ТУ ЧУН ЁҚУТИ СУРХ АНДАР МИЁНА

18 ноябр 2025, Сешанбе
20


Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Президент ин санаҳои муқаддас ва таърихии миллати тоҷик мебошанд, ки имрӯзҳо дар сартосари кишвар бошукӯҳ таҷлил мешаванд. Ибтидои фаъолияти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз ҳамин Иҷлосияи таърихӣ сарчашма мегирад. Хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназиранд. Мардуми азияткашидаи Тоҷикистон самараи ин заҳмату талошҳои Пешвои миллатро ҳамарӯза эҳсос менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ устуворона гуфта буданд, ки ман ба шумо сулҳ меорам. Танҳо ваҳдату муттаҳидӣ ҷумҳурии моро аз буҳрони амиқи иқтисодиву сиёсӣ бароварда метавонад.
Имрӯз мардуми бонангу номуси тоҷик дар симои Пешвои муаззами миллат, пуштибон, наҷотбахш ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро мебинанд. Аз ин рӯ, ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ин арҷгузорӣ ба хидматҳои барҷастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан мебошад. Ҳамчун шахсияти нотакрори миллат дар бунёди низоми давлатдорӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ раҳо намуданд ва дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таърихиву фарҳангии кишвар хидматҳои бузургу тақдирсоз карданд. Таърихи башарият кам чунин абармандонеро ёд дорад, ки тамоми қувваю кӯшиши худро барои ҳифзи якпорчагии Меҳани худ ва осоиштагии он равона намуда бошад. Ӯ Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ карда, дар сартосари дунё аз мақоми арҷманде бархӯрдор намуд. Ногуфта намонад, ки хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ арзандаи садҳо китоб аст. Асрҳо мегузаранд, наслҳоро наслҳо иваз менамоянд, вале корнамоии ӯ дар лавҳи хотири мардум абадӣ хоҳад монд. Лоиқи омӯзиш ва пайравӣ донистани таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон баҳои олӣ ба хидматҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ талошҳои Сарвари давлат ниҳоят бузург ва саривақтианд. Пешвои миллат борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид баромад карда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро бо қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробарии давлатҳои ҷаҳон ва таъминоти оби тоза бо аҳолии дунё ҷалб намуданд.
Дар симои шахсияти беназири таърихӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофарӣ дида мешавад. Саҳми Пешвои миллат дар пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистон бағоят бузург буда, номи ӯ дар баробари сарварони эътирофшудаи ҷаҳонӣ, ба монанди Франклин Рузвелт, Маҳатма Ганди, Мао Тзэдун, Ҷорҷ Вашингтон, Авраам Линколн, Шарл Де Голл меистад. Воқеан ҳам, фарзанди фарзонаи миллат, хирадманду ватанпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як сокини кишвар, аз кӯдакон то пирони рӯзгордида, ҳатто барои тоҷикзабонони минтақаҳои гуногуни ҷаҳон идеал ва ифтихор аст, зеро хидмати ӯ ба халқу диёр боис гардид, ки Тоҷикистон ва мардуми сарбаланди он дар арсаи ҷаҳон шинохта шаванд. Имрӯз дар тамоми давлатҳои ҷаҳон Тоҷикистонро бо исми шарифи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд.
Суханони пурҳарорат, ҷавонмардона ва беолоиши ӯ дар Иҷлосияи таърихиву тақдирсоз чун шамъи фурӯзон роҳи орзуи ягонаи миллионҳо сокинони Тоҷикистон гардид. Аз ин лиҳоз, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ барои миллати тоҷик хеле азиз буда, рӯзи баргузории он ҳар сол дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад.


Холназар КАСИРОВ,
узви Конфедератсияи
байналмилалии журналистон

Санаи нашр: 17.11.2025 №: 221