ДАНҒАРА. НОҲИЯИ ПЕШТОЗ ДАР ИҶРОИ БАРЗИЁДИ ДУРНАМОИ ПАХТА

16 октябр 2025, Панҷшанбе
19


Пахтакорӣ дар таъмини корхонаҳои саноатии кишвар бо ашёи хоми гаронбаҳо ва таъсиси ҷойҳои кори доимиву мавсимӣ нақши муҳим дорад. Парвариши ин зироати пурарзиш ба хоҷагиҳои деҳқонӣ манфиати хуби молиявӣ оварда, барои ғанӣ гардондани буҷети маҳаллӣ мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, дар кишвар сол ба сол майдони кишти ин зироати манфиатовар зиёд мегардад. Аз ҷумла, имсол пахтакорони ноҳияи Данғара майдони пахтазорро назар ба соли гузашта 197 гектар зиёд намуда, дар қатори аввалинҳо аз иҷрои нақша мужда расонданд.

– Пахтакорони меҳнатқарини ноҳияи Данғара дар байни ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб аввалин шуда, аз иҷрои нақша бо сарбаландӣ баромада, аз майдони 5 215 гектар ба ҷойи 10 ҳазору 700 тонна, то 15-уми октябр 11 375,9 тонна пахтаро ба нуқтаҳои қабул супурданд, ки 106,32 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Самари бадастомада назар ба ҳамин давраи соли гузашта 7539,5 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 21,5 сентнер расонда шуд.

Пахтакорони ноҳия ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси оқилона истифода бурдани замин амалӣ намуда, дар ин роҳ натиҷаҳои баланди истеҳсолӣ ба даст оварданд, – гуфт зимни суҳбат раиси ноҳияи Данғара Сиҷоуддин Саломзода ва афзуд, ки дар ин дастоварди баланди меҳнатӣ саҳми хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кооперативҳои истеҳсолии «Раҳмонҷон», «Муҳсинҷон», «Сомонҷон», «Навобод», «Муҳаммад», «Асадулло», ҷамоатҳои деҳоти Сангтӯда, Исмат Шарифов, Оқсу, Корез ва Лолазор хеле назаррас мебошад.

Барои иҷрои нақшаи пахта раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба пешқадамони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кооперативҳои истеҳсолӣ туҳфаҳои пуливу хотиравӣ супурд.

Мавриди зикр аст, ки сари вақт таъмин намудани кишоварзон бо оби полизӣ ва нуриҳои минералӣ яке аз омилҳои асосии иҷрои дурнамои пахта гардид. Бо кӯшишу заҳмати роҳбарияти ноҳия пахтакорон имсол аз оби полизӣ танқисӣ накашиданд.

Деҳқонон аз рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода бурда, ҳар рӯз ба пунктҳои қабул ба ҳисоби миёна зиёда аз 150 тонна пахтаи хушсифат месупоранд. Месазад гуфт, ки дар ғанигардонии хирмани пахтаи ноҳия меҳнати самаровари пунбакорони Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки чанд сол мешавад ба пахтакорӣ машғуланд, назаррас мебошад. Пахтазори онҳо дар ноҳия дар майдони 1860 гектар доман паҳн кардааст. То имрӯз онҳо бо мошинҳои пахтачинӣ зиёда аз 8093,5 тонна пахта ҷамъ намуда, ҳосилнокиро аз ҳар гектар ба 40-60 сентнер расонданд.

Тавре мутахассисони соҳа гуфтанд, яке аз сабабҳои баланд бардоштани ҳосилнокӣ имсол ҳангоми нигоҳубини пахта ба ҳар гектар аз 250 то 300 килограмм нуриҳои азотиву фосфорӣ дода шуд. Коркарди байни қаторҳо, обмонӣ ва ғизодиҳӣ мувофиқи меъёрҳои агротехникӣ ба сомон расида, тибқи тавсияи мутахассисони соҳа, бар зидди ҳашароти зараровар аз заҳрҳои кимиёӣ истифода бурда шуд.

– Сарфи назар аз иҷрои барзиёди нақша, ҳоло ҳосил дар саҳро фаровон аст. Деҳқонон дар ин рӯзҳои офтобӣ аз техникаву қувваҳои қобили меҳнат самаранок истифода бурда, мақсад доранд, ки ҳосили бо заҳмат парваришёфтаро то кӯраки охирин беталаф ҷамъоварӣ намуда, истеҳсоли пахтаро ба 14 ҳазор тонна ва ҳосилнокиро аз ҳар гектар ба 25 сентнер расонанд, – гуфт дар фарҷоми суҳбат раиси ноҳия Сиҷоуддин Саломзода.

Кароматулло АТО,

«Ҷумҳурият»,

Холназар КАСИРОВ,

рӯзноманигор

Санаи нашр: 16.10.2025 №: 202