ЮНЕСКО. ҚАБУЛ ГАРДИДАНИ ҚАТЪНОМАИ “УСТУВОНАИ КУРУШИ КАБИР"
6-уми ноябр, зимни иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО, таҳти унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ” қатънома қабул гардид.
Тавре Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ додааст, қатънома аҳамияти таърихӣ ва маънавии “Устувонаи Куруш”-ро ҳамчун яке аз нахустин санадҳои башардӯстона, ки арзишҳои озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб менамояд, таъкид месозад.
Ташаббуси мазкур тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (28-уми декабри соли 2024) ироа гардида буд, пешбарӣ шуд. Дар Паём Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки Тоҷикистон ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Бо ин мақсад, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Куруши Кабир (600-530 то мелод) бунёдгузор ва нахустин шоҳи империяи Ҳахоманишӣ (559-530 то мелод) буд. Ҳангоми салтанат ӯ сиёсати оқилонаи давлатдориро пеш гирифта, эътиқоду ақоид ва дини миллатҳои ғайрро эҳтиром мегузошт. Ба ҳар кишваре, ки мерафт, худро ҷонишини қонунии подшоҳони бумӣ эълон медошт ва аз рӯйи расму русуми онҳо подшоҳиро мепазируфт. Ба ибораи имрӯз, сиёсати давлатдории Куруши Кабир 2500 сол аз ин муқаддам ба тарзи давлатдории дунявӣ асос ёфта буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар асари «Чеҳраҳои мондагор» иброз доштаанд, ки Куруши Кабир дар таърихи тамаддуни башар бо сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, таъсиси империяи тавоною мутамаркази ориёӣ, усули нави идоракунӣ ва шакли мукаммали давлатдорӣ, ислоҳоти умури сипоҳу низоми лашкар, густариши тиҷорату тадбирҳои роҳсозӣ, алалхусус пойдории адолату пуштибонии ҳуқуқи манзалати ҷумлаи халқиятҳои сокини қаламраваш, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст.
Дар асоси Эъломияи Куруши Кабир мардуми қаламрави империяи Ҳахоманишиёнро ташкил медод, тавонистанд ҳуқуқу озодиҳои худро ҳифз намоянд. Эъломия яке аз санадҳои муқаддаси давлати Ҳахоманишиён мебошад, ки дар он ҳуқуқ ба озодии эътиқод, озодии ҳаракат, интихоби манзил, ҳуқуқ ба моликият ва ғайра ба таври возеҳ дарҷ карда шудаанд.
Ин Эъломия бо номи «Устувонаи Куруши Кабир» дар Осорхонаи Британия, ҳамчун намунаи нахустини Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният, маҳфуз аст.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
