БОЗИҲОИ МАҶМУӢ

18 ноябр 2025, Сешанбе
14


Саъдӣ Исмоилов – барандаи медали биринҷии Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ
Узви дастаи мунтахаби тенниси рӯйи мизи Тоҷикистон Саъдӣ Исмоилов дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, дар мусобиқаи инфиродии тенниси рӯйи миз ҷойи сеюмро сазовор гашт.
Саъдӣ дар чор давр бар варзишгарони Озарбойҷон (4:0), Сенегал (4:2), Арабистони Саудӣ (4:2), Қазоқистон (4:1) ғолиб омада, дар нимфинал аз теннисбози мисрӣ Умар Муҳаммад Ассар мағлуб шуда, медали биринҷӣ гирифт.
Ин панҷум медали ҳайати олимпии Тоҷикистон дар 6-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ мебошад. Қаблан ҷудочиёни кишвар ду медали нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварда буданд.
6-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки 7-уми ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ оғоз гардида буд, то 21-уми ноябр идома меёбад. Рӯзҳои баъдӣ варзишгарони мо дар намудҳои гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, ҷиуҷитсу ва варзиши сабук барои ҷоизаҳо талош мекунанд.


Малайзия мизбони 7-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ тасдиқ шуд
Ассотсиатсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ (ISSA) дар 14-ум Маҷлиси умумии ISSA, ки таҳти раёсати шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ ал-Файсал, президенти ISSA баргузор гардид, иёлати Селангори Малайзияро мизбони 7-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар соли 2029 интихоб кард.
Ин қарор пас аз он қабул карда шуд, ки ҳайати ISSA ва комиссияи Бозиҳо, таҳти роҳбарии Дабири кул Носир Маҷалӣ, ба се кишвари номзад – Эрон, Ӯзбекистон, Малайзия барои санҷиш сафарҳо анҷом дод. Ҳайат омодагии ҳар як номзадро барои мизбонии Бозиҳо, аз ҷумла стандартҳои техникӣ, логистика ва омодагӣ арзёбӣ кард.
Бо инъикоси руҳияи ҳамкорӣ, ҳамаи номзадҳо розӣ шуданд, ки аз дархости Малайзия пуштибонӣ кунанд.
Носир Маҷалӣ, Котиби генералии ISSA, гуфт: «Ассотсиатсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ аз интихоби иёлати Селангори Малайзия ҳамчун мизбони Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар соли 2029 хурсанд аст. Селангор макони беҳтарин барои бозиҳои маҷмуии мо ва барои нишон додани сулҳ, фарогирӣ ва устуворӣ, инчунин дурахшидани варзишгарони ISSA хоҳад буд”.
ФУТБОЛ
Лигаи олӣ: мубориза барои унвони чемпионӣ идома меёбад
Аксари дастаҳои Лигаи олӣ бозиҳояшонро дар Чемпионати Тоҷикистон-2025 ба анҷом расонданд. Фақат чор бозӣ бо иштироки тими “Истиқлол”-и Душанбе, бо сабаби иштирокаш дар Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё-2025-26, мавқуф мондааст.
Ҳамин тариқ, дар даври 22-юм тими пешсафи мусобиқа “Вахш”-и Бохтар бар “Истаравшан” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. “Вахш” феълан бо 44 хол аз 21 бозӣ дар ҷойи аввали ҷадвали мусобиқа қарор дорад. “Истиқлол”, ки дар ин давр “Эсахата”-ро бо ҳисоби 6:2 шикаст дод, бо 40 хол дар зинаи дуюм аст. Аммо тими Душанбе 18 бозӣ анҷом додааст. Дар ду бозии даври 22-юм КМВА бар “Регар-ТадАЗ” (1:0) ва “Хуҷанд” бар “Барқчӣ” (1:0) ғалаба карданд. Бозиҳо миёни дастаҳои “Ҳулбук” – “Равшан” ва “Панҷшер” – “Ҳосилот” бо ҳисоби якхелаи 1:1 анҷом ёфтанд.
Дастаи Клуби марказии варзиши артиш (КМВА) бозиҳояшро анҷом дода, бо 37 хол дар ҷойи сеюм мавқеъ гирифт ва бо медали биринҷӣ қадр хоҳад шуд. Дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки зинаи охирро касб кард, аз Лигаи олӣ дар мавсими оянда ҳазф мешавад.
Мубориза барои медалҳои тилло байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Вахш” идома меёбад.


ШОҲМОТ
Пранав Ананд – ғолиби Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон
9-16-уми ноябр дар шаҳри Душанбе аввалин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон доир гашт. Дар Мусобиқа 230 шоҳмотбоз аз 16 кишвар, аз ҷумла гроссмейстерҳо иштирок намуда, дар ду гурӯҳ бозӣ карданд.
Дар гурӯҳи “А” гроссмейстери ҳиндӣ Пранав Ананд бо гирифтани 7 хол аз 9 бозӣ пирӯз шуда, сазовори медали тилло ва 10 000 доллари ИМА гардид. Русиягиҳо Сергей Дригалов медали нуқра ва 8 000 доллар, Никита Афанасиев медали биринҷӣ ва 5 000 доллар ба даст оварданд.
Дар гурӯҳи “В” зиёда аз 130 иштирокчии синну соли гуногун ширкат карда, Исломбек Ҳусанови 11-сола аз Ӯзбекистон ғолиб гардид. Ҳамдастаи ӯ Муҳаммаддиёр Муҳаммадуллоев медали нуқра гирифт. Оксана Горячкина аз Русия соҳиби медали биринҷӣ шуд.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.11.2025 №: 221