ВОХӮРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РОҲБАРОНИ ҲАЙАТҲОИ ПАРЛУМОНИИ КИШВАРҲОИ ИДМ

18 ноябр 2025, Сешанбе
7


14-уми ноябр дар Қасри миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳод ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.


Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ассамблеяи байнипарлумонӣ майдони муҳими муколамаи ҳамаҷониба ва созанда байни кишварҳои Иттиҳод мебошад ва дар доираи он имрӯзҳо корҳои зиёди маҷмуӣ анҷом меёбад.
“Фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонӣ дар баробари ташаккул ва мутобиқсозии қонунгузории кишварҳои иштирокдор, чандин самтҳои дигари калидии ҳамкориро, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитарӣ фаро мегирад”,– изҳор доштанд дар робита ба ин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, иброз намуданд, ки дар ин самтҳо имкону захираҳо фаровонанд ва моро зарур аст, ки аз онҳо ба нафъи мардумонамон самаранок истифода барем.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои сатҳи баланд баргузоркардаи Тоҷикистон дар давраи раёсат дар ИДМ, аз ҷумла ҳамоиши сарварони давлатҳои ИДМ, вохӯрии дуюми сарварони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Русия”, ки моҳи октябри ҳамин сол дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ёдовар шуданд.
Ба таъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ беш аз сад чорабинии гуногунсатҳ, бо шумули ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе доир мегардад, гузашт.
Аз раванди рушди ҳамкории байнипарлумонии кишварҳои иштирокдори ИДМ дар ҳамаи сатҳу зинаҳо изҳори қаноатмандӣ гардид. Алоқамандӣ ва омодагии Тоҷикистон ба идомаи ҳамкории муштарак дар доираи дигар сохторҳои равобити байнипарлумонӣ, аз ҷумла Иттиҳоди байнипарлумонӣ, Ассамблеяи байнипарлумонии СААД ва дигар сохторҳо таъкид гашт.
Дар фароварди сухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони парлумонҳои кишварҳои ИДМ ҷиҳати таҳкими ҳарчи бештари ҳамкории байнидавлатӣ дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла мубориза бо чунин хавфу хатарҳои муосир, ба монанди терроризму ифротгарӣ, тундгароии динӣ, таҳдидҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромарзӣ, даъват намуданд.

Санаи нашр: 16.11.2025 №: 219-220