ВОХӮРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО ОСИФ АЛӢ ЗАРДОРӢ
4-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ як қатор масоили вобаста ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимнан, аз мунтазамии мулоқотҳои сатҳи олию баланд ва натиҷаҳои онҳо, ки бозгӯи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегии ду кишвар арзёбӣ мегардад, изҳори қаноат шуд.
Ҷонибҳо барои таҳким ва густариши ҳамкориҳои судманд таъсиси Шурои муколамаи стратегӣ ва бештар фаъол шудани дигар абзорҳои дуҷонибаро зарур донистанд.
Бо ишора ба имкону захираҳои васеъ барои афзун намудани нишондодҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, таъкид гардид, ки ниҳодҳои дахлдори ду кишвар аз ин зарфиятҳо бояд ҳамаҷониба истифода баранд.
Тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ, аз ҷумла фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ ҳам, ба манфиати кор арзёбӣ гардид.
