ФУТБОЛ
Пирӯзии Тоҷикистон бар Тимори Шарқӣ дар Австралия
Тими миллии футболи кишвар дар даври панҷуми марҳалаи сеюми интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” бар дастаи мунтахаби Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард.
Бозии дастаҳо 18-уми ноябр дар шаҳри Дарвини Австралия сурат гирифт. Дар ҳайати Тоҷикистон Шервонӣ Мабатшоев ду гол, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шериддин Бобоев якголӣ заданд. Дар бозии дигари гурӯҳ Филиппин бар Малдив бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.
Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии панҷ давр дар гурӯҳи “А” Тоҷикистон бо 13 хол дар ҷойи аввал аст. Филиппин ҳам 13 хол дорад, аммо аз рӯйи таносуби тӯбҳо дар зинаи дуюм мавқеъ дорад. Тимори Шарқӣ бо 3 хол дар ҷойи сеюм, Малдив бе хол дар мақоми чорум ҳастанд.
Тибқи муқаррарот, аз 6 гурӯҳи марҳалаи сеюми интихобӣ танҳо ғолибон ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳхат мегиранд. Ҳоло танҳо Сурия аз гурӯҳи “Е” иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2027 таъмин кардааст.
Бозии навбатии тими миллии Тоҷикистон 31-уми марти соли 2026 муқобили Филиппин сурат мегирад.
ГӮШТӢ
Виктор Рассадин дар мусобиқа ба хотираи Коркин медали тилло гирифт
Дар 16-ум Мусобиқаи байналмилалии гӯштии тарзи озод ба хотираи Мураббии шоистаи ИҶШС ва Россия Дмитрий Коркин, ки 15-16-уми ноябр дар Якутск баргузор шуд, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Виктор Рассадин ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф шуд.
Дар финали вазни 70 кг Рассадин ҷоизадори чемпионати Россия Константин Каприновро бо ҳисоби 9:2 мағлуб кард. Ин ҳаштум пирӯзии Виктор Рассадин дар мусобиқа аст, ки рекордӣ мебошад.
Дар ин мусобиқаи бонуфуз 239 паҳлавон аз Австралия, Озарбойҷон, Беларус, Ҷумҳурии Корея, Куба, Қирғизистон, Македонияи Шимолӣ, Молдова, Муғулистон, Россия, Тоҷикистон ва Ҷопон ширкат варзиданд.
Ба ғолибон ҷоизаи пулӣ ба маблағи 200 ҳазор рубл дода шуд. Ба барандагони медалҳои нуқра 100 ҳазор рубл ва медалҳои биринҷӣ 75 ҳазор рубл тақдим гашт.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
