ПАРЧАМЕ ДАР ОСМОНИ АДОЛАТ

24 ноябр 2025, Душанбе
4


Ифтихори парчамдорӣ – ифтихори ватандорист, ки тули садсолаҳо дар сиришти мо, дар хуни мо ҷараён дорад.
Биёед, ба ёд орем, нахустин қадамҳои худро Сарвари ҷавони кишвари навбунёди тоҷикон пас аз ироаи савганди сарварӣ ба кадом сӯ ниҳоданд? Ба сӯи Парчами давлатӣ. Бидуни ихтиёр пеши Парчами давлатӣ сари зону нишастанд, онро бибӯсиданду ба чашм молиданд. Яъне, эҳтироми Парчами давлатӣ ва арҷгузорӣ ба он ҳамеша дар вуҷуди як ҷавонмарди ин Ватан маҳфуз мондааст.
Имрӯз зери сиёсати сулҳпарваронаву башардӯстонаи Пешвои миллат муҳ-тарам Эмомалӣ Раҳмон ин парчам дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ, дар гӯшаҳои мухталифи дунё, дар ҷамъомадҳои сатҳи баланди байналмилалӣ паёми сулҳу осоиш мебарад ва чун рамзи халқи адабпарвару башардӯсти миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо сарфарозӣ мекунад.
Парчами миллии мо аз қадимтарин парчамҳои дунё ва миллати хуҷастаи мо аз куҳантарин парчамдорони дунёст. Метавон боифтихор гуфт, ки парчами аввалини мо рӯи дастони Коваи оҳангар аз ҷилди паланг бо пешбанди оҳангарии Коваи оҳангар ба номи адлу инсоф ва ҳимояи адолат боло гардидааст ва тули асрҳо рамзи озодиву адолати ориёнои бузург, рамзи бузурги давлатдории Каёниёну Сомониён ва дигар давлатдориҳои гузаштагони арҷманди мо будааст.
Оре, Парчами давлатӣ нишони фарҳанги дерини давлатдории мардуми мост, ки миллати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.
Поянда бод парчаме, ки бо номи адлу инсоф боло гардидааст ва рамзи сулҳу салоҳ бо худ мебарад.

Санаи нашр: 24.11.2025 №: 224