ҶАШНИ МУҲАББАТ БА ВАТАН

18 ноябр 2025, Сешанбе
20


Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҳамчун санаи таърихӣ, балки гиромидошти хидматҳои мондагору мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар эъмори давлати навини тоҷикон ва муаррифии шоистаи он дар арсаи байналмилалӣ нақши басо муҳим доранд.


Мусаллам аст, ки дар низоми ҳуқуқии кишвари мо Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ амал намуда, дар заминаи муқаррароти он рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву ҳуқуқии мамлакат таъмин гардид. Ин санади олии ҳуқуқӣ мақоми Президентро ҳамчун ниҳоди конститутсионӣ ва кафили истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон таъин кард. Гузашта аз ин, маҳз тавассути меъёрҳои Конститутсия роҳ ба сӯйи ислоҳоти институтсионалӣ кушода шуда, такмили низоми ҳокимияти иҷроия, танзими муносибати байни шохаҳои ҳокимият, таҷдиди қонунгузорӣ дар соҳаҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, мурофиавӣ, маданӣ ва иқтисодӣ дар қонунгузорӣ имконпазир шуданд.
Дар баробари таъмини сулҳ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии мамлакат ба тақвияти қудрати дифоии давлат зоҳир гардид. Дар ин замина, давра ба давра иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта шуда, марзбонони тоҷик дар ҳифзи сарҳади давлатӣ қудрати комил ба даст оварданд.
Дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амнияту тартиботи ҷамъиятӣ тақвият ёфта, ин сохторҳо дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, муқовимат ба терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нақши намоён гузоштанд. Сиёсати оқилонаи Сарвари давлат дар ин самт ба истеҳкоми низоми давлатӣ ва ҳамкории зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароити мусоидро фароҳам карда, заминаи ҳуқуқии суботи дарозмуддатро ба вуҷуд овард.
Мактаби давлатдории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар се меҳвари меъёрӣ – қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пурзӯр кардани иқтидори давлату сохторҳои он ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ таҳким ёфт. Дар ин робита, барномаҳои стратегӣ, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар шакли ҳуқуқии худро гирифтанд.
Дар сатҳи муносибатҳои байналмилалӣ, мактаби дипломатияи обӣ ва ташаббусҳои дорои эътибори ҷаҳонӣ (рӯзномаи ҷаҳонии амал дар соҳаи об) симои Тоҷикистонро ҳамчун кишваре бо сухани меъёрӣ ва манфиати умумибашарӣ шакл дод.
Хатарҳои амниятӣ, тағйирёбии авзои минтақа, буҳронҳои молиявии ҷаҳонӣ, пандемия, фишорҳои ғайримаъмули иқлимӣ ҳар кадом санҷиши қобилияти идоракунии давлатие буданд, ки миллати тоҷик зери сарварии Пешвои хирадсолори худ онҳоро сарбаландона мегузаранд.
Дар партави сиёсати созандаи Сарвари давлат имрӯз дар ҳамаи гӯшаву канори мамлакат пешрафту шукуфоиҳо ба назар мерасанд. Дар ин миён, шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат ва симои давлату миллати тоҷик таҳти роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамоно ободу зеботар мегардад. Татбиқи барномаҳои давлатӣ дар шаҳр фаъолона ба роҳ монда шуда, ба тартиботи ҳуқуқӣ, ташкили муҳити мусоид барои соҳибкорӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва тарбияи маърифатии насли нав таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Ҳамин тавр, беш аз се даҳсола аст, ки миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои ормонии худ дар масири созандагию офаридани симои барҷастаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад ва мутмаинем, ки ин роҳи мунаввар ҳамоно идома ёфта, Ватани маҳбуби мо дар партави чунин сиёсати бобарор боз ҳам шукуфотару шукӯҳманд хоҳад шуд.


Мизробшоҳ АБДУРАҲМОНЗОДА,
прокурори шаҳри Душанбе

Санаи нашр: 16.11.2025 №: 219-220