд.
МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН САДИР ЖАПАРОВ
9-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Русия» ва ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров мулоқот карданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “Ба шарофати саъю кӯшиши муштарак ва фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, мо тавонистем тамоми масъалаҳои мавҷударо дар муносибатҳои дуҷониба ҳал намоем”.
Амалисозии тавофуқоти қаблан бадастомада зарур шумурда шуд.
Ба истифодаи самараноки имконоти Шурои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ ва Шурои байниҳукуматӣ оид ба татбиқи иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Гуфта шуд, ки «мо бояд доираи муносибатҳои фарҳангӣ ва гуманитариро васеъ созем».
Ҳамкории наздики кишварҳо дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва дастгирии ташаббусҳои якдигар дар арсаи байналмилалӣ таъкид гашт.
Ҳамчунин, атрофи таҳкими ҳамкорӣ доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, вокуниш ба таҳдиду хатарҳо гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН СЕРДАР БЕРДИМУҲАМЕДОВ
9-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Русия» ва ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва рӯзномаи минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо Туркманистон аҳамияти хоса медиҳад.
Ҷонибҳо омодагии худро ба рушди ҳамкории барои ҷонибҳо судманд дар соҳаҳои энергетика, саноат ва кишоварзӣ, аз ҷумла самтҳои нави “сабз”, баён карданд.
Ҳамзамон, мусоҳибон таъсиси корхонаҳои муштарак ва зиёд кардани содироти маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзиро зарур донистанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкории нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ зоҳир гардид.
Густариши равобити фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла баргузории рӯзҳои фарҳанг ва дигар чорабиниҳои муштарак, муҳим арзёбӣ шуд.
МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ
9-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Русия» ва ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев вохӯрданд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки вохӯриҳои мунтазам дар сатҳи олӣ имкон медиҳанд, то масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ шуда, мавқеи ҷонибҳо оид ба самтҳои калидӣ ҳамоҳанг гарданд.
Сарварони давлатҳо ба рушди устувори муносибатҳои ду кишвар баҳои баланд дода, ба баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори омодагӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ яке аз самтҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба ба ҳисоб меравад.
Фаъолияти самарабахши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки ҷаласаи навбатии он дар шаҳри Хиваи Ӯзбекистон баргузор шуд, бо қаноатмандӣ таъкид гардид.
Барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, аз ҷумла “сабз”, ибрози омодагӣ шуд.
Ҷонибҳо аз рушди мусбати робитаҳои байниминтақавӣ ва ҷоннок гардидани робитаҳои миёни минтақаҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ба масъалаҳои ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Мусоҳибон зарурати идома додани табодули илмию фарҳангиро таъкид сохтанд.
Дар анҷоми мулоқот сарварони ду давлат, ҳамчунин, ҳамкории судманди Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ таъкид намуданд.
Изҳори бовар шуд, ки иқдомҳои муштараки амалишаванда, ба нафъи мардуми ду давлати бародар хизмат менамоянд.
ҲАМОИШИ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ – РУСИЯ»
9-уми октябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Русия» баргузор шуд.
Дар макони чорабинӣ – Кохи ҳамоишҳо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварони давлатҳои иштирокдори ҳамоишро як-як гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Барои иштирок дар ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов ба ҳам омаданд.
Қабл аз оғози ҳамоиш маросими аксбардории хотиравӣ доир шуд.
Сипас, дар толори бошукӯҳи Саразм ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ – Русия» таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорон – меҳмонони воломақомро самимона ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои ҳамоиш ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории судманди бисёрҷониба дар қолаби Осиёи Марказӣ – Русия мусоидат менамояд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки рӯзномаи нишаст масоили муҳими ҳамкории минтақавиро дар бар мегирад.
Густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, мусоидат ба афзоиши сармоягузорӣ, рушди ҳамкории гуманитарӣ ва таҳкими амнияти минтақавӣ, аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок номида шуд.
Изҳори итминон гардид, ки қарорҳои аз рӯйи натиҷаҳои муҳокима қабулшаванда, ба таҳкими руҳияи ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни кишварҳои иштирокдори қолаби Осиёи Марказӣ – Русия замина мегузорад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки иштироки фаъоли сарварони давлатҳо ва ниҳодҳои дахлдори онҳо ҳадафмандии ҷонибҳоро ба рушди муколама ва таҳкими ҳамкории стратегӣ миёни кишварҳои минтақа ва Федератсияи Русия нишон медиҳад.
Дар идома ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, инчунин, ба саъю кӯшишҳои муштарак баҳри таъмини субот ва амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.
Дар идомаи ҳамоиш сарварони ҳамаи давлатҳои иштирокдор сухан ронда, доир ба мавзуъҳои мубрам изҳори андеша карданд.
Дар фарҷом ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Русия»-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст карда, ба иштирокдорони он барои кори созандаву судманд изҳори сипос намуданд.
Аз рӯйи натиҷаи ҳамоиш Эъломияи ҷамъбастии ҳамоиши Осиёи Марказӣ – Русия ва нақшаи амали якҷоя барои солҳои 2025-2027 қабул гардид.
«ШОМИ ДӮСТӢ» БО ИШТИРОКИ САРВАРОНИ КИШВАРҲОИ ИДМ
Шоми 9-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори роҳбарони давлатҳои иштирокдори ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Русия» ва ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Бӯстонсарои шаҳрии ҳукуматӣ зиёфати ғайрирасмӣ оростанд, ки бо фазои гарму самимияш ба маҳфили шоми дӯстӣ табдил ёфт.
Сайругашти шомгоҳӣ дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт. Меҳмонони олимақом аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистон ҳаловат бурда, аз намоишгоҳи неъматҳои табиии диёри биҳиштосои мо боздид намуданд.
Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон дар мавзеи зебою назаррабои Бӯстонсарои ҳукуматӣ ташкил шуда, дар роҳравҳои алоҳидаи он ҳар як намуд маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуби хос ва ороиши гуногун гузошта шуда буд.
Дар намоишгоҳ даҳҳо намуди сабзавоту полизиҳо, меваҳои аз лиҳози таъму сифат беҳамто, ба мисли ангур, себ, ноку анҷир, хушкмеваҳои босифат, аз қабили чормағзу бодом, мавизу писта ва меваҳои ситрусӣ ба назар мерасиданд. Меҳмонони олиқадр ба ҳар маҳсулот ва намудҳои гуногуни таомҳои миллии мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Сарварони давлатҳо аз меҳмоннавозии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд.
