ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ “ДУШАНБЕ ИНВЕСТ – 2025”

15 октябр 2025, Чоршанбе
14


14-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Ваҳдати пойтахт дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест – 2025” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, иштирокдорони Форумро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфтанд.
Таъкид гардид, ки ҳадафҳои асосии ҳамоиш – ин муаррифии захира ва имкониятҳои фарохи Тоҷикистон барои сармоягузорӣ, омодагии кишвар ба ҳамкорӣ ва фановариву ғояҳои нав, инчунин, тасмими Ҳукумати кишвар ба идомаи ислоҳоту дигаргуниҳое, ки шароити мусоидро барои рушди устувор ва ташаккули шарикии дарозмуддат фароҳам меоранд, ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми сухан Роҳбари давлат изҳори итминон намуданд, ки Форум ба оғози ташаббусҳои нави судманд замина гузошта, ҳамкориро таҳким мебахшад ва барои мардумони кишварҳо ва тараққиёти ҷаҳон натиҷаҳои намоён медиҳад.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳии Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест – 2025”, ҳамчунин, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Арипов, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр, Валиаҳди Шоҳигарии Нигери-Сембилани Малайзия Тунку Алӣ Ризауддин ибни Туанку Муҳриз, муовини Котиби генералӣ, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо Татяна Молчан, вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизода ва вазири сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Холид бин Абдулазиз Ал-Фолеҳ суханронӣ намуданд.

Санаи нашр: 15.10.2025 №: 201