ПУШИНГ. БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛИ МАКАРОН, ЛӮЛАҲОИ ПЛАСТИКӢ, ДӮЗАНДАГӢ
![]()
24-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинг мавзеи нави саноатиро бо се коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода доданд. Технологияи воридшуда имкон медиҳад, ки дар ин корхонаҳо маводи ғизоӣ, намудҳои гуногуни либос ва лӯлаҳои пластикӣ истеҳсол шаванд. Дар ин мавзеи нави саноатӣ зиёда аз 100 ҷойи нави кор таъсис ёфт ва сокинони маҳаллӣ баъди омӯзишу такмили маҳорати касбӣ ба кор таъмин шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони маҳаллиро ҷиҳати воридсозии технологияи нав, таъсиси иншооти истеҳсолӣ, беҳшавии зиндагии мардум, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, таъсиси ҷойҳои нави кор, саҳмгузории намунавӣ дар таъмини ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар ва заминагузорӣ барои рушди дучанди иқтисоди миллӣ намуна арзёбӣ карданд.
Иқтидори технологии коргоҳи истеҳсоли макарон имкон медиҳад, ки мувофиқ ба дархости мизоҷон то 14 номгӯйи маҳсулот тавлид ва ба бозор пешниҳод шавад.
Дар ин иншооти нави саноатӣ 10 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд ва ҳадаф истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир аст.
Ҳамарӯза сифати маҳсулот санҷида мешавад, то пайваста ба мизоҷон маводи ғизоии дорои сифати баланд пешниҳод гардад.
Дар коргоҳи лӯлаҳои пластикӣ истеҳсоли маҳсулот мувофиқ ба талаботи бозор ба роҳ монда шуд. Иқтидори иншооти нави саноатӣ дар як шабонарӯз истеҳсоли то 3 ҳазор метр лӯлаҳои пластикиро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, лӯлаҳои пластикӣ бо чор андоза тавлид мешаванд.
Бонувон дар корхонаи дӯзандагӣ баъди омӯзиш ва такмили ихтисос ба фаъолият оғоз намуданд. Технологияи муосир имкон медиҳад, ки бонувон мувофиқи дархости мизоҷон намудҳои гуногуни либосҳои низомӣ, корӣ ва варзиширо омода намоянд.
Дар маҷмуъ, дар коргоҳи дӯзандагӣ 85 зану духтари деҳа ба шуғли доимӣ таъмин шуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии бонувон ва ба ҷойи кор таъмин сохтани онҳоро яке аз ҳадафҳои Ҳукумати кишвар маънидод карда, истифодаи бамаврид аз технологияи муосири воридшуда ва истеҳсоли маҳсулоти ҷавобгӯ ба талаботи бозорро зарур донистанд.
То ин вақт кишоварзӣ самти асосии фаъолияти сокинони деҳаи Пушинг буд ва дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, бунёд шудани иншооти нави истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ имкон фароҳам овард, ки шумораи зиёди сокинони деҳа дар соҳаи саноат ба шуғл фаро гирифта шаванд ва маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол гардад.
Зимни муаррифии маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ маълумот дода шуд, ки ҳоло дар деҳаи Пушинг номгӯйи зиёди маводи ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва либос истеҳсол мешавад.
Соҳибкорони деҳаи Пушинг азм гирифтанд, ки бо иҷрои саривақтии супоришҳои Роҳбари давлат тавассути воридсозии технологияи муосир оянда бо бунёди коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ афзоиши истеҳсоли маҳсулотро таъмин намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд ва дар амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвару беҳбудии зиндагии мардум ҳиссагузор бошанд.
Бо таҳкими корҳои созандагӣ дар доираи татбиқи нақша-чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорон бунёди иншооти нави истеҳсолию хизматрасонӣ барои ободу зебо гаштани деҳа ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти гуногун замина гузошта шуд.
Дар иншооте, ки 24-уми октябр дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт, зиёда аз 230 ҷойи нави кор таъсис ёфт.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи ин иншооти деҳаи Пушинг бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ бо мақсади иҷрои намунавии супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ободии диёр аз ҳисоби соҳибкорону сокинони ҳимматбаланди деҳа бунёд шуданд.
