ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ВОХӮРИИ ҲАФТУМИ МАШВАРАТИИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
16-уми ноябр дар шаҳри Тошкент вохӯрии ҳафтуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин вохӯрӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш доираи васеи масъалаҳои мубрами робитаҳои кишварҳои минтақа, дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ дар самти таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими заминаи муносибатҳои дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ, масъалаҳои рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, нахуст, ба роҳбари кишвари мизбон барои пазироии гарм ва ташкили вохӯрӣ дар сатҳи баланд изҳори сипос карданд. Ҳамчунин, Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳтарам Илҳом Алиевро ба муносибати ҳамроҳшавии Озарбойҷон ба вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ табрику таҳният гуфтанд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақш ва мавқеи вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ибрози андеша намуда, таъкид сохтанд, ки минбари он бо эътимод мавқеи худро ҳамчун иштирокдори муҳими равандҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ устувор мегардонад.
“Дар ин зимн муносибатҳои байнидавлатӣ таҳким меёбанд ва мо тамосҳои худро бо шарикони хориҷӣ фаъолона пеш мебарем”, – изҳор доштанд дар робита ба ин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлати мо натиҷаҳои дар гузашта бадастомадаро заминаи мусоид барои густариши маҷмуи ҳамкории судманд арзёбӣ карданд. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори рушди минбаъдаи муколамаи сиёсӣ ва ҳамгироии минтақавӣ дар доираи ҳамин қолаб мебошад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имзои Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ ёдовар шуда, гуфтанд, ки ин санад уҳдадории муштараки ҷонибҳоро ба пешбурди пайвастаи рӯзнома, ки дар асоси принсипҳои шарикии баробарҳуқуқ, эҳтироми ҳамдигарӣ ва эътимод асос ёфтааст, возеҳ тасдиқ менамояд.
Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки имрӯз Осиёи Марказӣ ба фазои муколамаи пурсамари дипломатӣ, ташаббусҳои созанда ва ташаккули робитаҳои нави ҳамкорӣ табдил ёфтааст.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки минтақаи мо бо иқтидори назаррас маркази рушди тиҷорат, транзит, энергетика, илм ва сайёҳӣ мебошад.
Ба андешаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мувофиқаҳои бадастомада, ки дар Консепсияи рушди ҳамкории минтақавӣ “Осиёи Марказӣ – 2040” инъикос ёфтааст, заминаи мустаҳкам барои расидан ба ин аҳдоф фароҳам меоранд.
Оид ба аҳамияти қабули Консепсияи таъмини амният, субот ва рушди устувори минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфта шуд, ки ин санад барои таъмини амну субот, тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак, ки ба рушди ҳамаҷонибаи минтақаи мо нигаронда шудаанд, имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Ҳамчунин, изҳор гардид, ки ин тамоюли созанда ба мо имкон медиҳад, ки иқтидори минтақаи худро ба манфиати наслҳои оянда самаранок истифода барем.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди иқтисодиро заминаи устувори оянда номида, зарур шумурданд, ки иқтисоди минтақавӣ тавассути ҳамкорӣ ва навовариҳо густариш дода шавад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки барои рушди ҳамгироии истеҳсолӣ, таҳияи механизми минтақавии ҳамкории саноатӣ, густариши ҳамкорӣ дар бахши энергетика, таҷдиди долонҳои роҳи оҳан, васеъсозии нақлиёти ҳавоӣ ва омехта, иқдомҳои муштараки созанда зарур аст.
Дар ин робита, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки фазои ягонаи нақлиётӣ ва логистикии Осиёи Марказӣ ташаккул дода шавад. Истифодаи самараноки имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишварҳои минтақа зарур шумурда шуд.
Бо дарназардошти аҳамияти рӯзафзуни иқтисоди рақамӣ ва зарурати таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар ин соҳа, Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе таъсис ёбад. Ба андешаи Сарвари давлати мо, вазифаи ин марказ таҳияи барномаҳои тадқиқотӣ оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои калидии ҳамкорӣ хоҳад буд.
Бо истифода аз фурсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии СММ ҷиҳати қабули қатъномаи махсус таҳти унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” изҳори сипос карданд. Илова бар ин, гуфта шуд, ки таъсиси як платформаи ягонаи рақамӣ барои рушди тиҷорати электронӣ, ки имрӯз ба неруи пешбарандаи иқтисодиёт табдил ёфтааст, мувофиқи мақсад мебошад.
Таъкид гардид, ки татбиқи ин ташаббус на танҳо ҳамгироии иқтисодиро тақвият медиҳад, балки ба афзоиши фаъолияти тиҷоратӣ ва гуногунсозии ҷараёнҳои тиҷорат дар минтақа мусоидат менамояд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳ доштани амнияти минтақавии устуворро яке аз авлавиятҳои асосии ҳамкорӣ номиданд, зеро таҳдидҳои терроризм, экстремизм, идеологияи тундгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир нигаронкунанда боқӣ мемонанд. Дар зимн, пешниҳод гашт, ки ба масъалаи баланд бардоштани иқтидори сохторҳо ва идораҳои дахлдор таваҷҷуҳи махсус зоҳир шавад. Рушди мунтазами ҳамкорӣ дар соҳаи омодасозии касбии кадрҳо ва коршиносон барои бахши амният яке аз унсурҳои муҳими муқовимати муносиб бо таҳдидҳои нав номида шуд.
Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки бо назардошти афзоиши таҳдидҳои киберӣ, тақвияти чораҳои муштарак бо истифода аз технологияҳои пешрафта зарур аст.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, барои бо мундариҷаи нав ғанӣ сохтани равандҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг як қатор пешниҳодҳо ба миён гузоштанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зарурати рушди ҳамкорӣ дар ин самт, пешниҳод намуданд, ки дар Осиёи Марказӣ маркази байналмилалии инноватсия ва маориф таъсис дода шавад.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкониятҳои бузург барои таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва варзиш ёдовар шуда, таъкид сохтанд, ки барои баланд бардоштани обрӯю нуфзи минтақа аз мероси ғании фарҳангию таърихӣ бояд васеъ истифода бурд.
Масъалаи экологӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ номида шуд, зеро тағйирёбии иқлим ва бар асари он обшавии пиряхҳо ва хокборишҳои тулонӣ ба амнияти озуқавории кишварҳои мо таъсири бевосита мерасонанд.
Дар фароварди сухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки шукуфоии ояндаи Осиёи Марказӣ ба ҳамкории зич вобаста мебошад, ки пеш аз ҳама ба беҳтар намудани сифати зиндагии шаҳрвандон равона шудааст.
Аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрии ҳафтуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби роҳбарони давлатҳо Изҳороти муштарак ва дигар санадҳои муҳим ба имзо расид.
Дар фароварди ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз номи сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.
