ИШКОШИМ. НОҲИЯ ДАР МАСИРИ РУШД АСТ

20 октябр 2025, Душанбе
10


Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ишкошим дар деҳоти Қозидеҳ бинои нави маркази саломатиро ифтитоҳ намуд. Иншооти мазкур бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохта шуда, дорои тамоми шароитҳои муосири ташхисӣ ва табобатӣ мебошад.
Раиси вилоят зимни мулоқот бо сокинони деҳа таъкид намуд, ки маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафти ноҳияҳои дурдаст сатҳу сифати зиндагии сокинони деҳаҳои ноҳияи баландкӯҳи Ишкошим низ сол ба сол беҳтар гардида, симои зоҳирии деҳоти он ба куллӣ тағйир ёфтааст. Дар соҳаи тандурустӣ низ комёбиҳои зиёд ба даст омада, биноҳои тамоми муассисаҳои соҳа азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ таъмин шуда истодаанд.
Дар идомаи сафари кории раиси вилоят дар деҳаи Зугванди Поён хатти оби ошомиданӣ барои сокинони деҳаи навбунёд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншооти мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо шарикони рушд дар масофаи бештар аз 3 км, бо харҷи зиёда аз 220 ҳазор сомонӣ бунёд гардид.
Алишер Мирзонабот зимни суҳбат бо сокинони деҳа зикр кард, ки маҳз бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар мамлакат корҳои созандагию бунёдкорӣ идома дошта, лоиҳаҳои бузурги давлатӣ амалӣ мегарданд. Дар ноҳияи Ишкошим низ дар се соли охир иншооти зиёди таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар қисми дигари иншоотҳо корҳои бунёдӣ идома доранд. Раиси вилоят сокинони деҳаро ба вусъати бештари корҳои созандагию бунёдкорӣ даъват карда, афзуд, ки танҳо дар якҷоягӣ мо қодир ҳастем кишварамонро ободу зеботар гардонем.
Сокинони деҳа аз иқдом ва дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат сипосгузорӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ дар корҳои созандагӣ саҳми худро мегузоранд.
Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят дар деҳаи Хасхоруғи деҳоти Андароб майдончаи варзишии замонавиро мавриди истифода қарор дод. Иншооти мазкур дар доираи таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бунёд гардид.
Раиси вилоят ифтитоҳи иншооти мазкурро туҳфаи арзанда барои ҷавонони деҳа ва варзишгарони ҷамоат, ки дар рушди варзиш саҳми босазо доранд, ҳамчунин, як омили муҳим дар оммавигардонии варзиш маънидод намуд.
Сокинони деҳоти Андароб аз дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ изҳори қаноатмандӣ намуда, миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баён намуданд.
Раиси вилоят дар идомаи сафари корӣ бо корҳои сохтмонӣ дар Парки саноатии ноҳия шинос шуд. Масъулон дар ҳузури раиси вилоят лоиҳаҳои ангоравии корхонаҳои саноатии Парки саноатии мазкурро муаррифӣ намуданд. Алишер Мирзонабот зарурати бунёди корхонаҳои саноатиро таъкид карда, хотиррасон намуд, ки маҳсулоти истеҳсолшаванда бояд ҷойи маҳсулоти воридотиро дар бозорҳои вилоят танг созад. Дар баробари ин, истифодаи ҳарчи бештари маҳсулоти хоми худӣ таъкид гардид.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.10.2025 №: 204