ТОҶИКИСТОНУ МУҒУЛИСТОН. ТАҲКИМИ РОБИТАҲО ДАР ДОИРАИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ

11 ноябр 2025, Сешанбе
14


Ҳамкории илмии Тоҷикистону Муғулистон, ки дар заминаи имзои Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Муғулистон оғоз ёфта буд, имрӯз ба марҳалаи татбиқи амалӣ ворид мегардад. Ин ҳамкорӣ на танҳо робитаҳои зеҳнии миёни ду давлатро тақвият мебахшад, балки барои рушди илм, ворид намудани таҷрибаҳои муосир ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки амалӣ заминаи устувор фароҳам меорад. Ҳамкории илмии Тоҷикистону Муғулистон чиро дар бар мегирад ва чӣ натиҷаҳо ба бор хоҳанд овард?
Ба иттилои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ёддошти тафоҳум доираи васеи ҳамкориҳоро, аз қабили масъалаҳои таҳкими робитаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва технологияи муосир, мубодилаи олимон ва муҳаққиқон бо ҳадафи табодули таҷриба ва анҷом додани таҳқиқоти муштарак, ташкили ҳамоишҳо, семинарҳо ва конфронсҳои илмӣ, таҳияи лоиҳаҳои якҷояи илмӣ ва инноватсионӣ, мубодилаи иттилоот, адабиёт ва нашрияҳои муҳими илмии ҳар ду ҷонибро дар бар мегирад.
Тибқи иттилои АМИТ, ҳамкориҳои илмӣ бо Муғулистон барои пешбурди илм ва рушди технологияи муосир дар Тоҷикистон нақши муҳим мебозанд. Табодули олимон ва муҳаққиқон ба воридшавии таҷрибаҳои нав мусоидат намуда, сатҳи таҳқиқоти илмиро боло мебарад ва имкони татбиқи технологияҳои пешрафтаро фароҳам месозад. Лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва инноватсионӣ, бахусус дар самтҳои иқлим, муҳити зист, кишоварзӣ, энержӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, метавонанд дар таҳияи роҳҳои амалии ҳалли масъалаҳои миллӣ нақши муассир бозанд.
Ин ҳамкорӣ, ба гуфтаи коршиносон, на танҳо ба рушди илм мусоидат мекунад, балки барои муаррифии дастовардҳои олимони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ низ аҳамияти вижа дорад. Баргузории ҳамоишҳо ва конфронсҳои муштараки илмӣ имкони мусоид фароҳам меоранд, то пажӯҳишгарони тоҷик дастовардҳои худро муаррифӣ карда, робитаҳои илмиашонро бо марказҳои пажӯҳишии хориҷӣ таҳким бахшанд. Аз ҳама зиёд ҳоло интизориҳо аз ҳамкорӣ бо олимони кишвари Муғулистон таҳкими табодули таҷриба дар самти рушди чорводорист.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки ҳамкориҳои илмии Тоҷикистону Муғулистон ба марҳалаи нав ворид шуда, ба шакли воқеии ҳамкории стратегӣ ва амалӣ табдил ёфтааст. Ин раванд на танҳо роҳро барои густариши пажӯҳишҳои илмӣ ва татбиқи донишҳои муосир боз мекунад, балки барои табодули таҷриба, таҳияи лоиҳаҳои муштарак ва таҳкими иқтидори зеҳнӣ заминаи устувор фароҳам меорад. Ин иқдом роҳҳои нави ҳамкорӣ дар пажӯҳишҳои илмӣ, табодули таҷриба ва татбиқи донишҳои муосирро мекушояд.
Таҷриба собит месозад, ки Тоҷикистон илмро пояи рушди устувор ва пешрафти миллӣ медонад ва бо ҳамоҳангсозӣ дар муҳити густардаи ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ иқдомҳои стратегӣ ва самаранок роҳандозӣ мекунад, ки ин ба таҳкими мавқеи илмӣ, рушди иқтидори зеҳнӣ ва нуфузи байналмилалии кишвар мусоидат менамояд.


Руҳафзо МУРОДОВА
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 10.11.2025 №: 215