ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАМОИШИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

10 ноябр 2025, Душанбе
14


4-УМИ НОЯБР ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН дар пойтахти Давлати Қатар – шаҳри Давҳа, дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки некуаҳволии иҷтимоӣ заминаи муҳими таҳкими сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мебошад.
Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо зарур донистанд, ки бо муттаҳид намудани талошҳо шароити одилонаи рушди иҷтимоӣ барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва кулли мардумони ҷаҳон фароҳам оварда шавад. Таъкид намуданд, ки ба рушди иҷтимоӣ ҳамчун яке аз бахшҳои калидии Ҳадафҳои рушди устувор якдилона ва бо иродаи муштарак таваҷҷуҳи хос бояд зоҳир гардад.

Санаи нашр: 05.11.2025 №: 214