ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТ ВА ШИРКАТҲОИ КОРЕЯ БА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲО ШУРУЪ КАРДАНД

20 ноябр 2025, Панҷшанбе
16

Ҳафтаи гузашта дар Душанбе миёни Вазорати нақлиёт ва ширкатҳои Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум дар бораи оғози татбиқи се лоиҳа дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла лоиҳаи асосноккунии техникию иқтисодӣ ва лоиҳаи муқаддимавии сохтмони маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии шаҳри Кӯлоб, лоиҳаи пешакии асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе, хатсайри 2 (аз бинои Сирки давлатӣ то дарвозаи шарқӣ) ва лоиҳаи дастгирии машваратии Гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои сохтмони метро дар Душанбе ба имзо расид.

Бо мақсади оғози татбиқи лоиҳаҳо 11-12-уми ноябр бо иштироки доираи васеи ҳайатҳои Тоҷикистону Корея семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардиданд.


Тавре Вазорати нақлиёт хабар медиҳад, лоиҳаҳои зикршуда, дар Барномаи ҳамкории иқтисодии Бонки содироту воридоти Корея, бояд аз моҳи ноябри соли 2025 то моҳи июли соли 2026 амалӣ шаванд.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 19.11.2025 №: 222