РОҲИ 35-СОЛАЕ, КИ БО НУРИ ХИРАД РАВШАН ШУД
Мехоҳам таъкид намоям, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар тули фаъолияти худ дар самти тайёр намудани мутахассисони болаёқати соҳаҳои технологӣ, аз ҷумла саноати сабук ва хӯрокворӣ, дар кишварамон саҳми арзанда дорад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Дониш, ки 1-уми сентябри соли 2011 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардида буд, чунин иброз доштанд: “Дар шароити имрӯзаи рушди босуръати илм ва техникаву технология ҳар як давлат неруи зеҳнии ҷомеаро ба кашфиёту ихтирооти нав ва тавсеаи соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ равона месозад”.
Дар робита ба ин, бо мақсади роҳандозии ҳадафҳои стратегии кишвар ва барномаҳои давлатӣ дар самти соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, рушди техника ва технология, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба ниёзҳои имрӯзаи кишвар, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1990 ҳамчун Коллеҷи олии технологии Тоҷикистон таъсис ёфта, сипас соли 1991 ба Донишкадаи технологии саноати сабук ва хӯрокворӣ, баъдан, соли 1993 ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон табдил ёфт.
Расо 35 сол қабл, рӯзи 1-уми ноябри соли 1990 нахустин машғулиятҳо дар ин боргоҳи илму маърифт оғоз гардиданд. Баргузории чорабиниҳо бахшида ба солгарди таъсиси Донишгоҳ як навъ арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёну хатмкардагони ин боргоҳи илму маърифат дар даврони 35 соли фаъолияти пурсамар ба ҳисоб рафта, ангезае барои имрӯзу фардои насли ҷавон мебошад.
Ҳоло дар сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 8 факултет, 20 кафедра, 4 марказ, шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, шурои диссертатсионӣ, филиали Донишгоҳ дар шаҳри Исфара, парки технологии “Фановар” ва Литсейи инноватсионии “Душанбе” фаъолият мекунанд.
Дар марҳалаи сипарикарда, Донишгоҳ роҳи пуршараферо тай намуд, нуфуз ва мақомашро устувор кард ва сазовори эҳтирому эътироф дар байни муассисаҳои илмию таълимии дохил ва хориҷи кишвар гардид.
Натиҷаи фаъолияти пурсамару содиқонаи омӯзгорону кормандон аст, ки Донишгоҳ рисолати асосии худ – омода намудани мутахассисони соҳибтахассус ва дар бозори меҳнат рақобатпазирро бомуваффақият иҷро карда, нақша-чорабиниҳои зиёдеро таҳия намуда, онҳоро дар амал татбиқ намуда, боиси рӯз ба рӯз баланд шудани мавқеи Донишгоҳ дар фазои таҳсилоти олии кишвар ва берун аз он гардида истодааст.
Мавриди зикри хос аст, ки соли 2020 ДТТ байни 40 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мақоми 8-умро ишғол намуд ва ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 чор зина боло мебошад.
Баҳри баланд бардоштани мақоми худ дар фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ Донишгоҳ бо як қатор агентиҳои аккредитатсияи байналмилалӣ ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, соли 2019 аз ҷониби Агентии мустақили рейтинг ва аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ба Реестри аврупоии ташкилотҳои аккредитатсионии байналмилалӣ шомил аст, панҷ барномаи таълимии Донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби шаҳодатномаҳо гаштанд. Дар ин самт, Донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки соли 2026 аз аккредитатсияи институтсионалӣ низ гузарад.
Боиси ифтихор аст, ки соли 2022 ДТТ дар рейтинги байналмилалӣ миёни донишгоҳҳои Авруосиё ба чоргонаи донишгоҳҳои бонуфуз ворид гардида, бо ҷоизаи “Ситораи сифат 2022” сарфароз карда шуд.
Бо назардошти аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, раёсати Донишгоҳ тадбирҳои иловагиро ҷиҳати таҷдиди сохторӣ ва такмили иқтидорҳои таълимӣ андешида, қадамҳои устуворро дар самти рақамикунонии равандҳои таълимӣ, илмӣ ва инноватсионӣ бо истифода аз усулҳои нави таълим, тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, татбиқи зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ ба роҳ монда, ба дастовардҳои назаррас комёб гаштааст. Аз ҷумла, навсозии шабакаҳои маҳаллию глобалӣ бо хатҳои нахию нурӣ (оптикӣ), ташкили сервери пуриқтидор ва махзани додаҳои калони умумидонишгоҳӣ, таҷдид ва такмили сомонаи расмии донишгоҳ бо инобати истифодаи чат-бот дар он, китобхонаи электронӣ бо захираи беш аз 1 миллион нусха ва дастрасӣ ба маводҳои электронии китобхонаҳои Федератсияи Россия ва як қатор кишварҳои хориҷӣ, платформаҳои электронӣ, гузарондани санҷишҳои марҳалавӣ ва имтиҳонҳои ниҳоӣ, ташкили ID-кортҳо, фейс-контрол ва назорати электронии давомоти донишҷӯён ба тариқи низоми ягонаи автоматикунонидашудаи идоракунии фаъолияти кормандону донишҷӯён, ба роҳ мондани пардохтҳои ғайринақдӣ, муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳои компютерӣ ва озмоишгоҳҳои соҳавӣ бо техника ва таҷҳизоти муосир роҳандозӣ гардидааст.
Боиси хушнудист, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар доираи барномаи Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) бо маблағгузории 10 миллион доллари ИМА бунёди Маркази таълими технологияҳои нассоҷӣ барои тайёр кардани мутахассисони саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон дар назар гирифта шуда, татбиқи он аз моҳи марти соли 2026 шуруъ мегардад.
Ҳамин тавр, Донишгоҳ фаъолияти густурдаро бо такя ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар татбиқи стратегияҳо, барномаҳо ва консепсияҳои миллӣ ба роҳ монда, бо ташкили чорабиниҳои илмӣ, ирсоли маводи таҳлилӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ва ҳамоҳангсозии равандҳои таълимӣ саҳми босазо мегузорад.
Ин ҳама амалҳои созанда боиси таҳия ва тасдиқи марҳалаи нави Стратегияи рушди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон то соли 2030 гардид, ки самтҳои асосии пешрафти минбаъдаро ба равияҳои инноватсионӣ афзалият медиҳад.
Бо итминони комил метавон изҳор дошт, ки бо кӯшишҳои дастҷамъонаи ҳайати бисёрнафараи устодону кормандон, донишҷӯёну хатмкардагон, мо метавонем мақом ва нуфузи Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро ҳамчун муассисаи олии пешрафта ва эҷодкор беш аз пеш баланд бардорем.
Зоир РАҲМОНЗОДА,
ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
