«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025»

Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории мазкур таҳти унвони «Инфрасохтори сабз» ва «Энергияи тоза» чорабинӣ баргузор гардид, ки дар кори он вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар чорабинӣ, ҳамчунин, муовини вазири энергетикаи Ӯзбекистон Бахтиёр Маматкаримов, намояндагони шарикони рушд, сармоягузорон ва коршиносон иштирок доштанд.

Далер Ҷумъа иброз дошт, ки Тоҷикистон, бо дарназардошти иқтидорҳои гидроэнергетикии худ, ки 527 миллиард кВт/соат неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва аз назари иқтисодӣ арзон дар як сол мебошад, ба масоили таъмини истиқлоли энергетикӣ ва рушди ин соҳа аҳамияти хосса медиҳад.
Таъкид гашт, ки дар Тоҷикистон дар як сол то 300 рӯзи офтобӣ мебошад. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, иқтидорҳои энергетикии Тоҷикистон танҳо дар қисмати шимолӣ аз ҳисоби энергия офтоб зиёда аз 4 600 МВт ва энергияи бод 580 МВт арзёбӣ гардидаанд ва ба ҳолати имрӯза, ин иқтидорҳо истифода нашудаанд.
Дар чорабинӣ мавзуъҳои бозори энергетикӣ дар Тоҷикистон ва раванди ташаккулёбии он, ҷалби бахши хусусӣ ба соҳаи энергетика, бо таваҷҷуҳ ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили гидроэнергетика, офтоб ва бод, ба роҳ мондани ҳамкорӣ ба усулҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва дигар мавзуъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
