ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

27 октябр 2025, Душанбе
30



Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи хишт
23-юми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварда, нахуст, корхонаи хишти Данғараро ифтитоҳ намуданд.
Тавре иттилоъ доданд, иншооти саноатӣ аз ҷониби ширкати ватании «Тоҷвар» сохта шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 120 ҳазор дона хишти пухтаро ташкил медиҳад ва дар он 60 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мешавад. Хишти корхона бо таҷҳизоту технологияи муосири даврзананда истеҳсол мегардад.
Истифодаи 3 намуди ашёми хом: хоки сафед, гили сурх ва хокаи ангишт дар корхонаи нави саноатӣ имкон медиҳад, ки маҳсулоти босифати ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол шавад. Ҳудуди корхонаи хишт 12 гектарро ташкил медиҳад ва тавре мутахассисон иброз доштанд, маҳсулоти хоми табиии мавзеъ метавонад барои пешбурди фаъолияти муназзами корхона солҳои зиёд хизмат расонанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи корхонаи навро дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар барои афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, фарогирии сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва рушди саноат муҳим арзёбӣ намуданд.
Амалишавии ҳадафҳои Ҳукумати кишвар ва татбиқи имтиёзҳо барои намояндагони бахши хусусӣ ба ворид кардани таҷҳизоти муосире, ки дар як вақт чанд амалро иҷро менамояд, замина гузоштааст. Аз ҷумла, роботҳо ба фаъолияти мунтазам ва баланд шудани иқтидори истеҳсолии корхона мусоидат менамоянд. Иқтидори баланди хатҳои технологӣ ва сарфаи қувваи барқ аз бартариҳои дигари технологияи ин корхонаи нави саноатӣ маҳсуб меёбад.
Тавре иттилоъ доданд, ҳоло дар кишвар 160 корхонаи хишти пухта мавҷуд аст ва ба кор оғоз намудани корхонаи хишти ноҳияи Данғара дар оянда таъминкунандаи асосии маҳсулоти сохтмонӣ ва рушди тадбирҳои созандагӣ дар ин ва дигар ноҳияҳои наздик мегардад. Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ барои бунёди ҳамин гуна як корхонаи калон дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо иқтидори 36 миллион дона хишт дар як сол асос гузоштанд. Корхонаи саноатӣ давоми як сол сохта шуда, дар он 80 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин хоҳад шуд.

Маркази нави саломатӣ
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Корез маркази нави саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои марказ дуошёна буда, аз 14 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои қабул, иммунизатсия, табобатӣ, доругузаронӣ, табибони оилавӣ ва таҳлилгоҳ иборат мебошад. Бунёди иншоот моҳи феврали соли равон оғоз гардида, дар корҳои сохтмонӣ 20 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуд. Маркази саломатӣ дар деҳаи Корез аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланду саховатпеша бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва фароҳам овардани шароити беҳтари хизматрасонии тиббӣ ба сокинон сохта шудааст. Марказ бо таҷҳизоти гуногуни замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз мебошад ва дар он мутахассисони лаёқатманд ба кор ҷалб гардида, бо шароити кории хуб таъмин мешаванд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мутахассисонро ба хизматрасонии муосири тиббӣ ба аҳолӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳидоят намуданд. Иншооти соҳаи тандурустӣ туҳфаи арзишманд ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои сокинони деҳаи Корези ноҳияи Данғара номида шуд.
Ду бинои нави таълимии Донишгоҳи
давлатии тиббии Хатлон
23-юми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Биноҳои таълимии рақами 2 ва 3 дар доираи марҳалаи дуюми бунёди маҷмааи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ба истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳу услуби зебои меъморӣ бунёд ёфт.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои таълимии №2 бо 45 синфхонаи таълимӣ барои 1200 донишҷӯ ва бинои таълимии №3 бо 49 синфхонаи таълимӣ барои 1416 донишҷӯ пешбинӣ шудаанд. Ҳамзамон, дар биноҳои нави таълимӣ 9 синфхонаи озмоишӣ, 2 толори маърузавӣ, маркази тестӣ бо фарогирии 2600 ҷойи нишаст ва 6 кафедра: биохимия ва биология, фармакология ва микробиология, тибби ҳарбӣ, беҳдошт ва эпидемиология, химияи тиббӣ ва экология ва физиологияи нормалӣ ва патологӣ бо шароити хуби таълимӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ мавҷуданд.
Ёдовар мешавем, ки фаъолияти илмӣ-инноватсионии Донишгоҳ аз соли 2018 инҷониб роҳандозӣ гардида, то имрӯз 1465 таълифоти илмӣ, 6 монография, 6 ихтироот, 65 пешниҳоди навоварона, 112 санади воридсозӣ, 14 китоби таълимӣ ва зиёда аз 60 дастури методӣ аз ҷониби олимон ба нашр расидаанд. Инчунин, аз соли 2018-ум 3 корманди муассиса рисолаи докторӣ ва 8 кас рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд.
Дар самти таҳқиқот ва гузарондани корҳои илмӣ олимони ҷавони Донишгоҳ низ муваффақ буда, ҳамасола дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат меварзанд. Ин аст, ки донишҷӯёни ин муассисаи олии касбӣ дар озмунҳо 25 ҷойи аввал, 27 ҷойи дуюм, 30 ҷойи сеюм, 20 ҷойи ифтихорӣ ва 9 дипломи дараҷаи 1 ва 2-ро ба даст оварданд. Ҳамзамон, толибилмон соли 2022 дар Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” барандаи ҷойи сеюм, соли 2023 соҳиби шоҳҷоиза ва соли 2024 сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорони Донишгоҳ таъкид намуданд, ки илму маориф доимо дар сиёсати Ҳукумати кишвар мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон, омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи кулли соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд. Яке аз ҳадафҳои муҳиме, ки дар назди омӯзгорону олимон қарор дорад, ин тарбияи мутахассисони варзида, ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аст.
Давоми нуҳ соли фаъолият заминаи моддию техникии Донишгоҳи давлатии тиббии Данғара мукаммал гардида, дар синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳои фаннию илмӣ технологияи нав, дастгоҳу таҷҳизоти муосир мавриди истифода қарор доранд.
Ба хотири густариши равобит ва ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои олӣ ва марказҳои бонуфузи илмии дохил ва хориҷи кишвар, Донишгоҳ 22 шартномаи ҳамкорӣ бо Мактаби байналмилалии Қирғизистон, Донишгоҳи тиббии Ал-Форобӣ, Донишгоҳи тиббии Қарағандаи Қазоқистон, Академияи тиббии Ҷумҳурии Беларус, Донишгоҳи тиббии Павияи Италия, Донишгоҳи ҷаҳонии Куруши Кабири ИМА ва Донишгоҳи давлатии тиббии Урали Ҷанубии Федератсияи Русия ба имзо расондааст, ки то имрӯз соҳиби панҷ лоиҳаи грантӣ мебошад. Донишгоҳ соли 2022 аъзои комилҳуқуқи Ассотсиатсияи баҳодиҳии экспертии таълими тиббӣ дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ва соли 2023 расман дар рӯйхати Феҳристи ҷаҳонии донишгоҳҳои тиббӣ ворид гардид.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми маорифи кишвар стандартҳои нави давлатӣ қабул шуда, бунёд ва зиёд намудани шумораи муассисаҳои олӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Ин аст, ки солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои олии кишвар аз 13 ба 47 муассисаи олӣ ва шумораи донишҷӯён аз 65 ҳазор ба зиёда аз 220 ҳазор расид. Таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара низ аз дастовардҳои назарраси соҳаҳои маорифу тандурустӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ба масъалаҳои сифати дониш, касбияти донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорону олимони ҷавон эътибори ҷиддӣ дода, усулҳои нави таълим ва истифодаи васеи технологияи муосир ба пуррагӣ ҷорӣ шавад. Ҳоло дар Донишгоҳ 10 шуъба, 2 шурои илмӣ, 5 марказ, 5 факултет, 21 кафедра, 2 коллеҷ, китобхонаи барҳаво, 4 ташкилоти ҷамъиятӣ, дармонгоҳ ва озмоишгоҳи марказӣ фаъолияти самаранок доранд.
Боиси зикр аст, ки соли 2021 аввалин донишҷӯён Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро хатм карда, то имрӯз теъдоди онҳо ба 1532 нафар расид. Аз ин шумора 113 нафар соҳиби дипломи аъло гашт. Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи Нақшаи генералии маркази маъмурии ноҳияи Данғара ва лоиҳаи бунёди ду бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Данғара шинос шуданд. Зимни муаррифӣ иттилоъ доданд, ки сохтмони биноҳо дар масоҳати 1430 метри мураббаъ дар кӯчаи Исмат Шарифи шаҳраки Данғара ба нақша гирифта шудааст.
Хурсандиовар аст, ки Ҳукумати кишвар маорифро аз соҳаҳои калидӣ ва пешбарандаи ҷомеа эътироф намуда, омӯзгорону олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа медонад ва мақоми олимону омӯзгоронро аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд мебардорад. Ҳар ду бино аз нуҳ ошёна иборат буда, 36 хонаи дуҳуҷрагӣ бо масоҳати 67,84 метри мураббаъ ва 36 хонаи якҳуҷрагӣ бо масоҳати 52,80 метри мураббаъ пешбинӣ гардидааст, ки 72 оилаи омӯзгоронро бо манзили истиқоматӣ таъмин хоҳад кард. Манзилҳои истиқоматӣ дар се сол омода мегарданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ба хотири устуворӣ ва мустаҳкамии иншоот дар раванди сохтмон маҳсулоти хушсифат истифода ва сифати корҳои сохтмонӣ дар мадди аввал гузошта шавад. Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақшаи генералии шаҳраки Данғара маълумот дода шуд. Нақшаи генералӣ аз ҷониби ҶСК “Шаҳрофар” дар масоҳати 3861 гектар таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми июли соли 2022 тасдиқ шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳудуди нақшаи генералии шаҳрак ба ҳудудҳои маркази маъмурию ҷамъиятӣ, иморатсозии бисёрошёна ва хусусии истиқоматӣ, коммуналию анборӣ ва хизматрасонии марказӣ ҷудо карда шудааст. Соли 2024 лоиҳаи муфассали банақшагирии кӯчаҳои Марказӣ, Неъмат Қарабоев, Зебунисо, Шарқ, Киров, Исмат Шариф, маҳаллаи №8 ва Ҷамоати деҳоти Сафобахш ва деҳаи Файзбахш дар масоҳати 240 гектар барои 72 ҳазору 700 хонавода таҳия гардид. Фонди манзили лоиҳавӣ 1 миллиону 455 ҳазору 300 метри мураббаъро дар бар гирифта, аҳолӣ аз ҳисоби 20 метри мураббаъ ба 1 нафар 72 ҳазору 700 нафарро ташкил медиҳад. Талабот ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 9600 ва таҳсилоти томактабӣ 7200 касро ташкил медиҳад. Дар ин асос, дар лоиҳаи муфассали банақшагирӣ, бунёди 315 бинои истиқоматии аз 9 то 16-ошёна, 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 46 иншооти ҷамъиятию корӣ ва савдо, 6 таваққуфгоҳи нақлиётии 5-6 ошёна, роҳҳои мошингард, майдончаҳои варзиш, боғҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти гуногуни пешбинигардида ба сифати кор ва маҳсулот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, иншооти таъиноти гуногун ва биноҳои баландошёна бо риояи стандартҳои байналмилалӣ ва унсурҳои меъмории миллӣ бунёд ёбанд.
Бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Данғара
23-юми октябр бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара бинои нави раёсати маориф мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бинои бошукӯҳ аз 7 ошёна ва 157 ҳуҷраи корӣ иборат буда, он дар доираи истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи замонавӣ ва услуби меъмории миллӣ бунёд ёфт.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои мазкур дар масоҳати 0,88 гектар бунёд гардида, дар он шароити арзандаи корӣ фароҳам аст. Бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Данғара дорои ду маҷлисгоҳи барҳаво (дар маҷмуъ, бо 500 ҷойи нишаст) мебошад. Ҳамзамон, дар бино 2 лифти замонавӣ насб гардид. Ин бинои хуштарҳу замонавӣ дорои китобхона ва ошхона бо 140 ҷойи нишаст буда, ҳамчунин, ҳуҷраҳои мусоиди корӣ муҷаҳҳаз бо муосиртарин технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ аз бартариятҳои дигари иншоот ба шумор меравад, ки ба ноҳия ҳусни дигар зам мекунад.
Шароити фароҳамгардида дар бинои нав барои 40 корманд имконият медиҳад, ки минбаъд аҳли маориф фаъолияти худро ҷоннок намуда, дар рушди соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва таълиму тарбияи насли худогоҳу ватандӯст саҳми намоён гузоранд. Атрофи бинои нав чароғон ва сабзу хуррам аст. Ҳоло дар ноҳияи Данғара 85 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 53 ҳазору 646 хонанда фаъолият дорад. Соли равон тибқи Квотаи президентӣ 18 хатмкарда ба макотиби олии кишвар дохил шуд, аз ин 9 кас духтарон мебошанд. Ҳамзамон, барои таҳсили солҳои 2025 – 2026-ум 454 омӯзгор аз курси такмили ихтисос гузаштааст.
Дар идомаи таҳсили соли 2025 хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ иштирок карда, соҳиби 171 медал – 13 тилло, 22 нуқра ва 136 биринҷӣ, гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз шиносоӣ бо иншооти нав, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба аҳли маорифи ноҳия барои боз ҳам баланд бардоштани сифати тадрис, истифодаи васеи технологияҳои муосир, ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дастуру тавсияҳо доданд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1
23-юми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои Муассисаи таълимӣ, ки аз чор ошёна иборат аст, барои таҳсили 3420 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дар доираи таваҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас бо саҳми соҳибкорони ватандӯст бунёд шуд. Ифтитоҳи иншооти нави соҳаи маориф дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои омӯзгорону хонандагон ва сокинони ин маҳалла туҳфаи арзанда аст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номгузорӣ гардид. Иншоот бо назардошти талаботи соҳа, унсурҳои меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба зарфиятҳои муосир бо сифати баланд сохта шуда, 57 синфхона ва 24 кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳҳо бо технологияи пешрафта ва воситаҳои муосири илмомӯзӣ муҷаҳҳаз мебошад. Кабинети фаннҳои химия, биология, физика, география, технологияи меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ ва лингафонӣ мутобиқ ба талабот бунёд гашта, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон заминаи мусоид мегузорад. Вобаста ба талаботи муосир Муассиса дорои 46 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет мебошад. Озмоишгоҳҳои фаннӣ, китобхона бо толори хониш ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо асбоби мусиқӣ барои васеъ гардидани ҷаҳонбинии хонандагон пешбинӣ шудааст. Сохтмони бинои мактаб соли 2024 оғоз ёфта, он мутобиқ ба талаботи муосир дар масоҳати 11 ҳазору 870 метри мураббаъ дар муддати кӯтоҳ бунёд шуд.
Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти ин Муассисаи наву замонавӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳибилм шудани насли наврасро амали шоиста унвон намуданд.
Дар Муассисаи мазкур Осорхонаи Пешвои миллат таъсис гашта, дар он аксҳои панҷ давраи зиндагӣ ва ҳаёту фаъолияти Роҳбари давлат гирдоварӣ шудааст. Мавҷуд будани чунин Осорхона дар Муассиса бевосита ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон ва арҷ гузоштан ба талошҳои пайваста ва шабонарӯзии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумӯ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва миллати сарбаланди тоҷик мусоидат хоҳад кард. Толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзиши Муассиса ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷисман обутоб ёфтани хонандагон мусоидат мекунад. Майдончаи варзиш аз бартариҳои дигари мактаб дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш унвон мешавад. Фароҳам овардани чунин шароит имкон медиҳад, ки хонандагон вақти холии худро босамар гузаронанд. Муассисаи таълимӣ, ҳамчунин, дорои толори маҷлис бо 400 ҷойи нишаст ва ошхона барои 272 нафар мебошад. Иншооти нави таълимӣ дорои таҷҳизоти махсуси гармидиҳӣ буда, гармии Муассиса дар давраи сардиҳо таъмин мешавад. Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки хонандагон дар шароити хуб таълим гиранд. Атрофи Муассиса сабзу хуррам гардонда шуда, дар он дарахтони ороишиву сояафкан ва гулу буттаҳои ороишию рангоранг парвариш меёбанд, ки ба ҳусни мактаб зебоии дигар зам намудаанд. Ҳамзамон, дар шабонгоҳон чароғҳои гуногун ин маҳалро равшан мекунанд.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки бинои ин боргоҳи маърифат аз лиҳози сохтмону меъморӣ ва фарогирии шумораи зиёди хонандагон ба таҳсил дар ноҳия камназир аст.
Бояд зикр кард, ки дар ноҳияи Данғара танҳо давоми як соли охир 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 8 ҳазор ҷойи нишаст бо саҳми соҳибкорон бунёд ёфт.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар Муассиса Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулони соҳаро ба истифодаи самарабахш аз имконияти фароҳамшуда, омӯзиши илмҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва расидан ба қадри дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки бунёди муассисаҳои нав, ворид намудани технологияи муосир барои омӯзиш ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар ба таъмини имрӯзу фардои босаодати насли наврас равона шудааст. Аз ин лиҳоз, хонандагонро ба хониши хубу аъло, илмомӯзӣ, соҳибкасбу забондон ва вориси шоистаи гузаштагони хеш шудан ҳидоят намуданд.
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳраки Данғара, чи тавре ки зикр кардем, Осорхонаи Пешвои миллат таъсис дода шудааст. Осорхона бо тарҳи муосир оро ёфта, дар он зиёда аз 100 экспонат аз зиндагию корномаи Ҷаноби Олӣ аз овони мактабӣ то давраи давлатдорияшон ҳикоят мекунад. Дар Осорхона айёми мактабӣ, солҳои донишҷӯӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, раҳбарӣ дар хоҷагӣ ва даврони роҳбарии давлати Тоҷикистон бо расму мусаввараҳо оро дода шудааст. Ҳадаф аз таъсиси Осорхона, пеш аз ҳама, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва дар сатҳи хуб муаррифӣ намудани воқеияти зиндагию корнома ва фидокориҳои Сарвари давлат ба насли наврас мебошад. Осорхона дорои мудирият аст, ки метавонад ба хонандагону меҳмонон оид ба аҳамияти он маълумоти дақиқ диҳад.

Маркази хизматрасонии сайёҳӣ
23-юми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ Маркази хизматрасонии сайёҳӣ дар деҳаи Булёни Поён ва зиёда аз 50 километр роҳҳои мумфаршгардидаи ҳудуди ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази хизматрасонии сайёҳӣ аз гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ, меҳмонхона, ошхона бо 20 ҷойи нишаст ва 4 ҳуҷраи ёрирасон иборат мебошад. Бинои мазкур дар канори роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ бо мақсади муаррифии имконияҳои сайёҳии ноҳия, ҳунарҳои қадимаи миллӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ сохта шуд. Аснои шиносоӣ иттилоъ доданд, ки тарҳи бино ба талаботи меъмории муосир ҷавобгӯ буда, дар дохили он тамоми унсурҳои миллӣ ба инобат гирифта шудаанд ва масоҳати он 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Атрофи бино чароғону сабзкорӣ шуда, ҳамчунин, дар канори он ҳавзи моҳипарварӣ мавҷуд аст, ки барои сайёҳон имконият медиҳад, ба моҳидорӣ, қаиқронӣ ва сайругашт машғул шаванд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори соҳа дастуру супоришҳо доданд. Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба таври фосилавӣ бо зиёда аз 50 километр роҳҳои ҳудуди ноҳияи Данғара, ки аз ҷониби соҳибкорони боҳиммату ватандӯст бунёд ва мумфарш гардиданд, шинос шуданд. Сокинону соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бо пайравӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат барои дар сатҳи баланд истиқбол намудани Ҷашни пуршукӯҳи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониро вусъат мебахшанд.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳҳои шаҳраки Данғара навсозӣ ва канорҳои роҳ васеъ шуда, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 77 километр роҳҳои дигари деҳоти ноҳия мумфарш мешаванд. Ҳоло зиёда аз 10 километр роҳҳои 3 кӯчаи марказӣ ва 4 деҳоти ноҳияи Данғара, аз ҷумла кӯчаҳои Мирзо Турсунзода, Восеъ, Кароматулло Қурбонов ва деҳаҳои Пушинг, Шар-Шар, Ғиҷовак ва Алиҷон мумфарш гаштанд. Бунёд ва мумфаршнамоии роҳҳои дохили деҳоти ноҳия имкон медиҳад, ки ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт ва рафтуомади сокинон ба дигар деҳот ва маркази ноҳия дар ҳамаи фаслҳои сол таъмин гардад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони маҳаллиро дар бунёду мумфаршнамоии роҳҳо шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонда, ин ташаббусҳоро нишонаи возеҳи ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан маънидод карданд.

Бинои нави маркази саломатӣ дар деҳоти Корез
Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Раҳмониёни деҳоти Корез бинои нави маркази саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити кор ва хизматрасонии он шинос шуданд.
Бунёди бинои нави маркази саломатӣ аз моҳи феврали соли равон оғоз гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 45 мутахассису коргари маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб шуд. Иншоот пурра бо истифода аз маҳсулоти баландсифати ватанӣ ва бо харҷи 10 миллион сомонӣ эъмор гардид. Маркази нави саломатӣ сеошёна буда, аз шуъбаи таваллуд бо 10 кати хоб барои модару кӯдак, 46 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла барои табиби дандон, ташхиси ултрасадо, тибби оилавӣ, ҷарроҳӣ, ташхиси дилу рагҳо, амрози занона ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Бино бо таҷҳизоти махсуси гармидиҳӣ таъмин мебошад. Иншооти нави саломатӣ барои хизматрасонӣ ба зиёда аз 100 ҳазор сокини ноҳия бо сатҳу сифати ҷавобгӯ ба талаботи муосир пешбинӣ мешавад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар маркази нави саломатӣ шароиту имкониятҳои муосири кору хизматрасонӣ фароҳам буда, 54 таҷҳизоти тиббии он аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ харид гаштааст.
Маркази навбунёди саломатӣ аз ҷумлаи иқдомҳои роҳбарияти давлат дар самти татбиқи сиёсати инсондӯстонаи иҷтимоӣ ва дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфта, бо тарҳ ва намои зебои худ ба ҳусни ин мавзеъ зебоии дигар зам менамояд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои бунёди маркази муосири саломатӣ изҳори сипос карда, табибонро ба хизмати софдилона ба мардум ҳидоят намуданд.
Дар партави сиёсати иҷтимоии давлат ва дастгириҳои ҳамешагии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди муассисаҳои нави тиббӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир дар кишвар зиёд гардида, сатҳу сифати хизматрасониҳо боло мераванд.

Маркази саломатӣ дар деҳаи Рахшонзамин
23-юми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара бинои маркази саломатии деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корезро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази навбунёд аз ду ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 1780 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ ва бо сифати баланд аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфт. Дар марказ 7 ҳуҷраи табобатӣ, 13 ҳуҷраи корӣ, 3 ҳуҷра барои таваллуди тифл ва 7 кати хоб мавҷуд буда, барои хизматрасонӣ ба беш аз 7 ҳазор нафар пешбинӣ мегардад. Корҳои сохтмонӣ аввали соли ҷорӣ оғоз гашта, дар ҷараёни он зиёда аз 40 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуд. Марказ аз 5 шуъба иборат буда, барои хизматрасонӣ табибони баландихтисос ва ҳамшираҳои соҳибтаҷриба бо кор таъмин гардиданд.
Сарвари давлат аз шароити фароҳамшудаи марказ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳия дастур доданд, ки бо истифодаи самараноки таҷҳизоти муосир ба сокинон хизмати босифат расонанд.

3 бинои дуошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгорон
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара се бинои дуошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгорони ҷавонро ба истифода доданд.
Иншооти нави иҷтимоӣ аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорони ҳимматбаланди деҳа бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ барои 40 омӯзгори ҷавон сохта шуда, дар он мутобиқ ба талаботи замон барои зист шароит фароҳам оварда шудааст.
Нахуст, 11 омӯзгори ҷавон, ки аз ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тибқи Квотаи президентӣ Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм карданд, соҳиби манзилҳои истиқоматӣ шуданд. Ин нафарон дар муассисаҳои таълимии деҳаи Пушинг аз фанҳои дақиқ ва забонҳои русию англисӣ ба наврасон дарс мегӯянд. Оянда даҳ омӯзгор аз вилоятҳои Хатлону Суғд ва дигар шаҳру ноҳияҳо барои фаъолият дар муассисаҳои таълимии деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара бо тариқи озмун ҷалб шуда, дар ҳамин ҷой бо манзили зисти дорои шароити муосир таъмин мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз пешаи пуршарафи омӯзгорӣ ҷавононро ба истифодаи босамар аз имконияти мавҷуда ва дар руҳияи донишмандию хештаншиносӣ ба камол расондани насли наврас ҳидоят карданд.
Ёдовар бояд шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва беҳтар кардани сифати таълим дастур дода буданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони бахши хусусӣ ҷиҳати бунёди чунин манзилҳои истиқоматии барҳаво барои омӯзгорон ва бо кори пурифтихору манзили зист таъмин кардани гурӯҳе аз хатмкардагони Донишгоҳи давлатии Хоруғ изҳори сипос намуда, ташаббуси соҳибкоронро намунаи ибрат хонданд. Иқдоми соҳибкорон омӯзгоронро водор месозад, ки барои иҷрои рисолати касбӣ ва таълиму тарбияи насли наврас хизмати садоқатмандона анҷом диҳанд. Саҳни манзилҳои истиқоматӣ барои омӯзгорони ҷавон дар деҳаи Пушинг дар асоси лоиҳаи муосир сабзкорӣ шуда, дар он ба хотири фароғати хуш суҳбаткадаҳо ҷой гирифтаанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №90
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар деҳаи Рахшонзамин Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №90-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки барои 2160 хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад.
Мактаби замонавии бошукӯҳ дуошёна буда, аз ҷониби оилаи Бобозодаҳо ва бо саҳми дигар соҳибкорони меҳандӯсти деҳаи Рахшонзамин бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбияи насли наврас бунёд ёфт.
Корҳои сохтмонӣ дар Муассиса бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта оғоз гардида, дар муддати камтар аз як сол ва қабл аз муҳлати муқарраршуда бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расиданд.
Муассисаи замонавии таълимӣ аз 36 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла барои фанҳои химия, физика, математика, омӯзиши компютер, технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, китобхонаву толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони Муассиса ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Дар озмоишгоҳҳои мактаб асбобу аёниятҳои дарсӣ мавҷуданд, ки хонандагон барои гузарондани таҷрибаҳои гуногуни амалӣ аз онҳо босамар истифода мебаранд. Дар синфхонаи компютерӣ, ки бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз аст, хонандагон имкон доранд, аз нозукиҳои кор бо технологияи иттилоотӣ бохабар гарданд.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкасб гардондани хонандагон асбобҳои дуредгарӣ, кандакорӣ, мошинҳои дӯзандагӣ харид гардида, барояшон шароити муосири омӯзиш фароҳам овардаанд. Духтарон баробари омӯхтани либосдӯзӣ, ҳамзамон, бо роҳнамоии омӯзгорон метавонанд аз нозукиҳои касбу ҳунарҳои дигар низ бохабар шаванд.
Барои тарғибу ташвиқи бештари варзиш ва ба ин восита ташаккул додани тарзи ҳаёти солим, дар Муассиса толори варзиш барои бозиҳои футболу волейбол ва 2 майдончаи варзиши дигар дар саҳни бино сохта шуданд. Бо мақсади ташкил ва баргузор кардани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, таълимгоҳ дорои маҷлисгоҳ бо 160 ҷойи нишаст мебошад. Он бо мизу курсии босифат ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, бо санъати миллии меъморӣ оро ёфтааст. Дар ошёнаи якуми Муассиса ошхона мавҷуд аст, 60 ҷойи нишаст дорад. Дар мактаб барои таълиму тарбияи хонандагон 52 омӯзгори соҳибтахассус фаъолият менамояд. Мактаб дорои таҷҳизоти гармидиҳист, ки аз тариқи он синфхонаҳо дар фасли зимистон гарм нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳадаф аз бунёд ва ба истифода додани Муассиса, идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ин восита беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат дар руҳияи илмомӯзӣ ва ватандӯстӣ мебошад. Атрофи бинои нави Муассиса хуррам буда, дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ парвариш мешаванд, ки барои ташаккули ҳисси зебоипарастии хонандагон мусоидат менамояд. Суҳбаткадаҳои саҳни бино бошад, бо тарҳи ҷолиб омода шуда, намои зоҳирии Муассисаро боз ҳам диданӣ намудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёшуда дар иншооти таълимии навбунёд, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, омӯзгоронро ба истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда ва тарбияи ҷавонони босаводу лаёқатманд ҳидоят карданд.

Майдони варзишии болопӯшида
Майдони варзишии болопӯшида дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корез сеюмин иншооти аз ҷониби соҳибкор Ҷомии Абдураҳмон сохта шуда аст, ки бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт.
Иншоот барои баргузории бозии футбол пешбинӣ шуда, рамзи таваҷҷуҳ ба рушди ин навъи варзиш ва сарафрозии соҳибкорон аз ташаббус ва пешниҳоди президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аст, ки соли 2024 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Майдони варзишии болопӯшида дар масоҳати 20 садяк замини бекорхобида бо паҳноии 22 метр ва дарозии 42 метр бунёд ёфт. Иншоот бо ҷалби 40 сокини маҳаллӣ сохта шуда, ҳамчун макони баргузории бозиҳои дӯстона ва муттаҳидкунандаи ҷавонон хизмат менамояд. Тарҳи майдон имкон медиҳад, ки бозиҳои футбол, сарфи назар аз фаслҳои сол, баргузор шавад. Дар шафати иншоот барои бозии волейбол ва машқу тамрин шароит фароҳам аст. Ҳуҷраҳои ивазкунии либос, ҳаммом ва дигар инфрасохтори мавҷуда таваҷҷуҳи ҷавононро ба намудҳои гуногуни варзиш бештар намуда, ба ташаккули тарзи ҳаёти солим нақш мегузорад. Ҳудуди майдони варзишии болопӯшидаро гулҳои рангин, буттаҳо ва дарахтони ороишиву ҳамешасабз зинат медиҳанд.
Сокинон имкон доранд, ки аз рақобати дастаҳои футбол ва гулгашти ҳудуди он хушу бароҳат тамошо намоянд. Барои ин дар паҳлуи майдони варзиш нишастгоҳҳо насб гардидаанд.

Китобхона дар деҳаи Ғарғара
Китобхонаи бо тарҳу намои муосир сохташуда, аввалин иншооте буд, ки 23-юми октябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғара ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.
Иншоот бо ҳадафи тақвияти дониш ва иттилооти аҳолии деҳот, омӯзиши илмҳои замони муосир ва омодагии довталабон ба сабқатҳои зеҳнӣ аз ҷониби соҳибкор Ҷомии Абдураҳмон сохта шуд. Дар китобхона 10 ҳазор адабиёти гуногун мавҷуд аст.
Ҳамкорӣ ва пайваст будан бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон, китобхонаи фарҳанг, китобхонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар марказҳои илму дониш хазинаи адабиёти электронии китобхонаро ба зиёда аз як миллион мерасонад. Фароҳам будани ин шароит имкон медиҳад, ки хоҳишмандон ба асарҳои сиёсӣ, бадеӣ ва илмии бузургтарин шахсиятҳои ҷаҳон дастрасӣ дошта бошанд. Омӯзиш ва донистани забонҳои хориҷӣ аз масъалаҳои зери таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат аст. Дар китобхона маркази забономӯзӣ низ кушода шуд, ки бо 18 компютери пайваст бо хатти интернет ва дигар аёниятҳои хониш муҷаҳҳаз мебошад.
Дар се синфхонаи барои 36 нафар пешбинишуда шароити муосири омӯзиши забон ва фанҳои дақиқ муҳайё шудааст. Забонҳои рӯсӣ, англисӣ, чинӣ, олмонӣ ва илмҳои дақиқро омӯзгорони дорои дониш ва таҷрибаи баланди касбӣ меомӯзонанд. Панҷ ҳуҷраи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти рӯзгор барои истироҳат ва будубоши омӯзгорон пешбинӣ мешавад. Дар китобхона ва маркази омӯзиши забонҳо 12 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуд.

Муассисаи таҳсилоти томактабии «Ҷасур»
23-юми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғара Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ҷасур»-ро ифтитоҳ намуданд.
Иншоот дар асоси супориши Роҳбари давлат вобаста ба бунёди ҳатмии кӯдакистон дар маҳаллаҳои дорои зиёда аз 100 хоҷагӣ аз ҷониби соҳибкор Ҷомии Абдураҳмон сохта шуд. Ин иқдом бозгӯи гузоштани саҳми муносиб дар татбиқи босамари Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025 аз ҷониби соҳибкорон аст. Дар деҳаи Ғарғара ин аввалин кӯдакистон буда, тарҳи миллӣ ва муосир дорад. Синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимот барои бо таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани 350 кӯдак пешбинӣ мегардад. Таълими дӯстрӯякон ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо ҷалби 12 парастори соҳибтахассус сурат мегирад. Машғулияти кӯдакон бо истифода аз ранг, ҳарфу рақам, аломату нишонаҳо ва шаклҳои геометрӣ гузаронда мешавад. Парасторон бо истифода аз ин шароит ва ташкили бозиҳои гуногун, омӯзиши суруд, рассомӣ ва машқҳои равонӣ қобилияти ҳалли масъалаҳо ва фикрронии кӯдаконро инкишоф медиҳанд. Барои истироҳати кӯдакон ҳуҷраҳо бо рахти бароҳат, ҷевон ва бозичаҳои мутобиқ ба завқи онҳо таъмин шудааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро барои дар шароити деҳот бунёд намудани кӯдакистони ҷавобгӯ ба талабот намунаи пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар унвон карданд. Ба таъкиди Сарвари давлат, фаъолияти боғчаҳо дар рушди зеҳну тафаккур, забон ва муошират, эҷодкорӣ, мутобиқ шудан ба муҳити омӯзиш ва омодагии кӯдакон ба давраи мактаб нақши муассир мегузорад. Масъалаҳои бунёд ва фаъолияти кӯдакистонҳо дар ҳамаи шаҳру деҳот, ки ба иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар хусуси фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ нақш мегузорад, бештар таъкид гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳайати мураббияҳо истифодаи дурусти шароити фароҳамшуда ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани кӯдаконро тақозо намуда, иҷрои дурусти ин рисолатро нишони дӯст доштани миллату давлат унвон карданд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89
Дар рӯзи дуюми сафари корӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорони ватандӯст бунёд ёфта, дорои шароити муосири таълиму тарбия мебошад.
Муассисаи навбунёд барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои 4 синфхонаи ибтидоӣ, 5 синфхонаи фаннӣ, як синфхонаи компютерӣ, 3 синфхонаи умумии таълимӣ, ҳуҷраи кории омӯзгорон ва китобхона мебошад, ки дар онҳо имконоти ҳозиразамон ва лавозимоту аёнияти таълимӣ муҳайё гардидааст. Дар китобхонаи Муассиса беш аз 1500 адабиёти илмию бадеӣ маҳфуз буда, хонандагон бо китобҳои дарсии нав таъминанд. Иштироки хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89 дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ назаррас буда, соли 2024 як хонандаи он дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф шуд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин Муассисаи таълимӣ бо назардошти осон намудани мушкили хонандагон, ки қаблан барои таҳсил тақрибан 2 километр роҳро аз мавзеъҳои душворгузар тай менамуданд ва дар фасли зимистон пешорӯи душвориҳо мегардиданд, бунёд ёфт. Сохтмони бинои мактаб соли 2024 оғоз гашта, бо сифати баланд ва ҷавобгӯйи талабот пеш аз муҳлат ба истифода дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон ва омӯзгорони Муассиса дастур доданд, ки истифодаи самараноки шароиту имконоти муҳайёшударо ба манфиати кор ба роҳ монда, дар тақвияти донишу малакаи хонандагон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, омода намудани толибилмон ба озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар маҳал таваҷҷуҳи аввалиндараҷа равона созанд. Атрофи Муассиса бо гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ороишию ҳамешасабз оро дода шуда, дар идомаи тадбирҳои ободонӣ роҳи Муассиса то роҳи асосии деҳа мумфарш гардидааст.

Корхонаи ҶДММ "Парандаи Пушинг"
24-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Пушинг корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парандаи Пушинг»-ро ифтитоҳ намуданд.
Корхонаи мазкур бо ҳадафи саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ таъсис дода шуд. Барои парвариш ва нигоҳдории мурғ шароити мусоид фароҳам буда, иқтидори парандапарварӣ 40 ҳазор сар чӯҷаро дар бар мегирад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона, иброз доштанд, ки таъсиси чунин корхонаҳо барои баланд бардоштани сатҳи таъминот бо маҳсулоти ватанӣ аҳамияти калон дорад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати истеҳсоли худӣ таъмин шуда, барои аҳолӣ ҷойҳои нави кор муҳайё гардад. Масоҳати корхонаи «Парандаи Пушинг» 23 ҳазору 695 метри мураббаъро ташкил дода, дар он фермаҳои парандапарварӣ, қитъаҳои махсуси нигоҳдорӣ ва коргоҳи хӯроки омехта мавҷуданд. Ҳоло дар фабрикаи истеҳсоли хӯроки паранда асбобу таҷҳизоти муосир насб гашта, истеҳсоли он мутобиқи талаботи ҷаҳонӣ сурат мегирад. Дар маҷмуъ, дар корхонаи «Парандаи Пушинг» 15 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занон, бо кори доимӣ ва музди хуб таъмин шудаанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар паҳлуи корхона 165 панели офтобӣ насб гардидааст, ки ҳар рӯз 380 кВт/с неруи барқ истеҳсол мекунад. Аз ин ҳаҷм, корхона тақрибан 115 кВт/с неруи барқро барои таъмини фаъолияти худ истифода мебарад, боқимонда метавонад барои ниёзҳои дигар равона гардад. Ҳамчунин, дар ҳудуди комплекси агросаноатии мазкур ниҳолҳои сабзу зебо парвариш мешаванд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки барои баланд бардоштани фоиданокии кор шумораи коргоҳҳои парвариши паранда афзун карда шавад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба масъулин дастур доданд, ки аз масоҳати он на танҳо барои парвариши гулҳои мавсимӣ, балки дигар зироатҳои кишоварзӣ низ самаранок истифода баранд.

Гармхонаҳои хоҷагии деҳқонии «Восеъ»
24-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара чор гармхонаи наву муосири хоҷагии деҳқонии «Восеъ»-ро, ки дар деҳоти Пушинг ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд.
Ин гармхонаҳо бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ, оилаи Холматовҳо бо мақсади афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сохта шуда, дар онҳо помидор, бодиринг ва лимӯ парвариш мегарданд. Масоҳати гармхонаҳо 10 садяк заминро ташкил дода, дар онҳо тамоми инфрасохтори зарурӣ барои нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маҳсулот фароҳам аст. Системаи обёрии қатрагӣ ва таҷҳизоти идоракунии ҳарорат имкон медиҳад, ки дар як сол ду маротиба ҳосил ба даст ояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми шиносоӣ бо раванди кор дар гармхонаҳо, таъкид сохтанд, ки татбиқи чунин лоиҳаҳои кишоварзӣ барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза ва боло бурдани иқтидори содиротии кишвар аҳамияти калидӣ доранд. Дар атрофи гармхонаҳо корҳои ободонӣ анҷом ёфта, гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда ба ҳусни ин мавзеъ зебоӣ мебахшанд.
Сарвари давлат ба натиҷаи заҳмати кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Восеъ» баҳои баланд дода, фаъолияти онҳоро дар рушди соҳаи кишоварзӣ саҳми арзанда номиданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми боздид ба масъулон дастур доданд, ки бо истифодаи самараноки имкониятҳо ҳаҷми истеҳсолро афзоиш дода, барои рушди устувори соҳа, бахусус дар шароити гармхона, тадбирҳои нав андешанд.

Бинои қасри фарҳанг
24-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Марказии деҳаи Пушинг бинои нави қасри фарҳангро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти навбунёд дар масоҳати 1 ҳазору 950 метри мураббаъ бунёд ёфта, дорои як толори калон бо 500 ҷойи нишаст, китобхона ва ҳуҷраҳои машқу тамрин буда, дар он шароити зарурии корӣ барои маъмурият ва аҳли фарҳанг фароҳам мебошад. Иншооти мазкур ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи муосир сохта шудааст.
Сақфу дару деворҳои қасри фарҳанг ва толори барҳавои он бо тарҳи замонавӣ ва бо истифода аз ҳунару анъанаҳои волои миллати тоҷик, санъати баланди меъморӣ, аз ҷумла гаҷкорию кандакорӣ ва чароғҳои рангаву қандилҳои зебо, оро ёфтааст.
Сохтмони иншооти мазкур бо ҷалби бунёдкорони маҳаллӣ моҳи ноябри соли 2024 оғоз ёфта, дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд ба анҷом расид. Баробари ба истифода додани ин иншооти муосири фарҳангӣ, 50 мутахассиси соҳаи фарҳанг соҳиби кор гардид.
Зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати онҳо баҳои баланд дода, ифтитоҳи чунин иншооти муосири ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳониро ба истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, иқдоми шоиста ва намунаи ибрат арзёбӣ намуданд. Қасри фарҳанг дорои инфрасохтори зарурӣ буда, барои аҳли фарҳанг ва сокинони ин гӯшаи зебоманзари диёр дастоварди намоёни фарҳангӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дониста мешавад. Аҳли фарҳанг ва сокинони деҳаи зебоманзари Пушинг ин туҳфаи арзишманди навбатии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудӣ ва арзи эҳтирому миннатдорӣ пазируфтанд. Дар паҳлуи қасри фарҳанг дар майдони 800 метри мураббаъ гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо ниҳолҳои нодиру ҳамешасабз ва гулҳои рангоранги мавсимӣ бунёд шуда, ҳудуди онро шаршара бо баландии шаш метр ҳусни дигар мебахшад, ки сокинон ва меҳмонон метавонанд ба таври шабонарӯзӣ дар он истироҳату фароғат намоянд. Бинои қасри фарҳанг дар як мавзеи зебои деҳаи Пушинг бунёд ёфта, бо шабакаи алоҳидаи гармидиҳӣ ва салқинкунӣ муҷаҳҳаз аст.
Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару истеъдоди кормандони фарҳанги деҳаи Пушинг баҳои баланд дода, масъулонро ба интихоб ва таълиму тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадори соҳаи фарҳанг ва саҳм гузоштан дар рушди фарҳанги кишвар ҳидоят карданд.

Муассисаи томактабии «Гулистон»
24-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Пушинг бинои Муассисаи томактабии «Гулистон»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти навбунёд аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати 2264 метри мураббаъ бо сифати баланд ва шароити замонавӣ бунёд ёфт.
Дар иншооти навбунёди таълимӣ 300 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои кор бо онҳо 10 мураббия ва ёварони онҳо, ки ҳамагӣ соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ мебошанд, ҷалб гардидаанд. Шумораи умумии кормандон дар Муассиса 29 касро ташкил медиҳад. Бино дорои 16 ҳуҷраи барҳавои машғулият, аз ҷумла 8 ҳуҷраи хобу истироҳат, ошхона ва иншооти ёрирасон буда, ҳар кадоми он бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои таълимӣ муҷаҳҳаз аст. Дар синфхонаҳо бо мақсади ташаккулу инкишофи зеҳнии кӯдакон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳаманд. Бинои кӯдакистон бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст буда, ҳуҷраҳои он бо оби гарм таъмин мебошанд. Дар Муассиса раванди таълим ва машғулиятҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат гирифта, барои бедор сохтани завқи эстетикии кӯдакон толори мусиқӣ низ фаъолият мекунад.
Зимни боздид аз шароити кӯдакистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо ва имкониятҳои фароҳамгардида баҳои баланд дода, аз иқдомҳои созандаи соҳибкорони меҳандӯсти ноҳия изҳори қаноатмандӣ карданд. Саҳни бинои Муассисаи томактабии «Гулистон» бо дарахтон ва гулу буттаҳои ороишиву ҳамешасабз ороста шуда, даромадгоҳи он пештоқи ҷолибу назаррабое дорад, ки бо завқу салиқаи баланд зинат ёфтааст ва барои баланд бардоштани ҳисси зебоиписандии кӯдакон муассир мебошад. Ҳамзамон, дар саҳни бино айвончаи тобистона барои гузарондани машғулиятҳо сохта шудааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорон ва масъулон, онҳоро барои ба роҳ мондани таълими босифат, ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир ба хонандагон, тарбияи кӯдакон дар руҳияи ватандӯстӣ ва аз хурдӣ ҷой додани эҳтирому садоқат ба обу хоки аҷдодӣ дар қалби онҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №88
24-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинг, ҳамчунин, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 88-и ба номи Қосим Сироҷро бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити он аз наздик шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо ҳадафи бартарафсозии мушкилоти ҷойи нишаст ва бо кор таъмин намудани омӯзгорони ҷавон, аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорони деҳаи Пушинг сохта шуд, ки дар он 2160 хонанда дар ду баст метавонад таҳсил намояд.
Соҳибкорону шахсони ватандӯсти деҳаи Пушинг барои иҷрои саривақтии супоришҳои Сарвари давлат дар самти бунёди мактабҳои замонавӣ ва таъмини шароити беҳтари таҳсил дар онҳо аз моҳи январи соли 2025 барои бунёди мактаби замонавӣ иқдом гирифтанд. Ҳамин тавр, мактаб дар муҳлати нуҳ моҳ бо ҷалби 200 коргари маҳаллӣ сохта шуда, барои омӯзгорони ҷавон, ки аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муассисаҳои таълимии деҳаи Пушинг ҷалб шудаанд, шароити хуби кору зиндагӣ фароҳам оварда шуд.
Муассисаи тозабунёд ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи муосиру сифати баланд эъмор гардида, аз 27 синфхонаи таълимӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, толори варзиш барои гузарондани бозиҳои валейболу баскетбол, ошхона ва майдони футболи хурд иборат мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ бо шароити Муассиса, ба сифати корҳо баҳои баланд дода, иқдоми навбатии соҳибкорони ноҳияи Данғараро намунаи олии саҳмгузорӣ дар рушди илму маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа номиданд. То соли 2018 дар ин ҷо мактаби куҳнаи якошёна мавҷуд буд ва дар 12 синфхонаи он 700 хонанда дар ду баст таҳсил мекард. Норасоии ҷойи нишаст ва қисман то 3 километр дур будани аҳолӣ аз мактаби дигар барои хонандагон, бахусус дар давраи тирамоҳу зимистон, мушкилоти зиёд меовард. Бо дар назар гирифтани ҳамин мушкилот, дар ҷойи он, мактаби дуошёнаи замонавӣ сохта шуд, ки синфхонаҳои барҳавои он дорои имконоти мусоиди илмомӯзӣ мебошанд.
Омӯзгорони ҷавони фанни физика, химия, биология ва забонҳои хориҷӣ, ки барои идомаи фаъолият аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба мактабҳои деҳаи Пушинг ҷалб шудаанд, аз роҳандозии ин иқдом руҳбаланд шуда, ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки барои донишманд гардондани насли ҷавон саҳми босазои худро мегузоранд. Дар маҷмуъ, пас аз ифтитоҳи Муассиса 20 омӯзгор бо кор ва маоши хуб таъмин шуд. Синфхонаҳои физика, химия, биология, технологияҳои иттилоотӣ ва синфхонаҳои таълими меҳнати писаронаву духтарона имкони хуби омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун барои хонандагон аст, ки барои ин омӯзгорони ботаҷриба низ ҷалб шудаанд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №88-и ба номи Қосим Сироҷ дар масоҳати 2500 метри мураббаъ бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ бунёд ёфт. Дар шафати мактаб барои дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин намудани синфхонаҳои таълимӣ иншооти алоҳида сохта шуд, ки бо ангишт фаъолият менамояд.
Сарвари давлат дар идомаи боздид нақши омӯзгорро дар тарбияи ҷавонони худшиносу ватанпарвар ва пешрафти ҷомеа муҳим номида, иброз доштанд, ки баҳри таъмини шароити зисти онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки давоми ду рӯзи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара дар марказ ва деҳоти он 5 муассисаи нави таълимӣ бо 8500 хонанда дар ду баст ва 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 1050 кӯдак ба истифода дода шуд, ки ин намунаи олии саҳмгузорӣ ва дастгирии соҳибкорони ватандӯсти ноҳияи Данғара дар рушди соҳаи маориф мебошад.

Бинои нави Ҷамоати деҳоти Пушинг
24-уми октябр, дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Ҷамоати деҳоти Пушингро ба истифода доданд.
Бино дуошёна буда, аз 10 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад. Иншоот дорои шароити мусоиди корист ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта шудааст. Бинои нави Ҷамоат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Диловар Шарифзода дар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфт. Масоҳати умумии иншоот чор садяк замин буда, бо харҷи маблағҳои шахсии соҳибкор қомат афрохт. Гирду атрофи он обод карда шуда, барои фаъолият ва қабули шаҳрвандон шароити муносиб муҳайё мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, баён доштанд, ки ин гуна иқдомҳои ватандӯстона нишонаи эҳсоси баланди масъулият ва саҳми арзандаи сокинон дар корҳои ободонии кишвар мебошад. Сарвари давлат масъулонро ба хизмати софдилона, истифодаи самараноки шароити муҳайёгардида ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуданд. Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Ҷамоати деҳоти Пушинг соли 2024 оғоз гашта, аз ҷониби бинокорони маҳаллӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои сохтмонии муосир ба сомон расид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки кормандони Ҷамоат бояд аз ин имкониятҳо самаранок истифода бурда, ба иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ, риояи қонунҳо ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.


Кӯдакистони №11 дар деҳаи Пушинг
24-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинг, ҳамчунин, Муассисаи таҳсилоти томактабии №11 ва 8,5 километр роҳҳои дохили деҳаро тариқи фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Муассисаи таҳсилоти томактабии №11 бо мақсади амалӣ намудани дастурҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ироагардида, аз ҷониби соҳибкорон сохта шуда, барои 150 кӯдак пешбинӣ мегардад. Бинои нави Муассиса якошёна буда, дар он барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас тамоми шароит фароҳам аст. Иншоот дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар муҳлати панҷ моҳ бунёд ёфт. Дар кӯдакистон 4 гурӯҳи таълимӣ амал намуда, раванди таҳсил ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Толори мусиқӣ, ошхона, ҳуҷраҳои хоб, синфхонаҳои барҳавои таълимӣ, дар маҷмуъ, ҳамаи ин, имконият фароҳам месозад, ки кӯдакон дар шароити хуб таҳсил намоянд. Баъди ба истифода додани кӯдакистони нав 20 сокини деҳаҳои Пушинг, Алиҷон ва Ғиҷовак бо кор таъмин шуд. Бунёди иншооти замонавӣ барои кӯдакони хуштолеи замони истиқлол шароит фароҳам овард, то онҳо дар руҳияи хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ ба камол расанд ва оянда ба Меҳани худ содиқона хизмат намоянд. Соҳибкорони ноҳияи Данғара дар амалӣ сохтани сиёсати созандаи Сарвари давлат, мактаби садоқату боварӣ барои фардои дурахшон, таъмини зиндагии шоиста барои насли имрӯзу фардо ва дар баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву раиятпарварӣ намунаи ибрат гардидаанд. Навсозии 8,5 километр роҳи деҳаи Пушинг мушкилоти мардумро бартараф ва сатҳи хизматрасониро ба аҳолӣ осон гардонд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми ҷавонмардони бонангу номуси деҳаи Пушингро барои бунёди иншооти таъиноти гуногуни иҷтимоиву хизматрасонӣ ва табдил додани деҳа ба шаҳраки зебову пешрафта шоистаи таҳсин хонданд. Сохтмони роҳи мошингард ва корҳои соҳилбандӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат бо ҷалби коргарони маҳаллӣ ва техникаи соҳавӣ бо сифати баланд анҷом дода шуда, дар ду шафати роҳ баробари насби сутунпояҳои равшанидиҳанда, ҳамзамон, дар масофаи 3 километр лӯлаҳои обгузар хобонда шуданд.
Ин роҳ барои рафтуомади мардум душворгузар ва дар фасли баҳор хатарнок буд. Аз ҳама муҳим, бо анҷоми корҳои соҳилбандӣ дар ин мавзеъ ва бунёди роҳи нав мушкилоти рафтуомади хонандагон ба мактаби навсохт осон гардид. Ҳоло соҳибкорони деҳа бо пайравӣ ба сиёсати созандаи Роҳбари давлат, тадбирҳои ободонӣ, аз ҷумла бунёди роҳу пул, ивази лӯлаҳои калони обгузар, кашидани хатти оби нӯшокӣ, бунёди зеристгоҳи барқӣ ва иншооти дигари иҷтимоиву хизматрасониро дар деҳаи Пушинг идома дода, дар таъмини некуаҳволии мардум ва рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ саҳми худро афзун менамоянд.

Санаи нашр: 25.10.2025 №: 208