БОЗИҲОИ МАҶМУӢ
20 медали варзишгарони мо дар Бозиҳои осиёии наврасон
29-30-юми октябр дар доираи 3-юмин Бозиҳои осиёии наврасон дар Баҳрайн (22-31-уми октябр) бо иштироки варзишгарони тоҷик мусобиқаҳои ҷудо, гӯштии тарзи озод ва ҷиуҷитсу сурат гирифтанд.
Дар мусобиқаи ҷудо паҳлавонони навраси кишвар 3 медал гирифтанд. Юсуф Замонов дар вазни -50 кг медали нуқра, Юсуф Скандарзода дар вазни -66 кг ва Зуҳал Ҷумъаева дар вазни -52 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар гӯштии тарзи озод Алиризо Баҳромов (-80 кг) медали биринҷӣ, дар намуди ҷиуҷитсу Мустафо Қадриддинов (-48 кг) медали нуқра гирифтанд.
Ҳамин тариқ, ҳайати Тоҷикистон дар 3-юмин Бозиҳои осиёии наврасон сазовори 20 медал – 2 тилло, 3 нуқра, 15 биринҷӣ гашт, ки натиҷаи таърихӣ мебошад. Варзишгарони навраси мо Бозиҳои якумро соли 2009 дар Сингапур бе медал ҷамъбаст карда, дар Бозиҳои дуюм соли 2013 дар Нанҷинги Чин ду медал – як нуқра, як биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Дар Баҳрайн Чин бо ба даст овардани 147 медал (63 тилло, 49 нуқра, 35 биринҷӣ) дар ҳисоби медалҳо ҷойи аввалро гирифт. Ӯзбекистон бо 81 медал (37-16-28) дар ҷойи дуюм, Қазоқистон бо 93 медал (24-29-40) дар зинаи сеюм мавқеъ гирифтанд. Тоҷикистон 3-юмин Бозиҳои осиёии наврасонро дар мақоми 18-ум ҷамъбаст кард. Умуман, варзишгарони 36 давлат аз миёни 45 кишвари ширкаткунанда соҳиби медал шуданд.
4-умин Бозиҳои осиёии наврасон соли 2029 дар Тошкент (Ӯзбекистон) баргузор хоҳад шуд.
ФУТБОЛ
“Вахш” мавқеашро дар ҷойи аввал нигоҳ медорад
Бозиҳои даври бистуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ доир гаштанд.
Дастаи “Вахш”-и Бохтар дар сафар бар тими “Ҳулбук”-и Восеъ бо ҳисоби 2:0 пирӯз гашта, мавқеашро дар ҷойи аввали ҷадвали мусобиқа нигоҳ дошт. “Вахш” 19 бозӣ анҷом дода, 40 хол дорад. “Истиқлол”-и Душанбе бо 37 хол аз 17 бозӣ дар ҷойи дуюм аст. Тими Душанбе дар даври 20-ум бар "Равшан"-и Кӯлоб бо ҳисоби 6:2 пирӯз шуд. Се бозии дигар миёни дастаҳои “Панҷшер” – “Хуҷанд” (2:2), “Барқчӣ” – “Истаравшан” (0:0), КМВА – “Эсхата” (3:3) мусовӣ анҷом ёфт. Бозии “Ҳосилот” – “Регар-ТадАЗ” ба вақти дигар гузаронда шуд.
Бозиҳои даври 21-ум 1, 2 ва 5-уми ноябр ба нақша гирифта шудаанд. Дар ин давр “Хуҷанд” бо КМВА, “Эсхата” бо “Барқчӣ”, “Ҳосилот” бо “Ҳулбук”, “Равшан” бо “Вахш” ва “Регар-ТадАЗ” бо “Панҷшер” вомехӯранд. Бозӣ миёни тимҳои “Истаравшан” – “Истиқлол” мавқуф гузошта шуд.
КУРАШИ ҚАЗОҚӢ
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати Осиё чор медал ба даст оварданд
Варзишгарони кишвар дар Чемпионати Осиё оид ба кураши қазоқӣ, ки 28-29-уми октябр дар Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон доир гашт, ба гирифтани 1 медали тилло, 1 нуқра ва 2 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.
Медали тиллоро Ҳақназар Назаров дар вазни 90 кг сазовор гашт. Дадахон Қурбоналиев дар вазни +100 кг соҳиби медали нуқра, Рамзиддин Азизов дар вазни 60 кг ва Наврӯз Каримзод дар вазни 74 кг соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
