РАХШОНЗАМИН. ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБИИ «ШУКРОНА»
![]()
23-юми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Рахшонзамин бинои Муассисаи томактабии «Шукрона»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бино бо тарҳи зебову замонавӣ қомат афрохта, аз се ошёна ва 20 ҳуҷраи таълимӣ иборат мебошад ва барои 400 кӯдак пешбинӣ мегардад.
Ҳамзамон, дар бинои асосии Муассиса ҳуҷраҳои тадбирҳои фарҳангӣ, ҳамшираи тиббӣ, синфхонаи компютерӣ, толори бозии кӯдакон, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгиранд. Масоҳати иншооти таълимӣ 800 метри мураббаъ мебошад. Дар қисмати дигари Муассиса майдончаи варзиш бунёд ёфт. Саҳни бино сафолакпӯш гардида, атрофи онро бо гулу дарахтони сояафкан оро додаанд. Иншооти соҳаи маориф аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бо сифати баланд сохта шуда, дорои нуқтаи гармидиҳӣ мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли ҷорӣ оғоз гардида, дар муддати нуҳ моҳ бо сифати баланд ва бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, омӯзгоронро барои дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбият намудани насли ояндасози миллат ҳидоят карданд. Бунёди чунин бинои наву замонавӣ дар ноҳияи Данғара туҳфаи арзишманд аз ҷониби Роҳбари давлат ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба сокинони ноҳия арзёбӣ шуд.
