БОЗИҲОИ МАҶМУӢ

11 ноябр 2025, Сешанбе
17


4 медали ҷудочиёни тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ
7-уми ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ VI Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ оғоз гардид, ки то 21-уми ноябр идома меёбад.
Ба барномаи бозиҳо 23 намуди варзиш, аз ҷумла 2 намуди варзиш барои шахсони имконияташон маҳдуд (пара-варзиши сабук ва пара-паурлифтинг), ворид аст. Беш аз 3000 варзишгари 57 давлати узви Ассотсиатсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ (ISSA) дар мусобиқот ширкат доранд.
8-9-уми ноябр дар доираи Бозиҳо мусобиқаи ҷудо баргузор гашт, ки паҳлавонони мо сазовори чор медал – 2 нуқра, 2 биринҷӣ гардиданд. Медалҳои нуқраро Мадина Қурбонзода дар вазни -52 кг миёни бонувон ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг миёни мардҳо сазовор шуданд. Абубакр Шеров дар вазни -73 кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -100 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Кишвари моро дар ин Бозиҳо 65 варзишгар аз рӯйи 10 намуди варзиш – варзиши сабук, варзиши электронӣ, волейбол, гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, таеквондо, тенниси рӯйи миз, футзал, ҷиуҷитсу, ҷудо, шиноварӣ – намояндагӣ мекунанд. Тими футзали кишвар дар доираи Бозиҳо, таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов, дар даври гурӯҳӣ (гурӯҳи “В”) аз тимҳои Афғонистон (5:9), Эрон (1:4) ва Марокаш (1:7) мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа маҳрум монд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ӯзбекистон, Либия, Озарбойҷон шомиланд. Аз ҳар ду гурӯҳ Марокаш, Эрон, Ӯзбекистон ва Арабистони Саудӣ ба нимфинал роҳхат гирифтанд. Дар ин давр Марокаш бар Арабистони Саудӣ (6:3), Эрон бар Ӯзбекистон (4:2) пирӯз шуда, ба финал баромаданд. Бозии финалӣ 11-уми ноябр баргузор мешавад. Тими волейболи занонаи кишвар то имрӯз ду бозӣ анҷом дода, аз Озарбойҷон (0:3) шикаст хӯрда, бар Афғонистон (3:0) ғалаба кард. Волейболбозбонувони кишвар 11-уми ноябр бо Туркия, 12-уми ноябр бо Эрон бозӣ мекунанд. Рӯзҳои оянда варзишгарони мо дар намудҳои варзиши сабук, шиноварӣ, таеквондо, тенниси рӯйи миз, гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, варзиши электронӣ ва ҷиуҷитсу барои ҷоизаҳо талош мекунанд.


САМБО
Акмалиддин Каримов дар Чемпионати ҷаҳон медали биринҷӣ гирифт
Паҳлавони маъруфи кишвар Акмалиддин Каримов дар Чемпионати ҷаҳон-2025, дар риштаи самбои варзишӣ байни мардон, соҳиби медали биринҷӣ гашт.
Чемпионати ҷаҳонии самбо дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек – 7-9-уми ноябр доир гашт.
Акмалиддин дар вазни -58 кг дар ду давр бар Илҳом Фармонов аз Ӯзбекистон ва намояндаи FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо) Бурдз Владзичлау ғалаба карда, дар даври нимниҳоӣ аз Нурсултон Жубатхон аз Қазоқистон мағлуб шуд. Акмалиддин, сипас барои дарёфти медали биринҷӣ намояндаи Штатҳои Муттаҳидаи Амрико Вернелл Робертсро шикаст дод.
Ин чорум медали биринҷии паҳлавони 35-солаи тоҷик Акмалиддин Каримов дар чемпионати ҷаҳон ба шумор меравад. Ҳамчунин, вай дар ин мусобиқаи сатҳи баланд чор медали нуқра ба даст овардааст. Соли 2021-ум бошад, дар шаҳри Тошканд медали тилло гирифта буд, ки натиҷаи беҳтарин дар корномаи варзишиаш маҳсуб мешавад.


ФУТБОЛ
Ғолибону ҷоизадорони Лигаи “Пешсаф” қадр шуданд
9-уми ноябр дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ маросими ҷоизасупории Лигаи кӯдакону наврасон – “Пешсаф” барои бозигарони то 14, 16 ва 18-сола баргузор шуд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон, намояндагони мактабҳои кӯдакон ва наврасон, собиқадорони футбол ва дигар меҳмонон иштирок карданд.
Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов маросимро ифтитоҳ карда, ҳамаи ғолибон ва ҷоизадоронро табрик гуфт ва ба онҳо дар мавсими минбаъда муваффақиятҳо орзу кард.
Дар Лигаи наврасон – “Пешсаф” дастаи Душанбе дар байни бозигарони то 14-сола медали тилло ба даст овард. Дастаҳои Мактаби варзишии кӯдакону наврасони Вахш медали нуқра ва МҶМОВ медали биринҷӣ гирифтанд.
Дар категорияи то 16-солаҳо дастаи “Душанбе-Соро” ғолиб омад. Медали нуқра ба дастаи Суғд-1 ва медали биринҷӣ ба бозигарони Мактаби варзишии кӯдакону наврасони Бохтар насиб гардид.
Миёни наврасони то 18-сола дастаи Суғд-1 медали тилло ба даст овард. Дастаи КМВА медали нуқра ва Хатлон-2 медали биринҷӣ гирифтанд.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 10.11.2025 №: 215