ФУТБОЛ

13 октябр 2025, Душанбе
30


Пирӯзии Тоҷикистон бар Малдив
Тими миллии футболи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Горан Стеванович дар даври сеюми марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дастаи мунтахаби Малдивро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Ин бозии гурӯҳи «А» 9-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид. Ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Шаҳром Самиев дар дақиқаи 8-ум ҳисобро кушод. Голи дуюмро Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 30-юм зад.
Ин аввалин бозии тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Горан Стеванович буд.
Дар бозии дигари гурӯҳи “А” дастаи мунтахаби Тимори Шарқӣ дар майдони худ аз тими миллии Филиппин бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд.
Футболбозони мо дар даври аввал бар тими миллии Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, дар даври дуюм бозиро бо дастаи мунтахаби Филиппин мусовӣ (2:2) намудаунд.
Баъди натиҷагирии бозиҳои даври сеюм дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин бо 7-имтиёзӣ пешсафанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон дар ҷойи аввал, Филиппин дар зинаи дуюм қарор доранд.
Дар даври чорум, 14-уми октябр тими миллии Тоҷикистон дар сафар бо Малдив бозии ҷавобӣ доир мекунад.


Душанбе – мизбони Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026
Имрӯз – 13-уми октябр – марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола оғоз мешавад ва то 17-уми октябр идома меёбад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқаи гурӯҳи “А” бо иштироки дастаҳои Тоҷикистон, Филиппин, Малайзия ва Сурия дар Душанбе баргузор мешавад.
Ҳамаи бозиҳои даври интихобӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир мегарданд. Тими духтаронаи Тоҷикистон 13-уми октябр бо Малайзия, 15-уми октябр бо Филиппин, 17-уми октябр бо Сурия вомехӯрад.
Тибқи низомнома, ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола, ки дар Чин баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

ГӮШТӢ
Медали тиллои Белолюбский дар Миср
Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштии тарзи озод Айаал Белолюбский дар Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Иброҳим Мустафо, дар вазни -57 кг сазовори медали тилло шуд.

Мусобиқаи рейтингӣ бо иштироки варзишгарон аз 9 давлат 11-12-уми октябр дар шаҳри Искандарияи Миср доир гашт.
Айаал Белолюбский моҳи феврали соли равон дар мусобиқаи рейтингӣ дар Албания сазовори медали нуқра гашта буд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 13.10.2025 №: 199