БО ЗАБОНИ РАҚАМҲО. ҲАҶМИ БОРКАШОНӢ ДАР НУҲ МОҲ 15,4 ДАРСАД АФЗУД

20 ноябр 2025, Панҷшанбе
25

Дар нуҳ моҳи соли равон тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт 115 миллиону 5,9 ҳазор тонна бор интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,4 дарсад зиёд мебошад. Дар ин бора Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузориши худ «Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025» хабар додааст.

Тибқи маълумоти Агентӣ, тавассути нақлиёти автомобилӣ беш аз 109,4 миллион тонна бор интиқол ёфт, ки 95,1 дарсади ҳаҷми умумии ҳамлу нақлро ташкил медиҳад. Дар муқоиса бо соли гузашта ҳаҷми боркашонӣ 15,4 дарсад афзудааст.


Сохтори боркашонӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки дар вилояти Суғд беш аз 33,3 миллион тонна бор, Хатлон 42 миллиону 395,6 ҳазор тонна, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як миллиону 067,5 ҳазор тонна, шаҳри Душанбе 15 миллиону 678,6 ҳазор тонна, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 16 миллиону 916,6 ҳазор тонна бор интиқол ёфтааст.

Бо нақлиёти роҳи оҳан дар ин давра 5 млн 585,0 ҳазор тонна бор (бо дарназардошти боркунӣ, борфарорӣ ва транзит) интиқол дода шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ–сентябри соли гузашта 16,1 дарсад зиёд аст.

Гардиши борҳои ҳамаи намудҳои нақлиёт дар моҳҳои январ–сентябри соли равон 11 млрд 403,4 млн тонна-километрро ташкил дод. Илова бар ин, дар нуҳ моҳи соли равон ба воситаи ҳамаи намудҳои нақлиёти мусофирбар 832 млн 096,2 ҳазор мусофир интиқол ёфт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.


Ҳиссаи асосиро дар ҳамлу нақл нақлиёти хушкигард ташкил мекунад, ки ба 99,9 дарсад баробар аст. Дар муқоиса бо соли гузашта ҳаҷми мусофиркашонӣ 9,7 дарсад афзуд.


Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 2023-02-01