ТОҶИКИСТОН. ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ҲАМЧУН ЗАМИНАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ

18 ноябр 2025, Сешанбе
8


Тоҷикистон, ки бо ҷашнҳои миллии Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада, инчунин, идҳои сабзавоту меваҷот ва фестивалҳои хӯрокҳои лазиз машҳур аст, имконияти беназире барои рушди сайёҳии гастрономӣ дорад. Таҷлили ахири бошукӯҳи Ҷашни бостонии Меҳргон дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсии пойтахт бо фестивалҳои асал, оши палав, шолию биринҷ, себу ангур ва дастархонороии миллӣ, намунаи барҷастаи ин гуна имкониятҳост.
Имрӯз сайёҳии гастрономӣ, ҳамчун як самти инноватсионии босуръат рушдёбандаи сайёҳӣ, ҷаҳонгардонро аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон барои шиносоӣ бо фарҳанг ва хӯрокҳои миллии кишварҳо ҷалб мекунад. Ин навъи сайёҳӣ, ки ба рушду таблиғи ҳунарҳои вобаста ба пухтупаз, шиносоии ҷаҳониён бо хӯрокҳои миллӣ ва нӯшокиҳои гуворо нигаронда шудааст, бешубҳа, метавонад шохаи муҳими соҳа арзёбӣ гардад. Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон метавонад бо истифода аз ин равияи муосир манфиати бештаре дошта бошад.
Бояд гуфт, ки сайёҳии гастрономӣ муаррифии таомҳои анъанавии минтақаи мушаххас аст, ки барои ҳар як сайёҳ дастрас аст. Он на танҳо як навъи фароғат, балки воситаи муҳими шинохти фарҳанги миллатҳо ва таҳкими робитаҳои байнифарҳангӣ мебошад. Ҷаҳонгардон имрӯз бештар ҳангоми сафар мехоҳанд бо анъанаҳои хӯрокпазӣ, тарзи тайёр кардани хӯрокҳо ва шириниҳои миллӣ шиносоӣ пайдо намоянд. Ин тамоюл барои рушди соҳибкории хурду миёна дар соҳаи хӯрокворӣ ва хизматрасонӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад. Тарабхона, қаҳвахона ва дигар муассисаҳои хӯрокворӣ метавонанд бо пешниҳоди таомҳои анъанавии маҳаллӣ сайёҳони бештарро ҷалб намоянд. Илова бар ин, рушди сайёҳии гастрономӣ ба истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат мекунад. Бо назардошти ҳамаи ин омилҳо зоҳир намудани таваҷҷуҳи махсус ба рушди сайёҳии гастрономӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Ин метавонад дар шакли ташкили чорабиниҳо ва таблиғи хӯрокҳои миллӣ дар сатҳи милливу байналмилалӣ амалӣ шавад. Ҳамзамон, муҳим аст, ки ба сифати хӯрок ва хизматрасонӣ диққати ҷиддӣ дода шавад, то таассуроти хуб дар бораи кишвар ва фарҳанги он дар зеҳни сайёҳон боқӣ монад. Омодасозии мутахассисони ин бахш низ дар мадди аввал меистад.
Имрӯз дар кишвари мо хатсайрҳои алоҳидаи гастрономӣ дида намешаванд. Танҳо дар дохили хатсайрҳои алоҳида боздид аз хоҷагии деҳқонӣ ё тарабхонаҳо пешбинӣ шудааст. Вале, бино ба андешаи мутахассисони соҳа, бо назардошти пайдо кардани афзалияти бештар байни ҷаҳонгардон, сайёҳии гастрономиро метавон батадриҷ ба хизматрасониҳо ва хатсайрҳои сайёҳӣ ворид кард.
Албатта, барои рушди сайёҳии гастрономӣ инфрасохтори мувофиқ ва ташвиқоти дуруст лозим мебошад. Зарур аст, ки дар ҷойҳои дурдаст ҳам роҳҳои хуб, меҳмонхонаҳои бароҳат ва тарабхонаҳои босифат мавҷуд бошанд. Инчунин, бояд маълумоти фарох дар бораи имкониятҳои гастрономии кишвар ва минтақаҳои алоҳидаи он ва чорабиниҳои вобаста ба он фаъолона паҳн карда шавад.
Дар ин росто, истифодаи технологияҳои муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ба таври назаррас мусоидат кунанд. Сайёҳон метавонанд бо истифода аз барномаҳои мобилӣ ва вебсайтҳо маълумот дар бораи чорабиниҳои дарпешистода, тарабхона, қаҳвахона ва дигар ҷойҳои ҷолиби гастрономӣ пайдо намоянд, ки шумораи воридшавии онҳоро зиёд мекунад.
Хулоса, сайёҳии гастрономӣ на танҳо як омили муҳими рушди сайёҳӣ, балки таҳрикдиҳандаи рушди соҳибкорӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ мебошад. Ин самт имкониятҳои навро барои соҳибкорону деҳқонон ва дигар алоқамандони соҳа фароҳам оварда, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум ва пешрафти иқтисодии кишвар мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, дастгирии ҳамаҷиҳата, таҳияи нақшаҳои махсус барои рушди сайёҳии гастрономӣ ва ташаккули бренди миллӣ дар ин самт аҳамияти калон дорад.


Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 17.11.2025 №: 221