«ГИРОМИДОШТИ ШОИРИ ҶАНГОВАР ОРЗУИ МАН АСТ»
Чоруми феврали соли ҷорӣ ба қаҳрамонона ҳалок гардидани шоири ҷанговар, адабиётшиноси номвари тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 80 сол пур шуд ва мо, омӯзгорон, умед доштем, ки ин сана бо ибтикори аҳли илму адаби кишвар таҷлил мегардад, аммо мутаассифона, хаёлҳои мо хом баромаданд.
Дар ҳоле ки Ҳабиб Юсуфӣ барои рафтан ба ҷанг 11 маротиба ариза навишта, бори 12 иҷозати иштирок дар ҷангро пайдо мекунад. Ҳарчанд ин шахсият иҷозатнома, яъне варақаи нарафтан ба ҷангро бо худ дошт.
Ҷойи таассуф аст, ки Ҳабиб Юсуфӣ чун шоири ҷӯянда ва навовар дар осмони назми тоҷик мисли ситора чанде бидурахшиду ба касофати ҷанги хонумонсӯзи фашистӣ дар айни камоли эҷодӣ дар таърихи 4-уми феврали соли 1945 хомӯш гардид ва дӯстдорони шеъри нобашро дар ҳасрат гузошт.
Бовар дорем, ки соли 2026 бо мақсади абадӣ гардондани хотираи ӯ чун шаҳиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ 110-умин солгарди зодрӯзаш дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Ҳамзамон, бисёр мехостем, ки ягон мактаб ё кӯча ба номи ӯ гузошта шавад.
Азбаски китобҳои Ҳабиб Юсуфӣ «Роҳи нотамом» ва «Маҷмуаи ашъор»-аш (дар ду чилд) баъди солҳои 1970-1975 то имрӯз ягон бор бознашр нашудаанд ва дар Китобхонаи миллӣ, китобхонаҳои мактабӣ, ҷамъиятӣ ба нудрат ёфт мешаванд, бознашри онҳо ҳам тавассути нашриёти «Адиб» барои посдории хидматҳои гузаштагон кори савобе хоҳад буд. Ин иқдом боиси он мегардад, ки ашъори ватандӯстонаи шоир дастраси ҳамагон гардад. Чунки аксари шеърҳои ӯ руҳияи ватандӯстӣ дошта, бо оҳангҳои мутантани худ дар шароити кунунӣ метавонанд хештаншиносии насли навро таҳким бахшанд.
Ба ёд овардани ин мисраъ ва байтҳои пурғулғула кофист, то бузургии шоир дарк карда шавад: «Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем, Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем», «Гар, Ватан, дилро ту мехоҳӣ, фидо созам ба ҷон, Дил барои меҳри ту, ай меҳри ман, бошад макон», «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар!».
Сарбози тоҷик, лейтенант Ҳабиб Юсуфӣ дар майдони ҳарб бо ордени Ситораи Сурх (1944) ва медали Барои мудофиаи Ленинград қадр гардидааст.
Хайрулло РАҲИМОВ,
омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Варзоб
