ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. АЗ ГУЗАШТА ИФТИХОР БОЯД КАРД!

16 октябр 2025, Панҷшанбе
13


Дар замони соҳибистиқлолӣ эҳёи ҳунарҳои мардумӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангиву иҷтимоии давлат мебошад. Ҳунармандӣ реша дар таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик дорад ва имрӯз бо иқдомҳои мушаххаси давлативу ҷамъиятӣ рушд мекунад.
Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид месозанд, ки ҳунар сарвати миллӣ ва василаи рушди иқтисодии кишвар мебошад.
Бо ҳамин мақсад, дар марҳалаҳои гуногуни соҳибистиқлолӣ як қатор барномаҳо ва қонунҳо қабул гаштанд, ки ба рушди ҳунари миллӣ нигаронда шудаанд. Аз ҷумла, ҷиҳати дастгирии минбаъдаи соҳаи ҳунармандӣ, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» қабул гардид. Чунин ташаббусҳо ва дастгириҳои Ҳукумати кишвар аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳама намудҳои ҳунармандӣ рӯ ба рушд ниҳодаанд. Дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳрҳои Истаравшану Конибодом, Хуҷанду Истиқлол, Ашту Деваштич маҳфилҳо ва марказҳои омӯзишӣ амал мекунанд.
Чунончи чанде пеш бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар доираи ҳамин сиёсати созанда, дар шаҳри Хуҷанд маҳфили “Гулдӯзии миллӣ” ташкил гардид. Ин ташаббус ба ҷалби духтарону занони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ нигаронда шудааст. Маҳфил дар маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳр баргузор гардида, барои иштирокдорон шароити ройгони омӯзиши касбӣ муҳайё мебошад. Занону духтарон дар муҳити омӯзишӣ маҳорати гулдӯзиро аз худ карда, имконият пайдо менамоянд, ки барои беҳбуди иқтисоди хонаводагӣ саҳм гузоранд.
Воқеан, ҳунарҳои дӯзандагии тоҷикон таърихи чандинҳазорсола дошта, дар ҳар гӯшаи кишвар намунаҳои нодири сӯзанӣ, рӯҷо, ҷойнамоз, тоқиҳои миллӣ ва дигар асарҳои бадеии мардумиро дидан мумкин аст. Имрӯз ин мероси бебаҳо чун ифтихори миллӣ ва воситаи муҳими таъмини шуғл ва даромади хонаводагӣ шинохта шудааст.
Шаҳзода Юлдошева кӯрпадӯзи моҳир аз шаҳри Конибодом мебошад, ки қуроқдӯзиро муҳаббати зиндагӣ шинохтааст. Ӯ хешро идомабахши ҳунари модар медонад. Сарфи назар аз синну соли худ, имрӯз низ ба кӯрпаву кӯрпачадӯзӣ машғул аст ва аз ҳунари дасти хеш даромади иловагӣ мегирад.
Дӯзандаи хушсалиқа Нигора, ки миёни бонувони шаҳри Хуҷанд чун Нигораи чакандӯз маъруф аст, бо омезиши анъанаҳои миллӣ ва сабки муосир муштариёни зиёде пайдо кардааст.
– Имрӯз занҳо бештар ба либосҳои миллии атласу адрас ва чакан таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, ки хурсандиовар аст. Духтаракони ҷавон низ ба либосҳои миллӣ муҳаббат доранд ва бештар чаканро ба бар кардан мехоҳанд. Албатта, ҳамаи ин аз тарғиби дурусти либоси миллӣ ва, пеш аз ҳама, фазои мусоиду имкониятҳои дастрас барои рушди ҳунарҳои мардумӣ дар кишвари мо мебошад, – мегӯяд Нигора.
Таваҷҷуҳ ва дастгирии соҳа аз ҷониби Ҳукумати кишвар собит месозад, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ рушди фарҳанг, иқтисоди маҳаллӣ ва, пеш аз ҳама, рушди шахсият аст.
Эҳёи ин арзишҳо бо ҷалби васеи ҷавонон ва занон метавонад ҳамчун воситаи муҳими ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таҳкими рушди устувори ҷомеа хизмат намояд.

Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 16.10.2025 №: 202