БОЗИҲОИ МАҶМУӢ

13 ноябр 2025, Панҷшанбе
12


Туркия дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ пешсаф аст
VI Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ҷараён дорад.
Тавре хабар дода будем, ба барномаи бозиҳо 23 намуди варзиш, аз ҷумла 2 намуди варзиш барои шахсони имконияташон маҳдуд (пара-варзиши сабук ва пара-паурлифтинг), ворид аст. Беш аз 3000 варзишгари 57 давлати узви Ассотсиатсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ (ISSA) дар мусобиқот ширкат доранд.
8-9-уми ноябр дар доираи Бозиҳо мусобиқаи ҷудо баргузор гашт, ки паҳлавонони мо сазовори чор медал – 2 нуқра, 2 биринҷӣ гардиданд. Тими футзали кишвар дар доираи Бозиҳо, таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов, дар даври гурӯҳӣ аз тимҳои Афғонистон, Эрон ва Марокаш мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа маҳрум монд. Дар мусобиқаи футзал Эрон ғолиб шуда, Марокаш ҷойи дуюм, Ӯзбекистон ҷойи сеюмро гирифтанд. Тими волейболи занонаи кишвар то имрӯз се бозӣ анҷом дода, аз Озарбойҷон (0:3) ва Туркия (0:3) шикаст хӯрда, бар Афғонистон (3:0) ғалаба кард. Волейболбозбонувони кишвар 12-уми ноябр бо Эрон бозӣ мекунанд. 11-уми ноябр бозиҳои инфиродии мусобиқаи тенниси рӯйи миз оғоз гашт, ки варзишгари мо Саъдӣ Исмоилов дар се давр бар намояндагони Озарбойҷон, Сенегал ва Арабистони Саудӣ ғалаба карда, ба чорякфинал роҳ ёфт. Ҷамшед Ҳасанов дар даври аввал бар варзишгари Малдив пирӯз гашта, дар 16/1-финал аз варзишгари Арабистони Саудӣ мағлуб шуд. Сумайя Амирӣ ва Динара Исмоилова дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд. Имрӯз мусобиқаи тенниси рӯйи миз бо бозиҳои ҷуфти мардону занон идома меёбад. Нимфинал ва финали мусобиқа 13-уми ноябр ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин, рӯзҳои оянда варзишгарони мо дар намудҳои варзиши сабук, шиноварӣ, таеквондо, гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, варзиши электронӣ ва ҷиуҷитсу барои ҷоизаҳо талош мекунанд.
То имрӯз Туркия бо ба даст овардани 68 медал (43 тилло, 14 нуқра, 11 биринҷӣ) пешсаф аст. Миср бо 27 медал (10-6-11) дар ҷойи дуюм, Ӯзбекистон бо 34 медал (9-16-9) дар зинаи сеюм мавқеъ доранд. Тоҷикистон бо ду медали нуқра ва ду биринҷӣ дар ҷойи 17-ум қарор дорад.


ФУТБОЛ
Тими наврасони кишвар баромадашро дар Чемпионати ҷаҳон анҷом дод
Дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини дар Чемпионати ҷаҳон-2025 аз гурӯҳ баромада натавонист.
Футболбозони навраси мо дар гурӯҳи «I» аз дастаҳои Чех (1:6), ШМА (1:2) ва Буркина-Фасо (0:2) шикаст хӯрд. Аз гурӯҳ ШМА, Чех ва Буркина-Фасо ба марҳалаи 1/16-финал роҳхат гирифтанд. Умуман, дар ҳамаи гурӯҳҳо бозиҳо ба анҷом расида, ҷуфтҳои даври баъдӣ муайян гаштанд: Аргентина – Мексика, Португал – Белгия, Швейтсария – Миср, Ирландия – Канада, ШМА – Марокаш, Замбия – Мали, Бразил – Парагвай, Фаронса – Колумбия, Австрия – Тунис, Ҷумҳурии Корея – Англия, Венесуэла – ҶХД Корея, Ҷопон – Африқои Ҷанубӣ, Италия – Чехия, Хорватия – Ӯзбекистон, Сенегал – Уганда, Олмон – Буркина-Фасо.
Ёдрас мекунем, ки Чемпионати ҷаҳонии футбол миёни наврасон бори аввал бо иштироки 48 даста сурат мегирад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 12.11.2025 №: 217