ДДК. ДАР СУҲБАТИ АДИБ АБДУЛҲАМИД САМАД
Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маъмурияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ вохӯрии Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро бо омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор намуд.
Воқеан, Абдулҳамид Самад аз нависандагони маъруфу маҳбуби кишвар маҳсуб меёбад. Бо таълиф ва нашри асарҳои зиёду мондагори хеш ҳам дар рушди адабиёти миллӣ ва ҳам тарбияи наслҳо, боло бурдани завқи эстетикӣ, шинохти оламу одам, хубу бад саҳми босазо дорад. Махсусан, дар хусуси пойдории ахлоқи накуи миллӣ ва тарғиби он дар ҷомеа бо эҷод, муносибат саҳми фаромӯшнашаванда гузоштаасту мегузорад.
Мутолиаи асарҳо ин адиби тавонои мо дунёи ботинии инсонҳоро неку равшантар мегардонад. Ин нуктаҳо дар сухани ифтитоҳии Дилшод Раҳмон Сафарбек, ректори Донишгоҳ, зикр шуд. Ҳамзамон, пешниҳод гардид, ки асарҳои адиб дар баробари нашр шудан боз бештару беҳтар бояд пажӯҳиши илмӣ шаванд.
Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», аз фаъолияти ин адиби муваффақ ва фарехта ба ҳайси рӯзноманигори ин нашрия суҳбат кард. Зикр шуд, ки 10 соли оғози фаъолияти нависанда дар ҳамин рӯзнома гузаштааст ва имрӯз низ дар ҷавобгӯ ба талаботи давр ва ҷолибу хонданӣ шудани матлабҳои он бо маслиҳатҳо ва таълифи мақолаҳо саҳми чашмрас мегирад.
Ҳақназар Ғоиб, Зафар Мирзоён, Ёралӣ Содиқов ва муаллифи ин сатрҳо оид ба паҳлуҳои гуногуни эҷодӣ, сабку услуб, тарзи нигориш, забони шевову равони асарҳо ва истифодаи зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ, шинохти дурусти ҳақиқати зиндагӣ, дарки вазъи мураккаби ҷаҳон, ҳидояти дуруст дар роҳи худшиносии миллӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ аз ҷониби адиб суҳбат намуданд.
Устод Абдулҳамид Самад дар баробари гуфтани посух ба пурсишҳои донишҷӯён дар хусуси мутолиаи китобҳои бадеӣ, шинохти ҳаққу ботил, дарки моҳияти асарҳои бадеӣ ва адабӣ сухан кард. Зикр шуд, ки донишҷӯён бо таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари зираку ҳушёр буданашон на танҳо ба зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм бетафовут бошанд, балки фирефтаи ваъдаҳову пешниҳодҳои хоҷагони хориҷӣ нашаванд. Баръакс, фурсати муносибро барои таҳсил, мутолиаи асарҳои бадеӣ сарф бикунанд, то ки тавонанд, барои ободии Ватан пойдории Истиқлоли давлатӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар, тарбияи наслҳои наву оянда саҳми чашмрас гирифта тавонанд.
Устод Абдулҳамид Самад намунаи китобҳои солҳои охир таълифшудаашро ба китобхонаи Донишгоҳ тақдим намуд.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 10.05.2023 №: 97