МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО

13 октябр 2025, Душанбе
41


10-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “ҳамкорӣ бо шарики стратегии Тоҷикистон – Ҷумҳурии Беларус аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мост ва мо ба он манфиатдорем, ки муносибатҳои байни кишварҳоямон бо мазмуни нав ғанӣ гарданд”.
Зарурати рушди ҳамкории байнипарлумонӣ ҳам таъкид шуд.
Ба масоили рушду густариши робитаҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ ва саноат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Сарварони давлатҳо барои бештар фаъол гардондани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, Шурои соҳибкорони Тоҷикистону Беларус, ҳамчунин, Гурӯҳи кории муштарак оид ба рушди ҳамкории сармоягузорӣ, изҳори алоқамандӣ намуданд.
Дар бахши кишоварзӣ ба масъалаи афзоиши ҳаҷми содироти меваю сабзавот ва пахта ба Беларус ва таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир гашт.
Рушди ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ ва маориф ҳам аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
Барои густариши робитаҳо дар бахши тандурустӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ва тайёр кардани кадрҳои соҳа табодули афкор сурат гирифт.
Дар доираи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҷонибдории ташаббусҳои ҳамдигар дар арсаи ҷаҳон таъкид гардид.


МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН ИЛҲОМ АЛИЕВ
10-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷаласаи Шурои сарварони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев мулоқот намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз доштанд, ки “муколамаи мунтазами мо ба рушди ҳамкории кишварҳоямон такони тоза мебахшад”.
Фаъолтар шудани робитаҳои байнипарлумонӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ таъкид шуд.
Ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, тавсеаи сармоягузорӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Мусоҳибон ҳамкории сохторҳои марбута барои роҳандозии фаъолияти муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии ду кишвар ва истеҳсоли молҳои содиротиро, аз ҷумла дар бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, зарур донистанд.
Густариши ҳамкорӣ дар самтҳои ояндадори саноат, бунёди паркҳои технологӣ ва татбиқи лоиҳаву барномаҳои иқтисодӣ аз мавзуоти дигари суҳбат буд.
Дар соҳаи нақлиёт парвозҳои мунтазам миёни пойтахтҳои ду кишвар ва истифодаи имконоти транзитӣ барои интиқоли бор муҳим арзёбӣ гардид.
Дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ дар бораи баргузорсозии рӯзҳои фарҳанг ва афзун намудани шумораи бурсияҳои таълимӣ барои донишҷӯёни Тоҷикистон табодули андеша сурат гирифт.
Ҳамчунин, аз сатҳи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ изҳори қаноат шуд.


МУЛОҚОТ БО САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ АРМАНИСТОН НИКОЛ ПАШИНЯН
10-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “мо ба таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Арманистон аҳамияти хоса медиҳем ва ба инкишофи онҳо дар тамоми соҳаҳо манфиатдорем”. Таъкид гардид, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳо соҳаҳои муҳимро дар бар мегирад ва он имконият медиҳад, ки аз иқтидори кишварҳо дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд истифода шавад.
Ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, "неруи сабз", саноат, аз ҷумла кооператсияи саноатӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ зарур шумурда шуд. Афзоиши ҳаҷми гардиши мол, зиёд кардани савдои байниҳамдигарӣ бо истифода аз имкону иқтидорҳои мавҷуда ва ташкилу баргузорсозии форумҳои тиҷоратӣ аз мавзуоти дигари суҳбат буд.
Ба рушди муколамаи байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гашт.
Оид ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳанг, маориф, сиёсати ҷавонон ва сайёҳӣ низ табодули афкор сурат гирифт. Ҳамчунин, атрофи масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва ҷонибдории ташаббусҳои глобалии якдигар, гуфтугӯйи судманд доир гардид.

Санаи нашр: 13.10.2025 №: 199