ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

20 ноябр 2025, Панҷшанбе
33

18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва раванди корҳои ободониву созандагӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Сарвари давлатро раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.
Маврид ба таъкид аст, ки бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баъди бунёд, таъмир ва навсозӣ бештар аз 12 ҳазор иншооти гуногун ба истифода дода шуда, то моҳи сентябри соли 2026 боз 2 ҳазор иншооти дигар бунёд карда мешавад.

Ба истифода додани бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд
18-уми ноябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо ифтитоҳи бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сатҳу сифати баланд бунёд шудааст, оғоз гардид.
Бинои нави Маркази саратоншиносӣ, ки аз 6 ошёна иборат аст, дар асоси дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шуда, аз лиҳози тарҳ ва имконияти фароҳамгардида дар самти ташхису табобат камназир аст. Сохтмони бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, иҷрои корҳоро бештар аз 200 бинокор ба уҳда дошт.
Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти Марказ, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин бино 43 ҳуҷраи табобатӣ, 3 амалиётхона бо маҷмуи дастгоҳҳои муосири ҷарроҳӣ, таҳлилгоҳи клиникавӣ, биохимиявӣ, морфологӣ, имунаферментӣ, ҳуҷраи тадқиқоти фаросадо ва ташхиси эндоскопӣ мавҷуд буда, дар 5 шуъбаи амалкунанда боз 60 мутахассиси соҳаи тандурустӣ, хоса табибони саратоншинос, ба кор ҷалб гардидаанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва табибони Марказ дастур доданд, ки дар вақти ташхис ва табобати беморон масъулияти бештар дошта бошанд ва дар беҳдошти солимии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Зимни муаррифии шароиту имкониятҳои фароҳамшуда таъкид гардид, ки давоми солҳои охир 18 табиби маркази саратоншиносии вилояти Суғд малакаи касбии худро дар муассисаҳои тандурустии сатҳи ҷаҳонии хориҷи кишвар сайқал дода, имрӯзҳо дар самти ташхис ва табобати беморон аз роҳу усулҳои муосир кор мегиранд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону масъулини соҳа ва ба табибон дастур доданд, ки барои пешгирии бемориҳои саратон дар миёни аҳолӣ бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда, ҳамеша тарзи ҳаёти солимро тарғиб намоянд. Дар бинои нави Марказ барои гузарондани маслиҳату машварат ва ҷаласаю дигар чорабиниҳои соҳавӣ толори барҳаво бо фарогирии 100 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки иншооти куҳнаи Марказ ҳанӯз солҳои 60-уми асри гузашта бунёд шуда, дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 130 кати табобатӣ дорад. Бо бунёди бинои нав шумораи катҳои табобатӣ дар маҷмуъ, ба 330 расид. Дар фасли зимистон бинои иловагӣ ва иншооти ёрирасони он пурра тариқи маркази ягона бо гармӣ таъмин карда мешавад. Саҳни ҳавлии бино бо сифати баланд ободу зебо ва дилрабо гардидааст.


Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд ифтитоҳ шуд
18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд ба номи Ҷаҳон Набиевро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти нав аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он фаъолияти 5 шуъба ва дармонгоҳ ба роҳ монда шудааст. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав бори аввал дар Маркази клиникавии эндокринологӣ фаъолияти ҷарроҳихона, ҳуҷраи эҳё, наҷот ва беҳискунӣ ба роҳ монда шуд.
Ворид намудани зиёда аз 40 номгӯи дастгоҳу таҷҳизоти нав барои ташхису табобат имкониятҳоро барои хизматрасонӣ ба нафарони гирифтори диабети қанд, бемориҳои ҷоғар, ғадуди зери меъда, бенаслӣ, норасоии ғизо, фарбеҳӣ, диабети ғайриқандӣ ва дигар намуди бемориҳо ба талабот мутобиқ гардонд. Инчунин, дар марказ 4 шуъбаи нав – қабул, ҷарроҳӣ, бемориҳои ҷоғар ва кӯдакона таъсис дода шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини соҳа ва табибонро барои истифодаи босамар аз шароити замонавии мавҷуда ва хизматрасонии сатҳи баланд вазифадор намуданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав шумораи катҳо аз 80 ба 200 расид. Барои ташкили корҳои омӯзишӣ, дарсҳои амалии донишҷӯён ва гузарондани чорабиниҳои гуногун толору ҳуҷраҳои таълимӣ мутобиқ ба тарҳи муосир мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки барои баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва беҳтар шудани сифати таълим мусоидат мекунанд.


Ифтитоҳи Беморхонаи клиникии рақами 1 дар шаҳри Хуҷанд
18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои нави Беморхонаи клиникии рақами 1 ба номи Султон Уруновро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои Беморхона аз 7 ошёна иборат буда, дар масоҳати 600 метри мураббаъ бо сифати баланд ва шароити муосири хизматрасонии тиббӣ бунёд гардидааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои Беморхона дорои 7 шуъба ва 200 кати хоб буд. Баъди ба истифода додани бинои нав шуъбаҳои Беморхонаи клиникии рақами 1-уми шаҳри Хуҷанд ба 18 ва катҳои хоб ба 660 расид, ки имконияти фарогирии беморонро ба ташхису табобат васеъ гардонд. Дар баробари шуъбаҳои навтаъсис дар бинои нав толори барҳаво барои гузарондани ҷаласа ва конфронсҳои илмӣ-амалӣ бо 100 ҷойи нишаст, ошхона бо шароити хизматрасонии хуб омода шудаанд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нав 200 корманди соҳа бо кор таъмин гардид ва шумораи онҳо ба 900 нафар расид. Дар шуъбаҳои навтаъсиси қабул, эҳё ва наҷот, ҷарроҳиҳои фаврӣ, асаб, урологӣ, амрози занона, осебшиносӣ ва ортопедия шароит ва усулҳои нави табобат роҳандозӣ шудаанд.
Муассисаи тиббии мазкур бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳа, аз ҷумла томографияи рақамӣ, рентгени рақамӣ, сабти барқии дил, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, дастгоҳи ташхиси фаросадо, таҷҳизоти муосир барои ташхис ва табобати гурда ва дигар намуди дастгоҳҳои безараргардонӣ, дастгоҳҳои озмоишии истеҳсоли кишварҳои Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин муҷаҳҳаз шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо иншооти нав бо кормандони Беморхона суҳбати самимӣ намуданд. Таъкид гардид, ки солимии ҷомеа ва рушди соҳаи тандурустӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар доираи стратегия ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, амалӣ мешавад. Бо истифода аз шароиту имкониятҳои васеи фароҳамомада ва технологияи муосири таъмингардида акнун дар ин муассисаи тиббӣ ҷарроҳиҳои бариатрикӣ, лапароскопии бемориҳои гурда, чурраҳои ковокии шикам бо усулҳои нав ва ғайра гузаронда мешаванд. Бунёд гардидани муассисаҳои нави тиббӣ бо ба назар гирифтани зиёдшавии аҳолӣ имкон дод, ки дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ баланд бардошта шуда, як қатор амалҳои муосири дарёфт, ташхис, табобат ва гузарондани ҷарроҳиҳои нодир дар соҳа ҷорӣ карда шаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки солимии аҳолӣ ҳамеша дар мадди аввал меистад. Аз ин рӯ, такмил додани сатҳи тахассусӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхис бо истифода аз технологияи муосир, баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва муоширати хубу масъулият доштан ҳангоми фаъолият бисёр муҳим аст. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ду маркази саломатиро дар шаҳраки Меҳргони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва деҳаи Палдораки деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ҳар ду маркази саломатӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд бо сифати баланд бунёд гардидааст.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки маркази саломатии шаҳраки Меҳргон дорои 16 ҳуҷраи корӣ буда, дар он шароит ва дастгоҳу таҷҳизоти ташхису табобат таъмин гардидаанд. Баробари ба истифода додани маркази саломатии мазкур 50 сокини ноҳия бо кор таъмин гардид.


Ба истифода додани Муассисаи томактабии Аркон
18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии Арконро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти навбунёд аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Умеда Гадойбоева дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти давлат дар масоҳати умумии 2264 метри мураббаъ бо сифати баланд ва шароити замонавӣ бунёд ёфтааст.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар иншооти навбунёд 360 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои кор бо онҳо 30 парастори соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ ҷалб гардид. Шумораи умумии кормандон дар муассисаи томактабӣ 75 нафарро ташкил медиҳад.
Иншооти навбунёд аз ҷониби меъморони маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо меъморони олмонӣ таҳия шудааст. Ин равиш омехтаи эстетикаи аврупоӣ ва ниёзҳои фарҳангии тоҷикӣ мебошад. Ҳар ҷузъи бино, аз равзанаҳо то гузаргоҳҳо, бо усули муҳити амн барои кӯдак тарҳрезӣ шудааст.
Бино дорои 26 ҳуҷраи барҳавои машғулият, аз ҷумла 12 ҳуҷраи хобу истироҳат, ошхона, нуқтаи тиббӣ, толори варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон буда, ҳар кадоми он бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои таълимӣ муҷаҳҳаз аст. Дар синфхонаҳо бо мақсади ташаккулу инкишофи зеҳнии кӯдакон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳаманд.
Инфрасохтори мувофиқ ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ ва методикаи байналмилалии таълимӣ ба мустақилият, худомӯзӣ ва рушди табиии қобилиятҳои кӯдакон равона шуда, аз бартариҳои дигари ин муассисаи наву замонавӣ мебошад. Бозӣ ва корҳои амаливу тафаккурӣ, таваҷҷуҳ ба рушди интеллектуалӣ ва иҷтимоӣ ба ҳар кӯдак, барномаи рангинкамон, инкишофи нутқ, коммуникатсия, саводи аввалия бо таҷрибаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудаанд.
Дар муассиса раванди таълим ва машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои бедор сохтани завқи эстетикии кӯдакон толори мусиқӣ низ фаъолият мекунад.
Зимни боздид аз шароити кӯдакистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва имкониятҳои фароҳамгардида баҳои баланд дода, аз иқдомҳои созандаи соҳибкори ватандӯст изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо масъулин, онҳоро барои ба роҳ мондани таълими босифат, ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир ба кӯдакон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва аз хурдӣ ҷой додани эҳтирому садоқат ба обу хоки Ватан дар қалби онҳо, дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду иншооти дигари соҳаи маориф – марҳалаи якуми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Аркон дар маҳаллаи Темурмалик ва Гимназияи рақами 4-ро дар шаҳри Хуҷанд ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Аркон, ки бо шароити муосир бунёд ёфтааст, дорои имкони фаро гирифтани 600 хонанда дар ду баст мебошад. Дар Гимназияи рақами 4 бошад, 1700 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Ҳамчунин, дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 ва майдончаи нави варзишии замонавиро дар деҳаи Ғаберуди ноҳияи Айнӣ тариқи фосилавӣ ба истифода доданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-и деҳаи Ғаберуд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо маблағгузории корхонаи маъдантозакунии муштараки Тоҷикистону Амрико – Анзоб бунёд ёфтааст. Бинои нави муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои фаро гирифтани 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Иншооти нави варзишӣ бошад, бо саҳми соҳибкори ватандӯст Сайфиддин Нуров бунёд гардидааст. Майдончаи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои гуногун пешбинӣ шуда, барои ҷалби бештари наврасон ба варзиш имконият фароҳам меорад.


Ба истифода додани Муассисаи томактабии хусусии «Кӯдакистони Арча»
18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои Муассисаи томактабии хусусии «Кӯдакистони Арча»-ро, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фортуна Ко» ба таври инноватсионӣ бунёд шудааст, ба истифода доданд.
«Кӯдакистони Арча» дар асоси татбиқи нишондоди Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оид ба бунёди муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак дар маҳаллаҳои аҳолинишин бунёд гардида, мақсади он фарогирии бештари кӯдакон ба низоми ибтидоии таълим арзёбӣ мешавад.
Кӯдакистон барои 500 кӯдак сохта шуда, дар маҳаллаи 7-уми шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз кард. Муассисаи нави томактабӣ бобати таъмини кӯдакон бо муҳити бехатар, инноватсионӣ ва устувори таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои шахсии оилаи Очиловҳо бунёд ёфтааст. Баробари ба истифода додани боғча зиёда аз 40 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин шуд. Ин лоиҳа ҳамчун намунаи равшани сармоягузорӣ ба муассисаҳои иҷтимоии хусусӣ ва як қадами калидии стратегии рушди захираҳои инсонӣ дар Тоҷикистон маънидод мегардад. Низоми таълим дар муассисаи нави томактабӣ тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, барои ба боғча расондани кӯдакон се воситаи нақлиёти муосир харидорӣ шудааст.
Боғча бо инфрасохтори инноватсионӣ, синфхонаҳои интеллектуалӣ, фазои мусоиди экологӣ ва барномаҳои тарбияву рушди ҳамаҷониба барои кӯдакони синни томактабӣ таъсис дода шудааст. Дар муассисаи томактабӣ 18 гурӯҳ ташкил шудааст, ки ҳар кадоме бештар аз 20 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро мегирад. Теъдоди синфхона, ҳуҷраҳои хоб ва ёрирасон бошад, ба 25 адад мерасад. Толори варзишӣ барои кӯдакон ва ошхонаи муҷаҳҳазу барҳаво аз имкониятҳои дигари муассисаи таълимии томактабӣ мебошад. Дар синфхонаҳои замонавӣ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои пазируфташуда Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарбиятгирандагони кӯдакистон суҳбати самимӣ анҷом доданд. Гурӯҳҳо ба маҳфилҳои бозӣ, китобхонӣ, санъат, бозиҳои нақшофарӣ, табиатшиносӣ ва ғайра ҷудо карда шудаанд. Ба рушди нутқи кӯдакон ва тафаккури тарбиятгиранда афзалият дода мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ин иншоот, ки бо санъати муосири меъмории миллию аврупоӣ бунёд шудааст, баҳои баланд доданд. Дар ҳамин ҷо, пас аз ифтитоҳи кӯдакистони нав, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ ба фаъолияти кӯдакистони «Азизи дилҳо» дар шаҳри Хуҷанд, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Азизи дилҳо” бунёд шудааст, оғоз бахшиданд. Иншоот дар масоҳати 36 садяк замин, дар ду ошёна аз тарафи соҳибкор Нигина Ибодуллоева бунёд шудааст ва дар он 120 кӯдак дар чор гурӯҳ тарбияву таълим мегирад. Дарс дар ин кӯдакистон бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меҳрофарин» бошад, дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони «Донояк» ба истифода дода шуд. Ин муассисаи томактабӣ барои 60 кӯдак пешбинӣ гардида, он аз се ошёна иборат аст. Таълим дар ин кӯдакистон ҳам бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад. Ифтитоҳи иншооти дигари соҳаи маориф, 1 кӯдакистон дар ноҳияи Айнӣ низ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ сурат гирифт. Кӯдакистони «Фаринӯш» дар ноҳияи Айнӣ дар доираи вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Томин ба истифода дода шуд. Бинои нави кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, саҳми соҳибкорони ташаббускор ва шахсони саховатпешаи деҳа сохта шудааст.
Дар кӯдакистони нав имкони ба таълими томактабӣ фаро гирифтани 40 кӯдак мавҷуд буда, он дорои шароити муосир мебошад. Ҳуҷраҳо барои гузарондани машғулиятҳо, ҳуҷраҳои хоб ва фароғат дар муассисаи томактабӣ дорои шароити мусоид буда, бо лавозимоти соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 маркази инкишофи барвақтии кӯдаконро, воқеъ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд. Сохтмони марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимии №23-и деҳаи Лангар, №31-и деҳаи Сабағ ва №10-и деҳаи Деҳманораи деҳоти Лангар, №17-и деҳаи Ронч, №11-и деҳаи Ғузн, №32-и деҳаи Рогиф ва №11-и деҳаи Рӯзи деҳоти ба номи Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо сифати баланд анҷом дода шудааст.
Марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути маблағгузории Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи "Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши инсонӣ дар Тоҷикистон"-и назди Вазорати молияи кишвар бунёд гардидаанд. Дар ҳар яке аз ин муассисаҳо аз 25 то 60 кӯдак ба таҳсилоти иловагӣ фаро гирифта мешавад.
Зимни суҳбат бо масъулони тарҳи бунёди марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро барои ҳиссагузории бештар дар пешрафти низоми маорифи Тоҷикистон, бахусус саҳмгузорӣ бобати рушди зинаи ибтидоии таълим, ҳидоят карданд.


Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии Комплекси агросаноатии «Саховат» дар шаҳри Хуҷанд
18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии Комплекси агросанотии «Саховат» оғози расмӣ бахшиданд.
Иттилоъ доданд, ки корхонаи тозабунёд дар як шабонарӯз иқтидори коркарди 10 тонна ширро дошта, 12 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд. Дар ин ҷо тавассути технологияи нави инноватсионӣ ва ҷалби 30 коргари маҳаллӣ маҳсулоти босифат аз шири табиӣ бо тамғаи «Саховат милк» истеҳсол мешавад.
Барои захираи маҳсулоти тайёри ба талаботи санитариву бехатарӣ ҷавобгӯй ва ба бозори истеъмолӣ баровардани он, дар корхона озмоишгоҳ, сардхона, нуқтаи қабули шир, гармхона ва анбори нигоҳдории маҳсулот бо таҷҳизоти замонавӣ бунёд шудаанд. Технологияи корхона дар доираи фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ бо арзиши 800 ҳазор сомонӣ, бе пардохти боҷи гумрукӣ аз хориҷи кишвар ворид шудааст, ки бо истифода аз он мутахассисон метавонанд маҳсулоти босифати дорои стандарти баландро истеҳсол намоянд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар оянда бо афзоиши талабот, истеҳсоли маҳсулот аз 12 то ба 60 намуд расонда мешавад.
Муассиси корхона ба Сарвари давлат иловатан ваъда дод, ки дар муҳлати кӯтоҳ бо ворид намудани таҷҳизоти муосир, коргоҳи дигари саноатиро бунёд мекунад, ки дар он истеҳсоли панир ба роҳ монда мешавад.
Дар вилояти Суғд дар заминаи фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ, фаъолияти бахши хусусӣ ҳамеша дастгирӣ меёбад. Бо истифода аз ин шароити мусоид, давоми солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва саҳми соҳибкорон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 18 коргоҳу корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки ҳоло онҳо фаъолияти назарраси истеҳсолӣ доранд. Дар 10 моҳи соли равон бо ба кор даровардани коргоҳу корхонаҳои нав истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар кишвар 120 фоиз афзуд.


Ифтитоҳи корхонаи коркард ва бандубасти меваи хушки ҶДММ «Донаи алмос» дар шаҳри Хуҷанд
18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи коркард ва бандубасти меваи хушки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Донаи алмос»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона дар доираи шарикии давлат бо бахши хусусӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Озода Ҳазратзода дар масоҳати 4782 метри мураббаъ бунёд шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имкониятҳои истеҳсолӣ ва хатҳои технологие, ки барои коркарди меваи тару тоза ва истеҳсоли маҳсулоти хушк истифода мешаванд, шинос шуданд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки самти фаъолияти корхонаи мазкур коркард, бастубанд ва содироти меваи хушк буда, дар он зиёда аз 20 навъи маҳсулот, аз ҷумла зардолуи хушки донакдор, писта, олуча, гулхор, чормағзи заминӣ, тут ва омехтаи як қатор меваҳои хушк омода карда мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки истеҳсолкунандагон бояд қабл аз ҳама ба сифати коркард, бастабандии муосир ва тарғиби бренди ватанӣ диққати махсус диҳанд, то маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои байналмилалӣ рақобатпазир бошанд. Баробари ба фаъолият оғоз намудани корхона 40 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид. Иттилоъ доданд, ки кор оянда дар 2 баст ба роҳ монда шуда, шумораи коргарон дучанд мегардад. Маводи хом барои корхона аз хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ харидорӣ мешавад. Таҷҳизоти насбгардида маҳсулотро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ коркард ва бандубаст мекунад. Раванди омодасозии маҳсулот дар хатти истеҳсолии корхонаи мазкур аз шустани меваи хушк оғоз гардида, ба навъҳо ҷудову коркард ва ниҳоят дар қуттиҳои махсус бастабандӣ кардани он анҷом меёбад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои корхона ба сифати корҳои сохтмонӣ ва нақши он дар таъмини ҷойҳои нави корӣ баҳои баланд доданд. Дар саҳни ҳавлии корхона намунаи маҳсулоти ин коргоҳи саноатӣ ва маҳсулоти кишоварзии вилоят ба намоиш гузошта шуд. Иттилоъ доданд, ки ҳосилнокии картошка дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҳисоби миёна ба 516 сентнер аз гектар баробар шуда, дар баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ то 1000 сентнер ҳосил аз як гектар ҷамъоварӣ гардидааст. Бояд гуфт, ки соҳаи саноат дар рушди иқтисодиёти миллӣ нақши муассир дошта, таъсиси корхонаҳои нав, муҳайё кардани ҷойҳои корӣ, афзун намудани номгӯи маҳсулоти рақобатпазир ва содироти он ба некуаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ роҷеъ ба таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти рақобатпазир ва тақвияти содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба соҳибкорон дастуру супоришҳои муфид доданд.


Ба истифода додани бинои маъмурии Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»
18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави маъмурии Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот туҳфаи арзанда ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», соҳибкорон ва сокинони вилоят ба ҳисоб меравад. Бинои маъмурӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳати умумии 10 ҳазору 100 метри мураббаъ сохта шуда, дар рафти корҳои бунёдӣ 100 бинокори маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фароҳам гардидани имкониятҳои муосир дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» изҳори қаноатмандӣ карда, масъулинро ба истеҳсоли маҳсулоти босифат ва содироти он ба хориҷи кишвар роҳнамоӣ намуданд.
Дар навбати худ, кормандони Минтақаи озоди иқтисодӣ аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла фароҳам овардани беҳтарин шароити корӣ дар бинои нави маъмурият изҳори сипос намуда, Сарвари давлатро бовар кунонданд, ки дар ҷавоб ба ин дастгириҳо, хубтару беҳтар фаъолият мекунанд ва тамоми донишу таҷрибаи худро бо ворид кардани таҷҳизоти муосир ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва дар сатҳи баланду муосир анҷом додани хизматрасонӣ ба шаҳрвандону соҳибкорон равона менамоянд. Саҳни бино пурра сабзкорӣ гардида, дар он фаввора ва нишастгоҳҳои замонавӣ бунёд ёфтаанд. Ҳамчунин, барои нақлиёти хидматӣ таваққуфгоҳ ва иншооти дигари ёрирасон сохта шудаанд. Дар саҳни бино намунаи маҳсулоти 48 корхонаи Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба намоиш гузошта шуд.
Таҷҳизот ва маснуоти гуногун, ки дар корхонаҳои истеҳсолии ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодӣ коркард ва тавлид мегарданд, бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон (made in Tajikistan) ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳод мешаванд. Ин иқдом дар кори шиносоӣ ва муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар нақши арзанда мегузорад.


Ифтитоҳи 4 корхонаи саноатӣ дар шаҳри Хуҷанд
18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба истифода додани бинои маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», ҳамчунин, ба таври фосилавӣ 4 корхонаи саноатӣ дар шаҳри Хуҷанд, 1 хатти тақсимоти оби нӯшоӣ ва 2 хатти оби полизӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи ҷӯроббофӣ дар заминаи ҶДММ «Афзали Нур» дар шаҳри Хуҷанд бо саҳмгузории соҳибкори ватанӣ бо маблағи беш аз 2 миллион сомонӣ ташкил шудааст. Дар 100 дастгоҳи корхона аз ришта то маҳсулоти ниҳоӣ, тамғагузорӣ, бандубаст ба таври автоматӣ анҷом дода шуда, дар як моҳ дар ду баст 600 ҳазор ҷуфт ҷӯроб истеҳсол мегардад. Дар марҳалаи аввали корхона барои 50 зану духтари маҳаллӣ ҷойҳои корӣ фароҳам оварда шуда, дар ин ҷо 20 намуди гуногуни ҷӯроби мардона, занона ва кӯдакона истеҳсол карда мешавад. Маҳсулоти корхона бо тамғаи «Афзали Нур» ва маҳсули Тоҷикистон (made in Tajikistan) ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад.
Бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти ивазкунандаи воридот дар заминаи ҶДММ «Афзали Нур»-и шаҳри Хуҷанд коргоҳи нав бо васлу насби дастгоҳҳои ҳозиразамон оид ба истеҳсоли дастпӯшакҳои бофташудаи сохтмонӣ таъсис ёфтааст. Дар корхона насби 14 дастгоҳу таҷҳизоти нав имкон фароҳам овардааст, ки маҳсулоти зарурӣ барои истифода дар рафти кори сохтмон истеҳсол карда шавад. Таҷҳизоти корхона истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, 15 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуд. Кори дастгоҳҳо ба таври автоматӣ сурат гирифта, маҳсулнокии баланд доранд. Иқтидори истеҳсолӣ дар як моҳ то 250 ҳазор ҷуфт дастпӯшакҳои сохтмониро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли либосҳои занонаи «Ахтари Хуҷанд» дар заминаи ҶСК «Нуртекс» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нурулло Усмонов дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ – 234А бунёд гардидааст. Маҳсулоти истеҳсолгардида қисман аз пахта иборат буда, ҳоло дар дохили кишвар ба фурӯш бароварда мешавад. Дар дӯхти либос унсурҳои миллӣ ва хусусияти хоси маҳал ба назар гирифта шудааст. Маҷмуи маҳсулоти корхона дар як моҳ то 40 ҳазор сомонӣ буда, марҳала ба марҳала зиёд мегардад.
Коргоҳи дӯзандагии «Ахтари Хуҷанд» бо якчанд муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонда, нақша дорад то 4000 маҷмуъ либоси мактабӣ истеҳсол намояд. Корхонаи дӯзандагии мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, дар он 10 зани хонанишин ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуд. Инчунин, корхонаи мазкур хонандагони ятим, камбизоат ва хонандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Хуҷанд ва атрофи онро ройгон бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин менамояд. Дар коргоҳи дигари корхона либосҳои варзишӣ дӯхта мешаванд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳҳои нав дар маҷмуъ, 100 кас бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаҳои истеҳсоли ҷӯроб, дастпӯшакҳои сохтмонӣ, либосҳои занона, мактабӣ ва варзишии бачагона бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз буда, дар онҳо маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза, хушсифат ва рақобатпазир омода карда мешаванд. Бо бунёди корхонаҳои мазкур садҳо сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.
Гуфта шуд, ки хатти тақсимоти оби нӯшоӣ дар деҳаи Оббурдони деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои таъмини 1500 сокини маҳаллӣ бунёд карда шудааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ду хатти оби полизӣ дар деҳоти Иван-Тоҷик ва Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 400 гектар заминҳои нави соли равон ба гардиши кишоварзӣ воридгардида дар соли 2026 обёрӣ мешавад.
Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ татбиқи як лоиҳаи муҳими соҳаи обёрӣ ва беҳдошти заминҳоро иҷро намуд. Дар доираи ин амал 300 гектар заминҳои беоб ва бекорхобида пурра обёрӣ шуда, ба гардиши кишоварзӣ ворид гардиданд. Тибқи иттилои масъулин, дар ин масоҳат асосан боғҳои нав бунёд мешаванд, аз ин рӯ, ниҳолҳои зиёд шинонда шудаанд. Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, имкониятҳои хуби обёрӣ ва иқлими маҳал боис мешаванд, ки боғҳои нав дар муддати кӯтоҳ ба ҳосил дароянд.


Ба истифода додани корхонаи бастубанди маҳсулоти маишию техникии ҶДММ «Файзи Нур –ТВ» дар шаҳри Истаравшан
19-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии рақами 2-и шаҳри Истаравшан корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Нур-ТВ»-ро бо бренди миллии «Нур» ифтитоҳ намуданд.
Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст, бародарон Файзиевҳо дар масоҳати умумии 2 гектар бунёд гардидааст. Иншоот дар деҳаи Куҳандижи деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан ҷойгир буда, аз 4 коргоҳи истеҳсолӣ, анборхона, ошхона ва бинои маъмурӣ иборат мебошад. Маблағи умумии сармоягузорӣ дар корхонаи мазкур 6 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз корхонаи фаъолшуда бинои якумаш бо ду хатти технологию истеҳсолӣ ба бандубасти оинаҳои нилгуни замонавӣ, СМАРТ ТВ-ҳо нигаронда шудааст, ки маҳсулоташ ивазкунандаи воридот ва ҳам содиротӣ мебошад. Дар бинои дуюми корхонаи мазкур истеҳсоли техникаҳои маишӣ, аз қабили плитаи газиву барқӣ ба роҳ монда шудааст. Баробари ба истифода додани корхона 50 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид. Маоши коргарон то 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар оянда бо омода шудани 2 бинои дигари корхона соҳибкорони ватанӣ нақша доранд, истеҳсолотро тақвият бахшида, васли яхдон, ҳавохунуккунак (кондитсионер), таҷҳизоти гармидиҳӣ, чангкашак ва мошини ҷомашӯйиро ба роҳ монанд. Маҳсулоти умумии васлшаванда дар корхонаи мазкур 9 навъи техникаи маишӣ мебошад.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки тибқи нақша иқтидори ҳаҷми истеҳсолот дар як сол 40 ҳазор адад техникаҳои маиширо ташкил медиҳад. Шумораи зиёди ашёи зарурӣ барои васлгарӣ аз дохили кишвар бо харҷи нисбатан кам дастрас мешавад ва ин омил боиси коҳиш ёфтани арзиши аслии маҳсулот ва арзон шудани нархи он дар бозор мегардад. Корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Нур» бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизот ва техникаи муосири истеҳсолии ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯй муҷаҳҳаз гардонда шуда, дар тамоми хатти истеҳсолот ва васли технологияи муосири рақамӣ истифода мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Истаравшан дар доираи эълон гардидани солҳои 2021-2026 ҳамчун Солҳои саноатикунонии босуръати кишвар корхонаҳои саноатӣ ба 103 адад расонда шуда, маҷмуи маҳсулоти истеҳсолӣ дар панҷ соли охир ба зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ баробар гардидааст. Дар корхонаҳои саноатии шаҳр 75 номгӯйи маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол карда мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои ин иқдоми бунёдкоронаву созанда изҳори сипос намуданд.


Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Мафтуна» дар шаҳри Истаравшан
19-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Якатоли деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Мафтуна»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави кӯдакистон дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст. Корҳои бунёдӣ дар кӯдакистон соли 2023 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Қаюм Шарифов бо сифати баланд анҷом ёфтанд. Дар вақти сохтмон зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Муассисаи тозабунёд аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 150 кӯдак пешбинӣ шудааст. Дар кӯдакистон 5 гурӯҳ амал намуда, ба онҳо 18 парастори ботаҷриба бо бозиҳои ҷолибу шавқовар машғулият мегузаронад. Ҳуҷраҳои барҳавои машғулиятҳо ва истироҳати тарбиятгирандагон бо рахтҳои хоб, ҷевон, мизу курсӣ ва бозичаҳои гуногун муҷаҳҳаз буда, бо завқу салиқаи баланди эстетикӣ ва мувофиқ ба дунёи рангини кӯдакон оро ёфтаанд. Омӯзиш бо 2 забон – тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад. Масъулин нақша доранд, ки оянда таълимро бо забони англисӣ ҳам ба роҳ монанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони хуштолеъ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда, бо онҳо суҳбати самимӣ доир намуданд.
Ифтитоҳи кӯдакистони замонавиро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзишманд ба кӯдакон номида, ба соҳибкори ҳимматбаланд барои ин иқдоми наку арзи сипос карданд. Аз мураббиён даъват карданд, ки бо истифода аз шароити мусоид кӯдаконро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо дар оянда барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманди худро гузоранд.


Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли обҳои шифобахши «Хаватаг» дар шаҳри Истаравшан
19-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли обҳои шифобахши «Хаватаг»-ро, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Осоишгоҳи Хаватаг» ва бо саҳми соҳибкори ватанӣ Мухтор Юнусов бо таъсиси 20 ҷойи кории нав бунёд ёфтааст, ба истифода доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона имконият дорад дар марҳалаи аввал дар як рӯз 20 ҳазор литр оби шифобахш истеҳсол намояд. Технологияи корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда шудааст ва маҳсулот дар ин ҷо дар асоси стандартҳои муосири байналмилалӣ ва аврупоӣ истеҳсол мешавад. Оби шифобахш дар зарфҳои пластикии 0,5, 1 ва 1,5 литр истеҳсол ва ба фурӯш пешниҳод мешавад.
Таъкид гашт, ки дар марҳалаи дуюм баъди ба кор андохтани хатти иловагии пешбинигардида истеҳсоли оби шифобахш дар зарфҳои шишагин ба роҳ монда мешавад ва аз ин ҳисоб боз 20 каси дигар бо ҷойи кор таъмин хоҳад шуд. Оби шифобахши "Хаватаг" аз умқи 1580 метр бо ҳарорати табиии 55 дараҷа гармӣ, бе ёрии дастгоҳи обкашӣ ба берун баромада, барои истеҳсол дастрас мегардад. Дар таркиби ин об моддаҳои нодири маъданӣ мавҷуд буда, ба он хосиятҳои нодири табобатӣ мебахшанд. Оби шифобахши "Хаватаг" барои табобат ва пешгирии бемориҳои гуногуни меъдаву рӯда, ҷигар, гурда, буғум ва бемориҳои пӯст васеъ истифода мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи корхонаи навро дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ба содиротнигарондашуда, фарогирии сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва рушди саноат муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ҳамин ҷо ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи ангоравии осоишгоҳи замонавии «Хаватаг», ки аз ҷониби ҶСК «Осоишгоҳи Хаватаг» дар деҳоти Ниҷони шаҳри Истаравшан барои 240 нафар истироҳаткунанда дар як вақт ба нақша гирифта шудааст, муаррифӣ шуд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин осоишгоҳи муосир 100 ҷойи нави корӣ муҳайё хоҳад гашт. Тибқи лоиҳа осоишгоҳи замонавии «Хаватаг» аз бинои асосии чорошёна ва як бинои иловагии хидматрасониҳои маишӣ иборат хоҳад шуд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон итилоъ доданд, ки дар осоишгоҳ табобати бемориҳои меъдаю рӯда, асаб, дарди миён ва пӯст ба нақша гирифта шуда, ҳамзамон, бо истифода аз оби шифобахш дигар намуди хидматрасониҳои тиббӣ ба роҳ монда мешаванд.
Зимни суҳбат бо коргарон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро барои саҳмгузорӣ дар рушди истеҳсолоти ватанӣ, истифодаи имкониятҳои табиӣ ва таъмини сокинон бо кор муҳим арзёбӣ намуданд.


Ифтитоҳи маҷозии 2 муассисаи тандурустӣ, 1 бонк, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 кӯдакистон дар шаҳри Истаравшан
19-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 2 муассисаи тандурустӣ, 1 бонк, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 кӯдакистонро дар шаҳри Истаравшан мавриди истифода қарор доданд.
Ин 10 иншоот ба рушди таҳсилот, хидматрасониҳои босифати тиббиву бонкӣ заминаи мусоид мегузорад.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки бинои нави Маркази ташхисию табобатии хусусии «Салоҳиддин» аз 5 ошёна иборат буда, бо риояи талабот ва меъёрҳои сохтмонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Машҳура Ҳайдарова бунёд шудааст. Дар Маркази нави ташхисӣ 35 мутахассиси соҳа бо кор таъмин гардид. Ҳамзамон, Маркази офиятбахшӣ ва солимгардонии «Хушвахт» низ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хушбахт Бафоев сохта шудааст, ки дар се ошёна дорои 8 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз мебошад. Дар иншооти мазкур 15 нафар бо кор таъмин шуд. Инчунин, бинои навтаъсиси филиали Корхонаи воҳиди давлатии «Саноатсодиротбонк» дар шаҳри Истаравшан аз ҷониби Сарвари давлат ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Бо мавриди истифода қарор гирифтани филиали мазкур, зиёда аз 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гашт.
Дар ин рӯз, ҳамчунин, бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар маҳаллаи Имоми Аъзам барои қабули 720 хонанда дар ду баст ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Иншооти сеошёна бо таҷҳизоти муосири соҳа таъмин буда, бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша сохта шудааст.
Дар деҳаи Тутки деҳоти Пошкент низ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 барои 540 хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Муассисаи навбунёд дорои шароити мусоиди таълиму тадрис буда, 12 синфхонаи муҷаҳҳаз дорад. Барои тарғиби тарзи ҳаёти солим толори барҳавои варзишӣ сохта шудааст. Ҳамчунин, дар ин рӯз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 дар деҳаи Чорбоғ барои 2 ҳазору 600 хонанда дар ду баст бо 50 ҷойи корӣ тариқи фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Иншоот дуошёна буда, дорои 36 синфхона мебошад. Хонандагон имкон доранд, ки бо истифода аз кабинетҳои фаннии химия, биология, физика ва география дониши худро сайқал диҳанд.
Муассисаи зебову муосири таълимӣ имкон медиҳад, ки минбаъд наврасону ҷавонони деҳаи Чорбоғ дар шароити муосир ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Ҳамчунин, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 дар деҳаи Сӯфиорифи деҳоти Зарҳалол барои ба таҳсил фаро гирифтани 500 хонанда дар ду баст аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Бинои ин Муассиса аз ду ошёна ва 10 синфхона иборат буда, дар он шароити муосири таълим фароҳам оварда шудааст. Ба Муассиса зиёда аз 30 омӯзгор ба кор ҷалб шудааст, ки 90 дарсади онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Иншооти нав дорои маҷлисгоҳ бо 120 ҷойи нишаст аст. Инчунин, дар ин рӯз 3 кӯдакистон ба фаъолият оғоз намуд. Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дорои шароити мусоиди таълим барои омӯзиш, машғулияту бозиҳои гуногуни амаливу зеҳнии кӯдакона мебошанд.
Се муассисаи таҳсилоти томактабии тозабунёд дар деҳаҳои Сандағундак, Тутк ва Вогат дар маҷмуъ, зиёда аз 400 кӯдакро ба машғулиятҳои шавқовару зеҳнӣ фаро мегирад, ки дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби соҳибкорон ва саҳми сокинони маҳал бунёд гардидааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва сатҳу сифати шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, масъулонро ба таълиму тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят намуданд.
Бояд гуфт, ки танҳо имрӯз дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 10 муассисаи таҳсилоти миёнаву томактабӣ ба истифода дода шуд, ки барои 4 ҳазору 200 хонанда дар ду баст ва 400 кӯдак пешбинӣ шудааст.


Ба истифода додани корхонаи мебели ҶДММ «Асри обод» дар шаҳри Истаравшан
19-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии №1-и шаҳри Истаравшан корхонаи мебели Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Асри обод»-ро бо 8 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода доданд.
Иншоот аз ҷониби соҳибкор Қодир Юсуфзода ба истиқболи сазовор аз Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати умумии 0,34 гектар бунёд шудааст. Иттилоъ доданд, ки ифтитоҳи корхонаи саноатӣ барои амалишавии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватании рақобатпазир, фарогирии шумораи зиёди занони хонашин ва сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ мусоидат мекунад. Ҳоло дар корхона зиёда аз 50 мутахассиси маҳаллӣ, ки 60 дарсади онҳоро занон ташкил медиҳанд, бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар корхонаи «Асри обод» зиёда аз 30 номгӯйи маҳсулоти ивазкунандаи воридот, аз ҷумла мизу курсиҳо барои ташкилоту муассисаҳо, тарабхона, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангу тандурустӣ, ашёи рӯзгор ва ғайра, истеҳсол карда мешаванд.
Мувофиқи дурнамо то соли 2027 номгӯйи маҳсулот то ба 40 ва шумораи кормандон ба 70 кас расонда мешавад. Истифодаи 70 дарсади маҳсулоти хоми ватанӣ имкон медиҳад, ки талаботи мизоҷон бо маҳсулоти босифати корхона бо тамғаи «Элегант» қонеъ гардад ва дар оянда содироти он ба роҳ монда шавад. Қисми зиёди маҳсулоти васлнамоӣ дар ин ҷо аз ҷониби мутахассисон дар коргоҳҳои алоҳида тавассути технологияҳои гуногун тайёр карда мешавад, ки чунин таҷриба бори аввал дар ин корхона ба роҳ монда шудааст.
Ҳоло дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 100 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, маҷмуи маҳсулоти ин соҳа дар панҷ соли охир ба 1,5 миллиард сомонӣ баробар шудааст. Пас аз шиносоӣ бо ин иншоот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори маҳаллиро намунаи барҷастаи ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори иқтисодӣ арзёбӣ намуданд. Ба масъулин барои зиёд кардани иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии корхона дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуданд.
Иттилоъ доданд, ки дар 10 моҳи соли 2025 истеҳсоли мебел дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16% афзуда, воридоти он ба ҳамин андоза коҳиш ёфтааст.


Ифтитоҳи бинои прокуратура дар шаҳри Истаравшан
19-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бинои нави прокуратураи шаҳрро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти навбунёд дар масоҳати умумии 1 ҳазору 500 метри мураббаъ бунёд гардида, аз 4 ошёна ва 14 ҳуҷраи корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, ошхона, таҳхона, меҳмонхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Дар бино барои фаъолияти хуби 8 мутахассис шароит фароҳам гардидааст. Илова ба меҳмонхона, ҳамчунин, дар иншооти мазкур ҳуҷраҳои зист низ мавҷуданд.
Сохтмони бинои нав моҳи майи соли 2024 оғоз гардида, дар муҳлати муайянгашта бо сифати баланд ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд шудааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгашта дар бинои прокуратура ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд доданд.
Бинои хидматӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар ба истиқболи сазовори Ҷашни бузургу пуршукӯҳи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ гардид.
Зимни суҳбат бо масъулин ва кормандони прокуратура Пешвои миллат барои тақвият бахшидани фаъолият, назорати риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба кормандон дастуру тавсияҳо доданд.
Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшан ва ҷиҳати истиқлоли сазовор аз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуан, 28 иншооти нав, аз ҷумла 3 корхонаи саноатӣ, 4 муассисаи таълимӣ, 4 кӯдакистон, 4 иншооти соҳаи тандурустӣ, 4 иншооти соҳаи варзишу истироҳат, 2 бинои маъмурӣ ва 7 маркази хидматрасонӣ, мавриди истифода қарор дода шуданд, ки 5 иншоот бо иштироки Пешвои миллат, 10 иншоот ба таври маҷозӣ ва 13 иншоот бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маҷмуъ, наздики 250 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.


Ифтитоҳи бинои шуъбаи маориф дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
19-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро ба истифода доданд.
Иншооти нав аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ соли 2023 оғоз ёфта, дар муддати муайян бо тарҳи муосир ва риояи унсурҳои меъмории миллӣ анҷом дода шудааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нави шуъбаи маориф аз 34 ҳуҷраи корӣ иборат аст. Дар ошёнаи сеюми бино маҷлисгоҳ барои 100 нафар бо шароити зарурӣ муҷаҳҳаз мавҷуд буда, минбаъд баргузор намудани вохӯрӣ, машваратҳо ва дигар чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ дар он имконпазир хоҳад буд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба кормандони соҳаи маориф ҷиҳати боло бурдани сатҳи таълим, истифодаи технологияҳои муосир, ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносию дақиқ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.
Иттилоъ доданд, ки 80 дарсади омӯзгорони ноҳияи Ҷаббор Расуловро занон ташкил медиҳанд. Соли равон 16 хатмкунандаи ноҳия тибқи Квотаи президентӣ ба муассисаҳои олии кишвар қабул шуд, ки 8 кас духтар мебошад. Дар панҷ соли охир 40 духтари ноҳия бо истифода аз Квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шуд.
Ифтитоҳи фосилавии 6 иншооти истеҳсолию хидматрасонӣ
дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
19-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов гимназияи хусусӣ, 4 корхонаи истеҳсолӣ ва гармхона бо ҳавзҳои моҳипарвариро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд.
Дар корхонаҳои нав истеҳсоли 5 номгӯйи маҳсулот, аз ҷумла пойафзол, собун, тухму гӯшти паранда, моҳӣ ва сабзавот ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмуъ, дар коргоҳу корхонаҳои кушодашуда дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 150 ҷойи кории нав таъсис ёфтааст. Иқтидори истеҳсолии 3 корхонаи гӯшту тухми паранда имкон медиҳад, ки дар як моҳ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳисоби ҳамин иншооти нави истеҳсолӣ 350 ҳазор дона тухми инкубатсионӣ, 500 ҳазор сар чӯҷа ва 2000 тонна гӯшти мурғ истеҳсол карда шавад. 42 ҳавзи сунъии моҳипарварие, ки дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хайри сафо» сохта шудааст, имкон медиҳад, ки дар як сол 300 тонна моҳӣ истеҳсол гардад. Дар ин хоҷагии моҳипарварӣ вобаста ба талаботи бозори истеъмолӣ тадриҷан самти фаъолият васеъ гардида, истеҳсоли гулмоҳӣ зиёд карда мешавад.
Дар як гектар гармхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хайри сафо» ҳоло парвариши сабзавот ба роҳ монда шудааст. Меҳнаткашон дар як сол то 3 ҳосил ба даст оварда, бо ин таҷрибаи намунавӣ дар ҳудуди вилояти Суғд дар таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ғизоии дорои сифати баланд саҳмгузорӣ мекунанд.
Дар гимназияи хусусӣ барои 1000 хонанда дар ду баст шароит барои таълим фароҳам оварда шуда, 40 ҷойи кории нав таъсис ёфт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда ба масъулини соҳа ва соҳибкорон барои истифодаи босамар аз дастгирию таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар нисбат ба фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ, имтиёзҳои андозию гумрукӣ, ворид намудани технологияи муосир, ташаккули фаъолияти соҳибкорӣ, васеъсозии имкониятҳои истеҳсолӣ дастуру тавсияҳо доданд.
Иншооти нави истеҳсолию хидматрасонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳри иҷрои супоришҳои Роҳбари давлат барои саҳмгузорӣ дар ободонии диёр ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда дар доираи омодагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби намояндагони бахши хусусӣ сохта шудааст.


Ба истифода додани бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
19-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди истифода қарор доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои навбунёд сеошёна буда, дорои 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, бойгонӣ, маҷлисгоҳ ва қабули шаҳрвандон мебошад. Дар он беҳтарин шароит барои кормандон фароҳам аст.
Иншоот дар доираи корҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ эъмор гардида, туҳфаи арзишманд барои кормандон арзёбӣ мегардад.
Корҳои сохтмонӣ дар он моҳи майи соли 2024 оғоз шуда, аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷалби аъзои фаъоли Ҳизб – соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша бунёд ёфт.
Тибқи иттилои масъулон, ба ҳолати 1-уми ноябри соли 2025 аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 11 384 нафарро ташкил медиҳад. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 73 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият дорад.
Қомат афрохтани бино ба маркази ноҳия ҳусни тоза зам намуд. Атрофи иншоот бо гулу дарахтони сояафкан оро дода шуда, тамоми роҳраву гузаргоҳҳо сафолакпӯшанд.
Ҳамзамон, дар арафаи 31-солагии таъсиси ҲХДТ ба сохторҳои маҳаллии ҲХДТ дар 18 шаҳру ноҳияи кишвар мошинҳои хидматӣ тақдим гашт.


Мулоқоти Сарвари давлат бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд
19-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, дастовардҳои сокинони вилоят, сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ва рафти корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба ифтихори таҷлили сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро натиҷагирӣ карданд.
Таъкид гардид, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар вилоят 12 ҳазору 66 иншооту биноҳои иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду навсозӣ гардиданд, ки ин 100,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо истифода аз фурсати муносиб, ба мардум ва соҳибкорони бонангу номуси вилоят барои заҳмати ватандӯстона изҳори сипос намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша карда, таъкид сохтанд, ки то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар доираи 92 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ беш аз 11 миллиард сомонӣ амалӣ шуд. Ҳоло барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони вилоят ва ободу пешрафта гардондани он татбиқи 19 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо 2,6 миллиард сомонӣ аз худ гардид.
Гуфта шуд, ки ин лоиҳаҳо, асосан, ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, рушди соҳаи энергетика, таҳкими соҳаи кишоварзӣ, таъмини устувории зидди офатҳои табиӣ ва ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ тавассути бунёди долонҳои нақлиётиву иқтисодӣ равона шуд.
Зимни таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар даҳ моҳи соли равон таъкид гардид, ки ҳарчанд дар вилоят дар ин давра нақшаи ҷамъоварии андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоӣ 106 фоиз иҷро гардидааст, аммо бақияи қарзи андоз тамоюли афзоиш дорад, аз ин рӯ, андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд.
Сарвари давлат дар робита ба вазъи соҳаи саноат дар вилоят ба масъулон супориш доданд, ки барои ҷалби бештари сармоя, рушди истеҳсолоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Аз натиҷаи машварати кории Роҳбари давлат, ки 25-уми апрели соли равон вобаста ба масъалаҳои ҳарчи зудтар бартараф кардани мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби соҳаи энергетика баргузор гардида буд, ёдовар шуда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон супориш доданд, ки барои пешгирии ҳолатҳои истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунии неруи барқ ва дигар қонунвайронкуниҳо дар ин самт тадбирҳои қатъӣ роҳандозӣ намоянд.
Баҳри иҷрои пурра ва самараноки барномаҳои давлатии бахши кишоварзӣ роҳбарони соҳа ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили зироатҳои тирамоҳӣ, бахусус пахта, инчунин, пешгирӣ намудани талафот дар соҳаи парандапарварию занбӯриасалпарварӣ чораҷӯӣ намоянд.
Дастуру супоришҳо, ҳамчунин, доир ба омодасозии заминҳои кишт, таъмини мунтазами бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар дода шуд.
Зимни таҳлили вазъи соҳаи маориф Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар баробари бунёди даҳҳо иншооти соҳаи маориф, дар вилояти Суғд биноҳои 54 муассисаи дигар дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 32 бинои муассисаи таълимӣ ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Инчунин, дар 4 муассисаи таълимӣ хонандагон дар се баст таҳсил мекунанд.
Масъулони сохторҳои марбута вазифадор гаштанд, ки доир ба бартарафсозии ин мушкилот ва ҳалли дигар масъалаҳои соҳа чораҳои мушаххас андешанд.
Дар вилояти Суғд 22 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо фарогирии беш аз 10 ҳазор хонанда ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 23 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад. Вале заминаҳои моддиву техникии ин муассисаҳо, бахусус озмоишгоҳҳо ва таҷҳизоти таълимию истеҳсолии онҳо, беҳбудии ҷиддӣ тақозо менамояд.
Раисони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки барои таъмиру таҷдиди муассисаҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати касбомӯзии шаҳрвандон шароити мусоиди таълимию истеҳсолӣ муҳайё созанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ ва дорусозӣ, дастур доданд, ки бо истифода аз неъматҳои бебаҳои табиат, бахусус ҳазорҳо намуди рустаниҳои шифобахш, аз ҷумла рустаниҳои доруворӣ барои ташкили корхонаҳои дорусозӣ бо истифодаи технологияву стандартҳои муосир, чораҳои мушаххас андешанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд, ҳамчунин, вазъи риояи қонунияту тартибот ва интизоми хизматиро муҳокима намуда, таъкид доштанд, ки он дар вилоят чандон қонеъкунанда нест. Ҳолатҳои зиёди талафоти беасоси қувваи барқ, напардохтан ё азонихудкунии маблағи истифодаи он ва зиёд гардидани қарздории истифодаи қувваи барқ аз масъалаҳои ташвишовар дар ин соҳа номида шуд.
Дар фароварди сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид сохтанд, ки ҳар яки мо вазифадорем, то ба хотири таҳкими минбаъдаи мавқеи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш талош намоем ва заҳмат кашем.
Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Суғд оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду пешрафти соҳаҳои гуногун ҳисобот доданд.


Ба кор даровардани 3 гидроагрегати НБО «Қайроққум» дар шаҳри Гулистон
20-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо пахши тугмаи рамзӣ 3 гидроагрегати Неругоҳи барқи обии «Қайроққум»-ро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Дар доираи лоиҳа 6 гидроагрегат ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти Неругоҳ пурра навсозӣ ва иқтидори истеҳсол дар он 60 МВт зиёд гардид.
Неругоҳ аз 6 гидроагрегат иборат буда, охирини он соли 1956 бо тавоноии лоиҳавии 21 МВт ба кор дароварда шуда буд. Дар тули 69 соли фаъолият, гидроагрегат ва дигар таҷҳизоти асосии Неругоҳ куҳна шуда, иқтидори истеҳсолии он то 12 МВт коҳиш ёфта буд. Аз соли 2019 бо дастгирӣ ва иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои навсозӣ дар иншоот шуруъ гардида, дар муддати қариб 7 сол 6 гидроагрегати Неругоҳ пурра навсозӣ ва иқтидори ҳар яки онҳо ба 29 МВт расонда шуд.
Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то соли 2026 дар доираи лоиҳа бо ҷалби ширкатҳои ватанию хориҷӣ корҳои таъмири биноҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ ва асфалтпӯшсозии роҳ идома дода мешаванд.


Оғози корҳои сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон
20-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон пас аз ба кор даровардани 3 гидроагрегати НБО «Қайроққум», ҳамзамон, ба корҳои сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ба таври фосилавӣ оғоз бахшиданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар доираи ин лоиҳа дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт бунёд карда мешаванд.
Ҳар ду иншоот бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз ҷониби ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо арзиши 250 миллион доллари ИМА сохта шуда, баъд аз ба истифода додани онҳо сатҳи барқтаъминкунӣ ба аҳолӣ беҳтару хубтар гардонда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки неругоҳҳои офтобӣ дар ноҳияҳои болозикр то моҳи августи соли 2026 сохта ба истифода дода шаванд.
Лоиҳаи сохтмони неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт барои таъмини 115 ҳазор хоҷагӣ бо неруи барқ ва кам кардани партовҳои гази карбон ба атмосфера дар масоҳати 750 гектар бо арзиши 125 миллион доллари ИМА амалӣ мешавад.
Иттилоъ доданд, ки бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт то моҳи августи соли 2026 идома ёфта, дар корҳои сохтмонии он наздики 600 кас ба кор ҷалб мешавад, ки аксари онҳоро коргарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳи мазкур 30 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин мешавад.


Ба истифода додани ҶДММ «Тиглат» дар шаҳри Гулистон
20-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли ранг ва хокаи хушки сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тиглат»-ро ба истифода супурданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корхона бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз ва дорои иқтидори баланди истеҳсолӣ мебошад. Фаъолияти он ба истеҳсоли маводи гуногуни сохтмонӣ, лавозимот барои воситаҳои нақлиёт, маснуоти нимтайёр ва тайёр аз пластмасса, инчунин, маснуоти филизӣ, ки бо технологияи кӯфтан омода мешаванд, равона гардидааст.
Рангҳои сохтмонии корхона аз 24 намуд иборат буда, дар зарфҳои пластмассӣ бо ҳаҷмҳои 4, 7, 10, 15 ва 21 килограмм тайёр мешаванд. Рангҳои алкидӣ низ аз 9 намуд иборат буда, аз 40 номгӯйи ранг дар зарфҳои тунукагӣ бо ҳаҷмҳои 0,8 то 20 килограмм истеҳсол мегарданд.
Хокаҳои хушки сохтмонӣ дар корхонаи мазкур 9 намуд омода шуда, дар халтаҳои қоғазии 25-килограмма бастабандӣ мешаванд. Ҳамаи маҳсулот тибқи меъёрҳои давлатӣ истеҳсол гардида, аз назорати қатъии сифат дар корхона мегузаранд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки маҳсулоти корхона пурра ивазкунандаи воридот буда, талаботи бозори дохилӣ ба маводи босифати сохтмонии ватаниро таъмин мегардонад. Истеҳсоли ин маҳсулот имкони густариши содиротро низ фароҳам оварда, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисоди кишвар мусоидат мекунад.
Бунёди чунин корхонаҳо дар доираи сиёсати саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ сурат гирифта, ба таҳкими иқтидори иқтисодӣ ва боло рафтани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ замина мегузорад.


Ифтитоҳи фосилавии як иншооти соҳаи тандурустӣ, ду корхонаи саноатӣ ва сардхона дар шаҳри Гулистон
20-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ба истифода додани корхонаи истеҳсоли ранг ва хокаи хушки бинокории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тиглат», дар ҳамин ҷо як иншооти соҳаи тандурустӣ, ду корхонаи саноатӣ ва 1 сардхонаро дар шаҳри Гулистон тариқи фосилавӣ ифтитоҳ карданд.
Бинои Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Гулистон баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд. Муассисаи мазкур бо 116 ҳуҷраи хидматрасониву ёрирасон аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҷдид шуда, бо шароити хуби кору хидматрасонӣ ба аҳолӣ пешкаш гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дар назар доштани воридоти дастгоҳҳои муосири соҳавӣ, ба масъулони Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Гулистон дастур доданд, ки истифодаи таҷҳизоти навро дуруст ба роҳ монда, сатҳи хидматрасонӣ ба аҳолиро боз ҳам баланд бардоранд.
Иншооти дигаре, ки ба ҳамин тариқ мавриди истифода қарор гирифт, ин корхонаи истеҳсоли газоблоки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Орзуи аъло» дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон буд.
Иқтидори корхона истеҳсоли 2000 дона газоблок дар як бастро ташкил дода, он ба пешвози шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкор Қаҳрамон Ҳамроқулов бунёд гардидааст. Дар корхона дар ду баст то 30 шаҳрванд бо кор таъмин мегардад.
Тариқи фосилавӣ дар шаҳри Гулистон, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, корхонаи замонавии парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Истиқлоли Гулистон» ифтитоҳ ёфт.
Корхона дорои имконияти парвариши 30 ҳазор сар мурғ буда, иқтидори истеҳсолии он 400 тонна гӯшти мурғ дар як солро ташкил медиҳад. Барои фаъолияти устувору муназзами ин корхона 12 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст. Дар корхона ду бинои асосӣ барои нигоҳубин ва парвариши паранда бунёд гардидааст, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар ҳар бино 15 ҳазор сар чӯҷа парвариш меёбад.
Ҳамчунин, дар ин рӯз Роҳбари давлат дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Товус» сардхонаи ҳозиразамонро тариқи фосилавӣ ба истифода доданд. Иншооти нав дар доираи ҳадафҳои саноатикунонии босуръат бунёд гардида, барои таъмини маҳсулоти ғизоӣ ва кам кардани талафоти маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳои фарох фароҳам меорад. Иншооти нав дорои иқтидори нигоҳдории 400 тонна маҳсулоти гӯштӣ ва 600 тонна меваю сабзавот буда, бо таҷҳизоти муосири нигоҳдории дарозмуддат муҷаҳҳаз шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдомҳои созандагӣ дар шаҳри Гулистон баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки соҳибкорони маҳаллӣ бобати истифодаи зарфиятҳои истеҳсолӣ бояд талоши бештар ба харҷ диҳанд.


Ба истифода додани коргоҳи маҳсулоти пластикӣ ва сардхона дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
20-уми ноябр дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чавроқ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Коргоҳ ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар раванди татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анвар Зафарзода бунёд шуда, дорои хатҳои муосири истеҳсолӣ мебошад.
Дар коргоҳ дар як рӯз бо коркарди қариб 2,5 тонна ашёи хом истеҳсоли 155 ҳазор адад маҳсулоти тайёри пластикӣ, ки дар шароити имрӯза барои рӯзгори аҳолӣ ва рушди соҳаи саноати кишвар зарурати бештар дорад, истеҳсол карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро барои бунёди чунин иншооти саноатӣ муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон супориш доданд, ки бештар ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Дуюмин иншооте, ки дар ҳамин ҳудуд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, сардхона барои нигоҳдории 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ки аз ҷониби муассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чавроқ» бунёд гардидааст. Ҳоло дар ин сардхонаи замонавӣ чор намуди ангур нигоҳдорӣ мешавад.
Дар сардхона дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили иншоотро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамоянд, насб шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид масъулонро вазифадор карданд, ки барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ аз имконияти чунин сардхонаҳои замонавӣ самаранок истифода бурда, давоми сол сабади истеъмолии шаҳрвандонро бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ғанӣ созанд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.
Гуфта шуд, ки дар давоми 10 моҳи соли равон деҳқонони вилояти Суғд 364 ҳазор тонна ғалладона, 743 ҳазору 600 тонна картошка, 651 ҳазору 500 тонна сабзавот, 161 ҳазору 800 тонна полизӣ ва 261 ҳазору 100 тонна мева истеҳсол намуда, ҳамчунин, таъминкунандаи бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас мегузоранд.


Ифтитоҳи фосилавии иншооти соҳаҳои саноат, маориф ва фарҳанг дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
20-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди“Чавроқ”, ҳамчунин, ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъиноти гуногунро, ки бо саҳми мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд.
Аввалин иншооте, ки ба тариқи маҷозӣ ба истифода дода шуд, корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хишти ором” дар деҳоти ба номи Дадобой Холматов мебошад, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст.
Дар ин корхона, ки 25 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардид, дар як шабонарӯз 100 ҳазор дона хишт истеҳсол мешавад. Дар корхона истеҳсоли хишт ба воситаи дастгоҳҳои муосир, аз ҷумла робот, сурат мегирад, ки меҳнати дастӣ кам ба назар мерасад.
Корхонаи истеҳсоли хишти сабуки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Бӯстон” бошад, дар мавзеи Рухаки деҳоти Ғозиён ба кор дароварда шуд.
Барои бунёду ба кор даровардани корхона 32 миллион сомонӣ харҷ гардида, бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир, ки, асосан, аз хориҷи кишвар оварда шудаанд, дар як сол истеҳсоли 72 ҳазор метри мукааб хишти сабук ё газоблок имкон дорад. Дар корхона 55 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Анко-Инвест”, ки аз ҷумлаи калонтарин ширкатҳои истеҳсолии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи чӯҷабарориро бунёд намуд. Дар давоми як сол корхона имкон дорад, 6 миллион сар чӯҷа барорад.
Зимни муаррифии имконияту иқтидорҳои истеҳсолӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар давоми 10 моҳи сипаришудаи соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 22 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси қариб 200 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд.
Дар ин рӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бинои таълимӣ, ошхона ва хобгоҳи Литсейи касбию техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки бо харҷи қариб 4 миллион сомонӣ навсозӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Таъмири пурра ва муҷаҳҳазсозии синфхонаю устохонаҳои таълимӣ ва дигар иншооти Литсей бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалӣ гардида, корҳои сохтмониро ширкатҳои ватанӣ иҷро намудаанд.
Дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз як кӯдакистони хусусӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Муассисаи таҳсилоти томактабии “Ахтарони меҳр” дар партави иқдомҳои созандаи Роҳбари давлат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида, барои таълиму тарбияи 360 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар ин Муассисаи таҳсилоти томактабӣ имконияти мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон муҳайё буда, барои бозиву фароғат низ шароити зарурӣ фароҳам мебошад.
Дар ин рӯз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба таври онлайнӣ кохи фарҳанги деҳоти ба номи Дадобой Холматовро, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин қасри зебою муҳташами дуошёна, аз толори барҳаво бо фарогирии 300 ҷойи нишаст, 5 синфхонаи таълимӣ барои тарбиятгирандагони филиали мактаби санъат, китобхона, хонаи ақди никоҳ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Дар ошёнаи дуюми иншоот бошад, барои маъмурияти Ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматов 8 ҳуҷраи корӣ ҷудо гардидааст.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар 6 иншооте, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода доданд, дар маҷмуъ, 230 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.


Ифтитоҳи се қитъаи роҳи мошингард
20-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой – Конибодом – Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз ва Кучкак – Конибодомро бо буридани лентаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Роҳи мошингарди Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз, Кучкак– Конибодом дар масофаи 52 км дар доираи Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, ки дар Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалӣ мешавад, бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ бо арзиши 56 миллион доллари ИМА бунёд гардид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар роҳи мошингарди Деҳмой – Конибодом 11 пули мошингузар, 17 истгоҳ, деворҳои оҳанубетонӣ, хатҳои барқ ва алоқа аз ҳар ду канори роҳ, пиёдароҳҳо аз тахтасанг, панҷараҳои ҳимоявии канори роҳ, иншооти ёрирасон бунёд ва аломатҳои роҳ насб гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки 8-уми октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони роҳи мошингарди Деҳмой – Конибодом оғози расмӣ бахшида, таъкид сохтанд, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд анҷом дода шаванд.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳи Деҳмой – Конибодомро сокинони вилояти Суғд бо самимияти афзун ва ифтихор аз созандагиву бунёдкориҳои Ватан самараи вазифагузориҳои Роҳбари давлат арзёбӣ намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар масири Деҳмой – Конибодом баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки, дар асоси дурнамои шоҳроҳҳои байналмилалии нақлиётӣ, Тоҷикистон бояд то соли 2030 ба кишвари транзитӣ табдил ёбад.
Расидан ба ин ҳадафи стратегии кишвар имкон медиҳад, ки дӯстию ҳамкорӣ, баланд бардоштани иқтисоди миллӣ, мубодилаи молу маҳсулот, густариши тиҷорат ва дар ниҳояти кор ободонии Ватан ва зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон таъмин шавад.
Ба иттилои масъулон, имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 13 миллиард сомонӣ мавриди амал қарор дорад. Лоиҳаҳое, ки дар самти роҳу нақлиёт татбиқ мегарданд, на танҳо ба сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди иқтисодиёт таъсири мусбат мегузоранд, балки нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари транзитӣ боло мебардоранд.


Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳо
20-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд.
Иншоот бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти Хадамоти хизматрасонии техникӣ, ки фаъолияташ ба хизматрасонӣ ва дастгирии техникии ҳавопаймоҳо вобаста мебошад, дар масоҳати 936 метри мураббаъ бунёд шуд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои қаблии Хадамоти хизматрасонии техникӣ, ки солҳои 50 – 60-уми асри гузашта сохта шуда буд, аз сабаби фарсуда гардидани инфрасохтор дигар ҷавобгӯйи талаботи замони муосир набуд.
Бинои нав дар минтақаи Хадамоти хизматрасонии рӯизаминӣ бунёд гардида, аз се ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи аввал мошинсарой бо имконияти ҷойгир намудани беш аз 20 нақлиёт бунёд шудааст. Бино 32 ҳуҷраи хизматӣ ва се синфхонаи омӯзишӣ низ дорад. Ҳамчунин, дар паҳлуи маҷмаа бинои мошинсаройи техникӣ бо масоҳати 864 метри мураббаъ сохта шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки маҷмааи нави хизматрасонии техникии парвозҳо бо мақсади мутобиқ намудани инфрасохтор ба меъёрҳо ва талаботи муосир ва баланд бардоштани сатҳи кори воҳидҳои сохторӣ бунёд гардидааст.

Санаи нашр: 20.11.2025 №: 223