ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ВА АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ИСТИФОДАИ РАСМИИ ОН

20 ноябр 2025, Панҷшанбе
32


Ба даст овардани истиқлоли давлатӣ барои халқи тоҷик оғози марҳалаи нави хештаншиносӣ ва дарёфти арзишҳои миллӣ гардид. Аз ҷумла, Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 тасдиқ шуда, ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи мо соҳиби яке аз рамзҳои муҳими истиқлоли давлатӣ ва давлатдории миллии муосир – Парчами давлатӣ гардид.
Мақоми Парчами давлатиро ҳамчун рамзи давлатии Тоҷикистон моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, мустаҳкам намуд. Минбаъд, бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999, №892 Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул ва мавриди амал қарор дода шуд.
Баъдан, 12-уми майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки он дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ моҳияти Парчами давлатиро муайян карда, тартиби расмии истифодаи онро ба танзим даровард. Дар асоси моддаи 4 Қонун бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2011, №659 “Тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ шуд, ки он масъалаҳоро вобаста ба тайёр кардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Парчами давлатӣ дар шакли кунунӣ бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми марти соли 2007, №499 тасдиқ шуда, тибқи талаботи Тартиби зикршуда, новобаста ба андозааш, бояд бо риояи дақиқи ҳаҷму ранги асл тасвир карда шавад.
Боби 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Парчами давлатӣ бахшида шуда, моддаи 5 ҷой, маврид ва тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намудааст, ки он ду тарзро дар бар мегирад: доимӣ ва муваққатӣ. Тибқи талаботи ин модда, Парчами давлатӣ ба таври доимӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳо, мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ ва дигар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), инчунин, намояндагиҳои дипломатӣ, дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ афрохта мешавад.
Тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин аст, ки дар вақти афрохтани он ва парчами ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликияташон, паҳно ва баландии ин парчамҳо набояд аз паҳно ва баландии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон калон бошад. Ҳангоми дар як вақт афрохтани шумораи тоқи парчамҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мобайн ва дар мавриди афрохтани шумораи ҷуфти парчамҳо аз марказ дар тарафи чап ҷой дода мешавад.
Ҳамин тариқ, Парчам яке аз рамзҳои муҳими давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва яке аз арзишҳои муқаддаси миллӣ буда, бо гузашти солҳо, бо мақсади арҷ гузоштан ба он, бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 дар тақвими давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ арзи вуҷуд намуд. Ба хотири он ки 24-уми ноябри соли 1992 аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид. Аз ҳамон сол инҷониб, халқи тоҷик ин ҷашнро бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ, ҳамчун нишони арҷ гузоштан ба ин муқаддасоти миллӣ, ки эҳтироми волои он ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил менамоянд, зеро Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи барҷастаи истиқлоли давлатии мо, таҷассумгари ғурури миллӣ, ору номуси ватандорӣ ва рамзи бақои давлату миллати тоҷик аст.


Баҳриддин САФАРЗОДА,
прокурори ноҳияи Исмоили Сомонӣ,
мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3

Санаи нашр: 19.11.2025 №: 222