ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «КӮҲ»
Дар ин филворд номи кӯҳҳои баландтарини олам ҷой гирифтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. ШОКИР
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82
Масъули рубрика Ш. ШОКИР
ҶАВОБ БА МУАММОИ «АХТАР»
Аз чап ба рост: 1. Уилям 3. Номус 4. Остин 6. Масеҳ 8. Ромео. 9. Ахтар 10. «Муму» 12. Иҳом 13. Романов 14. Нина 15. Амон 16. Нардбон
Аз боло ба поён: 1. Усмон 2. Моҳак 3. Наримон 5. Наримон 7. Сарбанд 11. Уран 12. Иван
ИЛМ ДАР САЛЛА Ё …
Ҷавоне аз роҳ мегузашт, ки чашмаш ба коғазпорае уфтод. Онро аз замин бардошт, то навиштаҳои ӯро бихонад, аммо чун дид, ки навиштаҳо бо хатти арабиянд, онро барои хондан назди ҳамсояаш домулло Идрис бурд.
Ӯ ба навиштаҳо нигариста, ба ҷавон гуфт:
– Мутаассифона, ман инро хонда наметавонам. Ба назди муллои маҳалла бибар, шояд ӯ гиреҳи мушкили туро бикушояд.
Ҷавон дар ҳайрат монда, гуфт:
– Домулло, шумо салла ба сар доред, чӣ хел хонда наметавонед?
Аз ин гуфтаи ҷавон домулло Идрис чи гуфтанашро надониста, дарҳол салларо аз сараш гирифт ва ба сари ҷавон гузошту гуфт:
– Агар илм дар ҳамин салла бошад, пас, худат бихон!
Таҳияи Далер ИБРОҲИМ
МАЙКЛ ҶОРДАН
Вақте сухан дар бораи бузургтарин баскетболбозон меравад, номи Майкл Ҷордани амрикоӣ ҳамеша дар садри рӯйхат қарор мегирад. Ӯ беҳтарин баскетболбоз дар таърих (аз рӯи фарзияи коршиносони ESPN) мебошад.
Майкл солҳои 1980 ва 1990 дар оммавигардонии баскетбол дар олам нақши муҳим бозидааст. Ӯ давоми корномаи варзишияш бо дастаи «Чикаго Буллз» шаш маротиба унвони қаҳрамониро дар Ассотсиатсияи миллии баскетбол соҳиб шудааст. Инчунин, даҳ ҷоизаи пурмаҳсултарин бозигар ва панҷ ҷоизаи арзишмандтарин баскетболбози мавсимро ба даст меорад. Майкл ду карат чемпиони олимпӣ низ мебошад.
Тибқи гузориши Forbes, Майкл Ҷордан доротарин варзишгари ҳамаи давру замон аст. Сармояи ӯ 3,8 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО
АҶОИБОТИ ОЛАМ
КИТ ДУХТАРҲОРО ФУРӮ БУРДА, ДАРҲОЛ РАҲО НАМУД
Бовар нокарданист, дар иёлати Калифорния (ИМА) шоҳидони ҳол ду духтареро ба навор гирифтанд, ки кит фурӯ бурдаву боз раҳо кардааст.
Ин ҳодиса, ба қавле, дар як мижа задан рух дод ва духтарон дар ғафлат монданд. Қаиқронҳое, ки барои тамошои ғизохӯрии китҳо ба халиҷи назди соҳили Авила омада буданд, шоҳиди ин воқеа гаштанд.
Аҷибаш он аст, ки духтарҳо ҳатто ҷароҳати сабуке набардоштаанд ва онҳо тансиҳату саломат ба хона баргаштанд.
Омодасоз Кароматулло АТО
LEXUS LS 400
Соли 1983 Эйҷи Тойода, роҳбари корпоратсияи Toyota (Ҷопон) хоҳиши истеҳсоли беҳтарин автомобили ҷаҳонро изҳор кард, ки лоиҳаи он номи рамзии F1 (Flagship One)-ро гирифт.
Танҳо соли 1989 дар натиҷаи заҳмати фидоёнаи 60 тарроҳ, 1400 муҳандис, 2300 мутахассиси техникӣ ва 220 ёрдамчии онҳо Lexus LS 400 сохта шуд ва моҳи сентябри ҳамон сол фурӯши автомобили навэҷод оғоз гардид.
Моҳи январи соли 1990 маҷаллаи Car and Driver Lexus LS 400-ро дар қатори даҳгонаи беҳтарин автомобилҳои олам ҷой дод. Пас аз чанде он дар радабандии агентии J.D. Power and Associates таҳти унвони «Initial Quality Survey» мақоми аввалро гирифт.
Таҳияи Далер ИБРОҲИМЗОДА
БАЛАНДТАРИН КӮҲҲОИ ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон – кишвари азизи мо, ки 93 дарсадашро кӯҳсор ташкил медиҳад, дорои қуллаҳои осмонбӯс аст. Зери рубрикаи навбатӣ мо тасмим гирифтем, ки дар бораи кӯҳҳои баландтарини Ватани маҳбубамон ба хонандаи азиз маълумот диҳем.
10. Қуллаи Раҳим Масов
Қуллаи Раҳим Масов бо баландии 6507 метр аз сатҳи баҳр дар мақоми даҳуми қарор дошта, дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир аст.
Кӯҳ дар гузашта номи қуллаи Ленинградро дошт. Он ба ифтихори Донишгоҳи Ленингради Русия номгузорӣ шуда буд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 номи ин қулла ба хотири гиромидошти академик ва таърихнигори маъруфи тоҷик – Раҳим Масов иваз шуд.
Таҳияи М. АМИН
ШИРЕШ БАРОИ ПАЙВАНДИ УСТУХОНҲО
Олимони Чин ширеше таҳия карданд, ки барои пайванд кардани устухонҳо нигаронда шудааст ва ба ҷарроҳон дар табобати шикастагиҳои мураккаби беморон ёрӣ мерасонад. Дар ин бора “China Daily” хабар додааст.
Ба гуфтаи олимон, дигар ба асобағалҳо ниёз нест, зеро устухонҳои ширешгирифта метавонанд ба фишори зиёда аз 200 кг (!) бор тоб оваранд.
Маҳсулоти нав, аллакай, самаранокии худро дар 150 беморе, ки ҳамчун субъекти санҷиш интихоб шуданд, исбот кардааст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ
1. Начос – чипсҳои ҷуворимакка, ки соли 1943 аз ҷониби ошпази мексикоӣ Игнасио Аная таҳия гашта, ки онро ба номи худаш мегузорад. Бояд гуфт, ки Начо номи кӯтоҳшудаи Игнасио ба испанӣ мебошад.
2. Дастгоҳи МРТ (магнитно-резонансная томография) дар аввал ЯМРТ номида мешуд, аммо охири солҳои 80-уми асри ХХ истеҳсолкунандагон калимаи аввал – «ядроӣ»-ро пас аз фалокат дар Неругоҳи атомии “Чернобил” аз он ихтисор намуданд, ки номи МРТ-ро гирифт.
3. Ҳар зимистон дар рӯи Замин тақрибан 100 000 000 000 000 000 000 000 (септиллион) барф меборад.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
ДАР ЧИН АВВАЛИН
МАРКАЗИ КОРКАРДИ МАЪЛУМОТИ ЗЕРИОБӢ СОХТА ШУД
Дар ҷазираи Ҳайнани Чин нахустин маркази коркарди маълумоти зериобӣ дар ҷаҳон ба кор шуруъ кард.
Серверҳои маълумот дар кабинаҳои зериобии вазнашон зиёда аз ҳазор тонна сохта шудаанд, ки махсус барои нигоҳ доштани иттилоот пешбинӣ гаштаанд.
Кабинаҳои зериобӣ дар умқи 35 метр ҷойгиранд.
"Мо ҳамаи кабинаҳои дорои маълумотро дар чуқурии баҳр ҷойгир кардем, зеро об барои сард гардидани ҳарорат ёрӣ мерасонад", – мегӯяд менеҷери лоиҳа Пу Динг. Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса бо марказҳои нигаҳдорӣ ва коркарди маълумот дар рӯи замин, марказҳои зериобӣ имкон медиҳанд, ки масрафи неруи барқ барои хунуккунӣ коҳиш ёбад.
Таҳияи С.АШУРОВ
ТУЛОНИТАРИН ХАТСАЙР БА РОҲ МОНДА МЕШАВАД
Тибқи иттилои сомонаи snob.ru, ширкати ҳавопаймоии China Eastern Airlines (Ҷумҳурии Мардумии Чин) нақша дорад, ки тулонитарин хатсайр дар ҷаҳон – Шанхай – Буэнос-Айрес-ро ба роҳ монад.
«Масофаи он 20 ҳазор километрро ташкил медиҳад», - омадааст дар хабар.
Таъкид мегардад, ки парвози аввалин 4-уми декабри соли равон дар назар аст.
Таҳияи Н. АБДУЛЛО
УСТОД АЙНӢ: “БЕ АСОБАҒАЛ РОҲ ГАШТАНРО ЁД ГИРЕД!”
Ин қиссаи ибратбахш аз хотираҳои академик Муҳаммадҷон Шакурӣ нақл мешавад. Бино ба гуфтаи ӯ, ин воқеа дар тамоми рӯзгори вай нақши калидӣ доштааст.
Муҳаммадҷони ҷавон баъди хатми аспирантура ба пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт ба кор меояд. Бо пешниҳоди олиме, ки ба осор ва шахсияти Айнӣ хушбин набуд, ба танқиди рисолаи тозанашри устод “Мирзо Абдулқодири Бедил” мепардозад.
Тақризи ӯ чоп мешавад ва устод онро хонда, муаллифро ба хона даъват мекунад. Ӯ аз дил мегузаронад, ки шояд устод нисбаташ хашм гираду аз кор ҳам ронад. Аммо соҳибхона, баръакс, ӯро бо чеҳраи боз ва дастархони пурноз меҳмондорӣ мекунад.
Дар рафти суҳбат аз бузургвории Садри Зиё, падари Муҳаммадҷон, ки устоди аллома Айнӣ буд, нақлҳои ҷолиб карда, ба масъалаи тақриз намепардозад. Танҳо вақти гусел дар назди дарвоза устод ба шогирди навкор мегӯяд: “Писарам, ҳамааш нағз, аммо Шумо бе асобағал роҳ гаштанро ёд гиред!”.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
НИГАҲДОРАНДА НЕКУ НИГАҲ ДОШТ...
Морено ва бародари хурдии ӯ Эдгар тирезаҳои бинои боҳашамати 47 – ошёна дар Манҳеттенро мешустанд. Ногаҳон платформаи 5-метрае, ки бародарон дар он истода буданд, канда шуд.
Аввал аз баландии қариб 150 метр Эдгар афтида, ба ҳалокат расид. Чанде пас аз афтодани ӯ, платформа комилан канда шуда, Морено низ ба замин зад. Сӯхторнишононе, ки зуд ба ҷои ҳодиса расиданд, ӯро дар тӯдаи филизи печида пайдо карданд. Морено ҳанӯз нафас мекашид ва ӯро зуд ба беморхона бурданд ва наҷоташ доданд.
Пас аз се ҳафта чун ба ҳуш омад, дид, ки ҳамсари бовафояш Росарио дар паҳлуяш аст.
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА
АЛМОСИ АРҒУВОНӢ
Гаронбаҳотарин санг
Бино ба иттилои www.kronostime.ru, алмоси арғувонӣ гаронбаҳотарин санги қиматбаҳои олам ба ҳисоб меравад. Он ниҳоят камёб буда, танҳо дар се мамлакат: Австралия, Бразилия ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ истихроҷ мегардад ва он ҳам ба миқдори хеле кам.
Арзиши як қирот (0,2 грамм)-и алмоси арғувонӣ 1 000 000 доллари ИМА ва аз он бештарро ташкил медиҳад. Масалан, яке аз онҳо бо номи «Red Emperor» дар музояда бо нархи 2 500 000 доллар барои як қирот фурӯхта шуд.
Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛОЗОДА
ЛИУ КОНГИ НОХУНДАРОЗ
Тибқи навиштаи сомонаи mail.ru, Лиу Конг Хюени ветнамӣ, ҳамчун дорандаи нохунҳои дароз миёни мардон ба "Китоби рекордҳои Гиннесс" ворид шуд.
Дарозии нохунҳои ӯ, дар маҷмуъ, қариб 6 метр (дасти чапаш 388,85 см, дасти росташ 205,5 см)-ро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ки Лиу Конг Хюен барои гузоштани ин рекорд беш аз сӣ соли ҳаёти худро бахшидааст.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
ДАВ БО ҲАМСАР
Дар Финландия як мусобиқаи хеле ҷолиб вуҷуд дорад. Дар он мардон бо занҳои худ, ки дар як ҳолати аҷиб: сар ба поён дар китфи ҳамсарашон овезонанд, роҳ бо монеаҳоро бояд тай бикунанд.
Масири 250-метра аз ду монеа ва як кӯли об иборат аст. Ҷоиза оби ҷавест, ки ба вазни зани ғолиб баробар мебошад.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
РЕКОРДИ МАРДИ 60-СОЛА
Бино ба иттилои, Tengri Sport, тхэквондочӣ аз Сеул Нам Син-Хен ба унвони калонсолтарин шинохта шуд, ки амалиёти кёкпхаро (шикастани ашё дар ҳаво) иҷро кардааст.
Ин дастоварди ӯ расман дар “Китоби рекордҳои Гиннесс” сабт гардида, зикр мешавад, ки ҳангоми иҷрои рекорд синни Нам Син-Хен ба 60 расида буд.
Кёкпха – санъати шикастани ашё (лавҳа, сафолпора ва ғайра) бо истифода аз техникаи тхэквондо мебошад, ки қувват, диққат ва ҳамоҳангии ҳаракатро талаб мекунад.
Ба гуфтаи мутахассисон, кёкпха танҳо омодагии ҷисмонӣ не, балки равониро талаб мекунад.
Таҳияи Зикруллоҳ ҚУТБИДДИН
15 ҒОРИ ҶОЛИБТАРИН ДАР ҶАҲОН
8. Ғори Рид Флейт (Чин)
Ғори сеҳрноки Рид Флейт яке аз зеботарин ғорҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Он дар ҷануби Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар наздикии шаҳри Гуилин, ҷойгир буда, бо номи "Қасри санъати табиӣ" маъруф мебошад. Ғор бо равшании сунъӣ ҷиҳозонда шуда, туфайли он сталактитҳои мураккаб, сталагмитҳо ва дигар шаклҳои санглох зебо менамоянд.
Бостоншиносон бар он назаранд, ки ғор, тақрибан, 600 миллион сол пеш ба вуҷуд омадааст. Дар дохили он зиёда аз 70 катиба мавҷуд мебошад, ки ба сулолаи Тан (соли 792 милодӣ) тааллуқ дорад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ЛА ТОМАТИНА
Ла Томатина ҷашнвораи ҳарсолаест, ки рӯзи чоршанбеи охири моҳи август дар шаҳраки Буноли Испания баргузор мешавад.
Даҳҳо ҳазор иштирокчиён аз саросари ҷаҳон барои ширкат дар ин “набард”, ки дар он помидор “силоҳ” аст, ба ин ҷо меоянд. Яъне, ширкаткунандагон ҳамдигарро бо помидор мезананд. Ҷашнвораи якҳафтаина намоишҳои мусиқӣ, ярмарка, парад, рақс ва оташбозиро дар бар мегирад.
Бунол 9000 нафар аҳолӣ дорад, аммо ҳангоми баргузории ҷашнвора ба Бунол то 40 000 сайёҳ меояд.
Дукондорон ҳангоми омодагӣ ба ҷашнвора тирезаҳои худро бо сипарҳои пластикии калон мепӯшанд, то онҳоро аз иштирокдорони ҷашнвора, ки тақрибан 146 тонна помидорро масраф мекунанд, ҳифз намоянд.
Таҳияи Басона САТТОРЗОДА
