МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО РОҲБАРОНИ ҲАЙАТҲОИ ПРОКУРАТУРАҲОИ ГЕНЕРАЛИИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ

21 октябр 2025, Сешанбе
22

21-уми октябр дар Қасри миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои прокуратураҳои генералии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсози прокуророни генералӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки баргузории ҷаласаи навбатии Шуро дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар арафаи 30-солагии таъсиси он аҳамияти хоса дорад.
Бо ишора ба нақши муҳими прокуратураҳо дар таҳкими қонуният ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ гуфта шуд, ки давоми се даҳсола кишварҳои Иттиҳод низоми боэътимоди ҳамкориро барои таъмини қонуният ва мубориза бо ҷинояткорӣ барпо кардаанд.
Сарвари давлат аз натиҷаҳои мусбати ҷаласаи сарварони давлатҳои ИДМ ва ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Русия”, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки зимни ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳо Барномаи сесолаи ҳамкории кишварҳои иштирокдор оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2026-2028 қабул гардид, ки татбиқи он ба таҳкими сулҳу субот ва амният дар минтақа мусоидат менамояд.
Дар зимн, нақши калидии мақомоти прокуратура дар таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, экстремизм ва терроризм, таъкид шуд.
Дар идома иброз гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори фаъоли талошҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти мубориза бо терроризм ва дигар таҳдидҳо мебошад. Ҳамзамон, ба зарурати таҳкими ҳамкории прокуратураҳо дар доираи ИДМ ва дигар сохторҳои байналмилалию минтақавӣ ҷиҳати муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҳама гуна зуҳуроти таҳдиду хатарҳои муосири амниятӣ ишора шуд.
Дар ин замина, иброз гардид, ки ҷонибҳоро зарур аст, то дар самти муқовимат ба ҷинояткории киберӣ, минҷумла истифодаи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аз технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ, барои роҳандозии ҳадафҳои ҷиноятии худ чораҳои муштараки ҳамоҳангшуда андешида, татбиқ намоянд.
Дар фарҷом изҳори бовар шуд, ки натиҷаҳои ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсози прокуророни генералӣ ба тавсеаи ҳамкории судманд ва мубодилаи самараноки таҷриба мусоидат менамояд.

Санаи нашр: 21.10.2025 №: 205