КАРОМАТУЛЛО МИРЗО. ДАРГУЗАШТИ НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН

21 октябр 2025, Сешанбе
21


Ҳафтаи дуюми моҳи октябр, яъне чанд рӯз пеш устод Кароматулло Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон, тавассути телефон ба ман гуфтанд, ки ба кормандони «Ҷумҳурият» саломи самимӣ ва миннатдории билониҳояи маро бирасон. Ин рӯзнома ҳамаи мақолаҳои хурду калони маро дар саҳифаҳои худ сари вақт нашр кард, ман аз ҳамаи шумо бениҳоят сипосгузорам.
Хабарат ҳаст, ки ман аз соли 1980 дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» – имрӯза «Ҷумҳурият» сардори шуъбаи адабиёт ва фарҳанг будам. Аз кормандони он давра ҳама ба нафақа рафтаанд, шодам, ки ҳанӯз ин ҷо кор мекунӣ. Телефонатро аз Мирзомаҳмуд Мирбобозода гирифтам. Имрӯз аз кори эҷодӣ фароғат дорам. Намедонам, аз чи сабаб бошад, ки гузашта ба ёдам тез-тез мерасад. Кори якҷояамон дар газетаи «Комсомол» («Комсомоли Тоҷикистон», имрӯза «Ҷавонони Тоҷикистон»), симоҳои Иззатулло Ҳусайнӣ, Сергей Баҳодурович Музаффаров, Имомназари Холназар, Аҳмад Мӯсо, Муҳаммадҷон Мирзошоев, Ойтимуллои ҳуруфчин, Назокатхон Олимова, Отамурод Бекмуродов ва дигарон пайваста дар пеши назарам. Аҷоиб дастае буд бо сарварии Бахтиёр Муртазоев ва баъд бо ҳамроҳии Ато Ҳамдам.
Устод каме ист карданд, аз гӯшӣ садои ороми нафаскашӣ шунида мешуд. Дар ин фосилаи яклаҳзаина маро ёд омад, ки бо устод аз соли 1975 дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» шинос шуда будам. Ӯ мудири шуъбаи коргарҷавонон буду ман мусаҳҳеҳ. Нахустин навиштаҳои шогирдонаи моро мехонданд. Алалхусус, ба Шамсиддин Насриддинов, ки аз соли 1976 дар мизи паҳлуяшон менишаст, меҳри устодӣ доштанд. Хурду калони идора ба ӯ устод гӯён муроҷиат мекард. Ба наздашон нависандаву шоирони ҷавони зиёд меомаданд. Мо ифтихор доштем, ки устодамон дар байни эҷодкорон соҳиби қадру манзалатанд.
Аз гӯшӣ шунидам: «Шамсиддин (манзур Насриддинов) чӣ ҳол дошта бошад? Аз «Комсомол»-у «Тоҷикистони советӣ» касеро дидӣ, саломи маро бирасон».
Имрӯз, 20-уми октябр, ки аз ин суҳбати телефонии мо ҳанӯз даҳ рӯз сипарӣ нашудааст, хабари даргузашти ҷонсӯзи устод Кароматулло Мирзо, нависандае, ки бо китобҳои зиёду филмномаҳои шавқангез маҳбуби дилҳои миллионҳо хонандаву тамошобинон гаштаанд, расид. Хабари сахт вазнин, аммо чи илоҷ. Аз мо дуо. Ҷисман рафтанд, вале бо асарҳои ҷовидонаашон ҳамеша бо хонандагони имрӯзаву оянда ҳамсафанд. Руҳашон ҳамеша шод бошад. Ёдашон дар дилу дидаи мо ҷовидон боқӣ хоҳад монд.

Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 21.10.2025 №: 205