«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». КИТОБИ ДУЮМИ АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ РӮИ ЧОП ОМАД

16 октябр 2025, Панҷшанбе
19


Ба ифтихори Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тавассути нашриёти “Эр-Граф” китоби дуюми калонҳаҷми академик Фарҳод Раҳимӣ «Абармарди таърихсоз» рӯи чоп омад. Аз номи китоб ҳувайдост, ки он барои рӯшан кардани симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хидмат ва ранҷҳои бебаркаши ин бузургмард дар сохтани давлати тоҷикон нигаронда шудааст. Китоби нахуст, агар аз 814 саҳифа иборат бошад, қисми дувуми он 1030 саҳифаро фаро мегирад. Он ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ интишор ёфта, барои доираи васеи омӯзандагони чеҳраи сиёсиву фарҳангии Пешвои миллат, ҷаҳони ботинии ин марди олами сиёсат, аз ҷумла ба хориҷиён, низ пешниҳод мешавад.
Дар оғози китоб барои муаррифии амиқтари он чунин ишоратро мехонем: “Нигоштаҳои мазкур идомаи мантиқии китоби аввали "Абармарди таърихсоз" мебошанд, ки дар он корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи давлатсозӣ, бунёдкориву созандагӣ, ва ҳамзамон, тавассути ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибиқбол дар арсаи байналмилалӣ бо меҳру садоқати беинтиҳо рӯи авроқ омадаанд”.
Китоб дар баробари таҳлили оқилонаи фаъолияти пурсамари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будан, ҳамзамон аз иқтибосу истиқболи шахсиятҳои фарҳангиву сиёсии ҷаҳон пур аст. Муаллиф саҳми Пешвои миллатро дар муаррифии кишвар бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ намудааст. Ин аст, ки боби дувуми китоб “Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат: сарнавишти инсоният ва рисолати Роҳбари давлат дар масъалаҳои об ва иқлим” унвон дошта, Тоҷикистон, бавижа Душанберо чун мактаби бузурги дипломатияи об муаррифӣ менамояд.
Фарҳод Раҳимӣ дар муроҷиат ба хонанда таъкид мекунад, ки дар баҳогузории фаъолияти вусъатманду фарогири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оинаи виҷдон ва мардонагӣ бояд кор гирифт: “Ин китоб барои шумо танҳо саргузашти як шахсият нест, балки дарси ҷавонмардӣ, сабру таҳаммулпазирӣ ва инсоният аст. Аз саҳифаҳои он неру бигир, аз сабақҳои Пешвои муаззами миллатамон ибрат биомӯз, аз орзуҳои ӯ барои наҷоти аҳли башар ва талошу заҳматҳои хастагинопазирашон дар самти ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ илҳом бигир! Ин саҳифаҳо танҳо нақли рӯзгор нестанд, балки оинаи арҷу иззати миллатанд. Биёед, бо дили фарох ва виҷдони пок ба қадри талошу заҳматҳо, ҷасорат ва хирадмандии ин абармарди миллат ва арсаи сиёсат расем. Зеро арҷи Пешвои муаззами миллат ин арҷгузорӣ ба сарнавишти худи мост. Ва миллате, ки хирадмандонро арҷгузорӣ ва заҳмати фарзонагонашро қадр мекунад, ҳамеша роҳи равшани ояндаро меёбад”.
Номи китоби мазкур бо забони русӣ “Великий творец истории” ва бо забони англисӣ “The great creator of History” аст. Муҳаррирони бахши тоҷикии он Мухбирҷон Кӯҳсорӣ, муҳаррири бахши русии он Попов Николай Анатолевич ва муҳаррири бахши англисии он Фаридун Раҳимӣ мебошанд.

Б. БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Ин китоб барои шумо танҳо саргузашти як шахсият нест, балки дарси ҷавонмардӣ, сабру таҳаммулпазирӣ ва инсоният аст. Аз саҳифаҳои он неру бигир, аз сабақҳои Пешвои муаззами миллатамон ибрат биомӯз, аз орзуҳои ӯ барои наҷоти аҳли башар ва талошу заҳматҳои хаста-гинопазирашон дар самти ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ илҳом бигир!

Санаи нашр: 16.10.2025 №: 202