ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ. НАМУНАЕ АЗ МАОРИФПАРВАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

01 ноябр 2025, Шанбе
15


– Маҳз дар доираи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои роҳандозии барномаҳои фарогир ҷиҳати таълиму тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавонон шароити мусоид фароҳам омад. Бунёди бинои асосии таълимӣ ва хобгоҳ барои донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ва рушди минбаъдаи он аз тадбирҳои инсондӯстона ва маорифпарваронаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, – таъкид намуд Мирзонабот Алишер, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҳангоми боздид аз шароити Донишгоҳи давлатии Хоруғ мулоқоти озод бо ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯёни муассиса анҷом дод.
Аз ҷумла, Маркази фарҳангии Ҳиндустон, ки аз соли 2016 дар назди Донишгоҳ фаъолият мекунад, дар доираи дастгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон боз гардида, дар баргузории чорабиниҳои гуногун ва ба такмили ихтисос фаро гирифтани устодони Донишгоҳ саҳми босазо дорад.
Раиси вилоят ҳамчунин аз Маркази иқтисоди сабзи Донишгоҳ дидан кард. Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи мазкур 13 донишгоҳро аз мамолики гуногун фаро гирифта, бо мақсади ташаккул додани курсҳои нав барои омӯзиши иқтисоди сабз ва тасдиқи консепсияи барномаи магистрии якҷоя дар ин давлатҳо, омӯзиши мутахассисон дар соҳаи устувории муҳити зист тавассути навсозии барномаҳои таълимӣ мавриди амал қарор гирифтааст. Дар марказ таълим пурра бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон маҳз бо кӯшишҳои пайвастаи Президенти кишвар яке аз амнтарин кишварҳои олам маҳсуб меёбад. Аз рӯйи мушоҳидаҳои як созмони бонуфузи амрикоӣ, соли равон дар раддабандии кишварҳои амнтарини ҷаҳон дар мақоми дуюм қарор гирифт. Тибқи натиҷаи назарсанҷӣ, ки дар 142 кишвар гузаронда шуд, 95 дарсади аҳолии кишвар ҳангоми сайругашти шабона худро дар Тоҷикистон комилан амн эҳсос мекунанд.
Бояд иқрор шуд, ки тамоми пешравиҳову дастовардҳои миллати тоҷик маҳз дар натиҷаи хирадсолориву дурандешӣ, таҳаммулпазириву заҳматҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, - гуфт раиси вилоят.
Соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳалаи нави рушди иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ-ро эълон намуда, давоми солҳои минбаъда дар вилоят тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рушд намуданд.
Тибқи таҳлилҳо, агар дар соли 2021 дар тамоми ҳудуди вилоят 58 корхонаи саноатӣ фаъолият мекард ва маҷмуи маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо ба 76 миллион сомонӣ баробар буд, танҳо дар давоми се соли охир дар қаламрави вилоят 190 корхонаи саноатӣ фаъол гардида, соли 2024 маҷмуи маҳсулоти саноатӣ ба 307,3 миллион сомонӣ баробар шуд.
Дар ҷараёни мулоқот доир ба масъалаи гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, истифодаи бемаврид аз телефонҳои мобилӣ, хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ сухан рафт. Гуфта шуд, ки имрӯз ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, бештар илм омӯзанд, зеро ба доми гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва иғвоангез бештар ҷавононе меафтанд, ки саводи кофӣ надоранд.
Дар фарҷом устодону донишҷӯён ҷиҳати дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.


Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 31.10.2025 №: 211