ПЕШВОИ МИЛЛАТ. АЗ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДОХИЛӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ
Дар тули таърих шахсиятҳои барҷастае ба майдони сиёсат омаданд, ки дар мубориза барои тантанаи озодӣ ва адолат ҷонбозиҳо намуда, бо корнамоиҳояшон мардумро ба иттиҳоду сарҷамъӣ расондаанд ва ба ин васила ба пешрафту шукуфоии ватанашон асос гузоштаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ аз ҷумлаи чунин шахсиятҳои таърихӣ мебошанд, ки бо ташаббусҳои созанда ва садоқати беандоза нисбат ба Ватану миллат дар дилу дидаҳои мардум ҷой гирифтаанд.
Шахсияти Эмомалӣ Раҳмон чун роҳбари дурандеш аз рӯзҳои аввали сарвариашон ба давлату миллати тоҷик равшан зоҳир гашта буд. Дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ новобаста аз он ки дар он давраи пурошӯб ба ҷонашон хавфу хатари ҷиддӣ таҳдид мекарданд, масъулияти Сарвари давлат, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма гирифтанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қабули ин қарор, роҳи наҷоти Ватан ва ҳифзи тамомияти арзӣ ва истиқлоли давлатии Тоҷикистонро интихоб карда, тавонистанд дар кӯтоҳтарин муддат аз фурӯпошии давлат пешгирӣ кунанд, алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш намоянд, сохторҳои фалаҷшудаи Ҳукуматро барқарор созанд ва Артиши миллиро таъсис диҳанд. Муҳимтар аз ҳама, гурезагонро ба Ватан баргардонданд ва барои мардум сулҳ, субот ва шукуфоиро кафолат доданд.
Баробари барқарорсозии иқтисодиёт Ҳукумат таҳти роҳбарии Пешвои миллат роҳи эҳёи маънавии мардуми аз ҷанг хасташударо муайян кард.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ”, ки хусусиятҳои асосии фарҳанги миллиро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф, тарбияи ҷавонон ва кӯдакон, адабиёт ва санъат дар бар мегирад, инъикоси стратегияи дарозмуддати ташаккули ҳувияти миллии ҷомеаи тоҷик гардид. Як таҳаввулоти назаррас дар ин раванд гузоштани муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, асосгузори аввалин давлати тоҷикон, дар маркази шаҳри Душанбе гардид.
Дар мамлакат ба шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, на танҳо ҳифзи забони тоҷикӣ ҳамчун унсури асосии ҳувият мавқеи асосӣ гирифт, балки баланд бардоштани он то ба мақоми воситаи пурраи муоширати давлатӣ, илмӣ ва фарҳангӣ имконпазир гардид.
Имрӯз ҷаҳон мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмонро эътироф карда, Кумитаи академии Шурои Аврупо барои фидокорӣ ва самимият ба Сарвари давлати мо Ҷоизаи бонуфузи "Пешвои асри XXI "-ро сазовор донист.
Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷум-ҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳамкориҳои байналмилалиро таҳким бахшид.
Заррина АҲРОРИЁН,
муовини ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ
ибни Сино оид ба тарбия, дотсент
