ХАТЛОН: ПЕШВОИ МИЛЛАТ ИФТИХОРИ МАНУ МО

18 ноябр 2025, Сешанбе
6


Дар таърихи пурифтихори давлатдории миллӣ санаҳои тақдирсозе ҳастанд, ки бо гузашти солҳо на танҳо аҳамияти худро гум намекунанд, балки ҳамчун рамзи худшиносию ифтихори миллӣ арзиши бештарро касб менамоянд. Яке аз чунин санаҳои муборак 16-уми ноябр - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар саҳифаҳои таърих ҳамчун рӯзи эҳёи давлатдории миллӣ ва ваҳдати тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1994 Сарвари хирадманду тавонои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар назди Ватан ва мардум савганд ёд намуда, тақдири минбаъдаи давлату миллатро бар дӯш гирифтанд.
Солҳои сипаришуда гувоҳанд, ки бо заҳмату сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори давлати соҳибистиқлол, низоми муосири ҳуқуқӣ, қувваҳои мусаллаҳ, сохтори давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд. Пешвои миллат тавонистанд дар кӯтоҳтарин муддат миллати аз ҷанг озурдаи тоҷикро муттаҳид намуда, сулҳи деринтизорро дар сарзамини мо пойдор гардонанд.
Ободониву шукуфоии ҳар як гӯшаи Тоҷикистони азиз, аз ҷумла вилояти Хатлон низ, имрӯз гувоҳи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат мебошад. Бунёди садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳҳо ва нақбҳои пайвандгари минтақаҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва марказҳои фарҳангиву варзишӣ шаҳодати равшани он аст, ки таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо рӯ ба шукуфоӣ ниҳодааст.
Мо ҳама хурду бузург бо ифтихори самимӣ иброз менамоем, ки вилояти Хатлон дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Танҳо дар солҳои охир садҳо иншооти саноатӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба истифода дода шуда, ҳазорҳо ҷойи нави корӣ фароҳам омадааст. Ҳар як пешрафт дар Хатлон, ҳар як иқдоми созанда дар шаҳру деҳоти он самараи дастуру роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Мо, сокинони вилояти Хатлон, бо ифтихор аз ин Роҳбари хирадманд, бо эҳсоси садоқат ба сиёсати давлатдории ӯ, тамоми қувваю имкониятҳои худро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, таҳкими рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум сафарбар менамоем.
Бигзор ин рӯзи муборак - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо рамзи ваҳдат, ҳамбастагӣ, садоқат ба давлат ва муҳаббат ба Пешвои миллат бошад. То ҷовидон тоҷик бо Пешвои худ ифтихор мекунад, зеро бо хирад, ирода ва фидокории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон имрӯзу фардои дурахшон дорад.


Аз сидқ бо садоқат аз номи сокинони вилояти Хатлон

Санаи нашр: 16.11.2025 №: 219-220