ИФТИХОР АЗ ПРЕЗИДЕНТ ИФТИХОР АЗ МИЛЛАТ АСТ!

28 октябр 2025, Сешанбе
31


Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият аввалин шуда соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи кишварро таҳия ва қабул намуд, Конститутсия самтҳои асосии пешрафти шохаҳои давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро мушаххас муайян кард.
Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16-уми ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шуруъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Мақсад аз Рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16-уми ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бо мароми Тоҷикистон марҳалаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шуруъ намудааст.
Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин пайомадҳо дар маҷмуъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон ин рӯзи саид ва муборак, 16-уми ноябр Рӯзи Президент пазируфта шудааст.
Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.
Чунин шахсиятҳои барҷаста Ҷорҷ Вашингтон, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрикои демократӣ, ки то имрӯз мардуми Амрико ба эҳтироми ӯ зодрӯзашро ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн мегиранд ё худ сарвари мамлакати Чин Мао Сзе Дун, Туркия Мустафо Камол дар пешрафти кишварҳои худ саҳми арзишманд доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқил, фозилу хирадмандеанд, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро муттаҳид ва дар қалби онҳо шуълаи умед ба ояндаи пурифтихорро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.
Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯ ва ободии Ватан, фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин, ҷаҳониён эътироф намудаанд ва тавре халқ мегӯяд: «Он чи аён аст, ҳоҷат ба баён нест».


Абдулвоҳид САТТОРЗОДА,судяи суди ноҳияи Фирдавсӣ

Санаи нашр: 28.10.2025 №: 209