АНҶОМИ САФАРИ ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

13 октябр 2025, Душанбе
26


12-уми октябр Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баъд аз анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши "Осиёи Марказӣ – Русия" ва ҷаласаи Шурои сарварони кишварҳои иштирокдори ИДМ аз шаҳри Душанбе бозгашт намуд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи эҳтироми баланд меҳмони олиқадрро самимона гусел намуданд.
Барои гусели меҳмони олиқадр – Президенти Федератсияи Русия майдони Фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар ва аксҳои сарварони ду давлат ороста шуд.
Роҳрави сурх ва ороишоти гулгун густурда шуда, сарбозони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.

Санаи нашр: 13.10.2025 №: 199