ТАЪИНОТИ КАДРӢ

20 ноябр 2025, Панҷшанбе
12


18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом доданд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон озод гардида, Насреддин Исматулло, ки дорои таҷриба ва собиқаи корӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин карда шуд. Ҳамчунин, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насреддин Исматулло аз вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Ҳамрализода Фаррух, ки дар сохторҳои мақомоти давлатӣ солҳои зиёд фаъолият намудааст, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Санаи нашр: 19.11.2025 №: 222