МАРОСИМИ ҚАБУЛИ ЭЪТИМОДНОМАҲО

13 ноябр 2025, Панҷшанбе
19


11-уми ноябр дар Қасри миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони нави мамлакатҳои хориҷа эътимоднома қабул намуданд.

Зимни маросим ба Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Ҷитсзюн, Иттиҳоди Аврупо Радослав Дарски, Шоҳигарии Дания Йеспер Вар, Ҷумҳурии Юнон хонум Екатерини Ксагорари, Ҷумҳурии Эстония Яаап Ора, Гурҷистон Давид Котария, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳамза ал-Умарӣ, Буркина Фасо Аристид Рапугдондба Людовик, Ҷумҳурии Аргентина Себастян Саюс ва Ҷумҳурии Доминикан Алехандро Ариас Сарсуэла эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон супурданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сафирони навро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатияшон дар ин маснади масъул дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Президенти кишвар иброз доштанд, ки асоси сиёсати хориҷии мутавозину сулҳхоҳонаи давлати Тоҷикистонро усули “дарҳои кушода” ташкил медиҳад.
“Дар такя ба он, мо робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманди фарогирро бо кишварҳои минтақаҳои гуногуни олам роҳандозӣ намуда, густариш медиҳем”, – таъкид сохтанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо, Шоҳигарии Дания, Ҷумҳурии Юнон, Ҷумҳурии Эстония, Гурҷистон, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Буркина Фасо, Ҷумҳурии Аргентина ва Ҷумҳурии Доминикан ибрози андеша намуданд.
Ба сафирони навтаъин муроҷиат карда, Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Тоҷикистон идомаи шарикӣ бо кишварҳои онҳоро бахши таркибии сиёсати хориҷии худ медонад ва дурнамои онро нек арзёбӣ менамояд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки талошҳои пайвастаи сафирон дар ҷодаи рушду такомули робитаҳои гуногунҷанбаи миёни кишварҳо самараву натиҷаҳои нав ба бор хоҳанд овард.
Дар хотима Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони нав комёбӣ хоста, ба роҳбарони давлатҳои онҳо салому паёми гарм баён карданд.

Санаи нашр: 12.11.2025 №: 217