ЯК ПЕШНИҲОД БА ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТ

13 ноябр 2025, Панҷшанбе
23

Чанд сол боз кор дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Кулма босуръат идома дорад. Қитъаҳои алоҳидаи ин шоҳроҳ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ сохта шуда, бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтанд.

Имсол дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як қисми шоҳроҳ – аз ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон ва роҳи бар асари сел харобгардидаи мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон ба истифода дода шуданд, ки ин мушкили ронандагони мошинҳои боркаш ва мусофирбари хатсайри Душанбе – Хоруғ – Мурғоб ва Ишкошиму Роштқалъаро аз байн бурд. Айни ҳол кор дар ин самт бомаром идома дорад.
Бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони як қисми дигари роҳи Рӯшон – Шуғнон – Хоруғ – Кулма низ шуруъ мешавад ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маркази транзити молу амвол бо мамолики хориҷӣ табдил хоҳад ёфт, ки ин хеле хушоянд аст ва барои рушди ҳамаҷонибаи на танҳо вилоят, балки кишварамон қадами устувор ба пеш хоҳад буд.
Дар ин матлаб мехостем дар бораи мавзеи Ригӯвев (Шаршараҳо) ибрози назар намоем.
Гарчанде дар ин ҷо шаршараҳои об ба назар намерасанд, дар мавсими зимистон аз болои кӯҳ тармаҳо мисли шаршараҳо ҷорӣ мешаванд. Дарозии роҳи ин мавзеъ тақрибан 2-2,5 км аст ва дар зимистон 4-5 ҷойи онро тармаҳои калон банд мекунанд. Бинобар ин, барои таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт хуб мешуд, ки ин қисми роҳ ба соҳили дигари дарё, яъне ба тарафи деҳаи Манем, гузаронда шавад. Он вақт роҳ ба қисми хатарноки Ригӯвев ворид нашуда, бо бунёди як пули мошингузар ба дашти Карсакен ва аз он тариқи пули дигар ба деҳаи Бердибекобод гузашта, ба қитъаи Барсем, яъне ба шоҳроҳи асосӣ мепайвандад. Дар маҷмуъ, зимни ин лоиҳа ду пули мошингузар ва тақрибан 2 км роҳ сохтан зарур мешавад. Роҳ кӯтоҳ ва ҳам бехатар мегардад. Агар роҳ тариқи мавзеи Ригӯвев сохта шавад, дар 1,5 км роҳ якчанд долони бақувват бунёд кардан лозим меояд. Бинобар ин, лоиҳаи сохтмони роҳ тариқи деҳаи Манем дастгирӣ ёбад, ҳам арзон меафтад, ҳам бехатарии роҳу ҳаракати мунтазами нақлиёт беҳтар таъмин мешавад ва ҳам ба кор даровардани заминҳои дашти Карсакен амри воқеӣ мегардад, ки дар шароити камзаминии кӯҳистон хеле муҳим мебошад. Мутахассисони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, ки аз вазъи роҳҳо, аз ҷумла мавзеи мазкур, суду зиёни лоиҳаи сохтмони роҳ дар ин масир бештар маълумот доранд, дар ин масъала, яъне бунёди роҳ ба тариқи деҳаи Манем чӣ мегуфта бошанд?


Раҳмонқул РАҲМОНҚУЛОВ,
сокини ноҳияи Шуғнони ВМКБ

Санаи нашр: 12.11.2025 №: 217