ГӮШТИИ ПАҲЛАВОНӢ
Ду медали варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё
8-10-уми октябр дар шаҳри Урмияи Эрон Чемпионати Осиё оид ба варзишҳои зӯрхонаӣ ва гӯштии паҳлавонӣ доир гашт.
Дар он ду варзишгари мо – Умед Валиев ва Сомонҷон Икромов ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд. Дигар паҳлавонони мо Ҳусейн Меликов, Оятулло Садуров ва Фарҳод Анақулов дар вазнҳои худ ҷойҳои 5-7-умро касб карданд.
ФУТБОЛ
Тими духтаронаи Тоҷикистон аввалин бозиашро дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 доир кард
13-уми октябр дар шаҳри Душанбе марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола дар гурӯҳи “А” оғоз шуд.
Дастаи Тоҷикистон дар бозии аввалаш аз тими Малайзия бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд. Дар бозии дигари гурӯҳ Филиппин ба дарвозаи Сурия 5 голи беҷавоб зад.
Тими духтаронаи Тоҷикистон дар даври дуюм 15-уми октябр бо Филиппин вомехӯрад.
Тибқи низомнома, ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола, ки дар Чин баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
КАМОНВАРӢ
Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон
Дар Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба камонварӣ”-и вилояти Суғд III Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар Мусобиқа беш аз 100 варзишгари Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Бангладеш ва Ироқ иштирок карданд.
Дар ҷамъбасти Мусобиқа раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуда, зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар вилояти Суғд бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла камонварӣ, шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Баргузории чунин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ дар вилоят боиси сайқал ёфтани маҳорати варзишгарон мегардад.
Ҳамчунин, ноиби якуми президенти Федератсияи камонварии Осиё Қозӣ Разибуддин Аҳмад Чапал ва директори иҷроияи Федератсияи камонварии Осиё, президенти Федератсияи камонварии Ироқ Саад ал-Машҳадонӣ баромад карда, ба сатҳи Мусобиқа ва омодагии варзишгарон баҳои баланд доданд.
Ғолибон дар вазъияти тантанавӣ бо медалу диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
